Заминшиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи имло using AWB
Сатри 15:
Бо таъсири илму фарҳанги Аҷам дар асрҳои 15-16 ба саҳнаи илми мамлакатҳои Аврупо олимони барҷаста баромаданд, ки ба пешравии илми заминшиносӣ сабаб шуданд. Асарҳои Агрекола (Геор Бауэр, 1494—1555) дар бораи сангҳову минералҳо ва тафовути онҳо, В. Гилберт (1600) оид ба магнетизм, тасаввуроти Р. Декарт (1596—1650) ва Г. Лейбнитс (1646—1716) дар бораи пайдоиш ва инкишофи Замин, ақидаҳои Фюкил дар бораи қабатҳои ҷинсҳо (сангҳо)-и таҳшин, ки бо ақидаҳои имрӯза хеле наздиканд, барои тавлиди илми заминшиносӣ ба маънои ҳозирааш заминаи боэътимод гардиданд. Вале бо вуҷуди дастовардҳои назарраси илмӣ оид ба омӯзиши ҷинсҳои кӯҳӣ ва минералҳо, пайдоиши конҳои ашёи минералӣ илми заминшиносӣ ба маъное, ки имрӯз дорад, вуҷуд надошт.
 
Истилоҳи «геология»-ро ба маънои имрӯзааш аввалин бор табиатшиноси норвегӣ М. П. Эшолт дар соли 1657 кор фармудааст. Заминшиносӣ ҳамчун соҳаи мустақили табиатшиносӣ дар миёнаи садаи XVIII ба вуҷуд омад. Дар инкишофи илми заминшиносӣ хидмати М. В. Ломоносов (РуссияРусия), А. Г. Вернер (Олмон), Ж. Кювэ ва А. Броняр (Фаронса), В. Смит (Англия) хеле бузург аст.
 
== Давраи шаклгирии бахшҳои асосии заминшиносӣ ==
Олимони аврупоӣ В. Смит (1769—1839), Ж. Ковэ (1789—1832) ва А. Бронян (1770—1847) бори аввал усули палеонтологӣ (деринашиносӣ), яъне, тавассути боқимондаҳои органикӣ муайянкунии мавқеи нисбии қабатҳои пайдоишоти таҳшин ва дунболагирии қабатҳоро дар фосилаҳои зиёд ҷорӣ намуда, ба тавлиди заминшиносии замонавӣ асос гузоштанд. Ин усул имкон дод, ки заминшиносии то андозае афсонавию натурфалсафии асрҳои 16-18 дар муддати кӯтоҳ ба илми Замин ва қишри онро бо усулҳои объективӣ омӯзанда табдил ёбад. Истифодабарии усули палеонтологӣ инчунин ба ташаккули шохаҳои гуногуни заминшиносӣ сабаб шуд. Дар натиҷаи истифодабарии ин усул дар чор даҳсолаи аввали садаи XVIII, ки онро «давраи тилоии таърихи геология» меноманд, асоси заминшиносии муосир — ''стратиграфия'' (чинашиносӣ)-и ҷинсҳои таҳшинии қишри Замин ва тарҳи асосии геохронологияи нисбӣ муайян карда шуд. Дар асоси усули палеонтологӣ ҷудо кардани қабатҳои стратиграфӣ пеш аз ҳама усули харитасозӣ (аксбардори)-и геологии ҷинсҳои таҳшиниро ба куллӣ тағйир дод. Ҳамин тавр, шохаи нави заминшиносӣ — ''харитасозии геологӣ'' арзи вуҷуд намуд. Дунболагирии қабатҳои ҳамсин инчунин нишон дод, ки онҳо баъзан ҳамвор хобида, дар мавридҳои дигар чиндор шуда, дар шакли антиклиналу синклиналҳо ҷой мегиранд. Омӯзиши хусусиятҳои мураккаби қабати ҷинсҳо, ноҷӯриҳову таваққуфҳои онҳо боиси пайдоиши бахши дигар ва муҳимми заминшиносӣ — ''тектоника'' (заминшиносии сохтмонӣ) гардид. Дунболгирии қабатҳои ҷудогонаи стратиграфӣ инчунин нишон дод, ки дар баъзе мавридҳо таркиби ҷинсҳои қабатҳо дар макон тағйир меёбад. Мас., қабате, ки дар як маҳал аз гил иборат аст, оҳиста-оҳиста таркиби худро тағйир дода, дар маҳалҳои дигар ба қабати оҳаксангӣ ё алевролитӣ табдил меёбад. Баъзан на танҳо таркиби литологӣ, балки хусусияти боқимондаҳои органикии дар ин қабат маҳфуз низ дигар мешавад. Омӯзиши таъсири шароити физикию ҷуғрофиёӣ ба таҳшинғуншавӣ якбора ба пайдоиши се равияи илми заминшиносӣ — ''фатсиология, палеогеография'' ва ''литология'' сабаб шуд. Дар ибтидои садаи XIX олимони Фаронса (Гаюи, Кордие, Кокан, Броняр ва дигарон), Олмон (Леонгард, Науман, Рот) ва РуссияРусия (Севергин, Соколов, Абих) дар ташаккули илми ''петрография'' (сангнигорӣ) саҳм гузоштанд. Соли 1801 аввал Р. Ж. Гаюи, баъд А. Броняр ва дигарон гурӯҳбандии ҷинсҳоро дар асоси таркиби кимиёӣ пешниҳод намуда, мафҳумҳои асосии ин илм — ҷинсҳо, ҷинсҳои магмавӣ, ҷинсҳои таҳшинӣ, ҷинсҳои дигаргуниро шарҳ доданд. Солҳои 1813-22 олимони олмонӣ Х. Вес ва Ф. Маос сохторҳо (сингонияҳо)-и кристаллографиро муқаррар намуданд. Дар РуссияРусия солҳои 1853-91 Н. И. Кошкаров беш аз 400 навъи минералро аз ҷиҳати минералогию кристаллографӣ шарҳ дод. У. Никол соли 1828 маншури қутбиши нури рӯшноиро ихтироъ намуд, ки дар асоси он баъдтар И. Неренберг асбоби оптикии қутбишро сохт. Дар натиҷаи такмили ин асбоб микроскопи қутбиш ба вуҷуд омад, ки ҳоло он муҳимтарин воситаи муайянкунанда ва омӯзиши хосиятҳои оптикии минералҳо, кристаллҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ (сангҳо) мебошад. Таълимоти О. Бравэ (1850) дар бораи панҷараи фазоии кристаллҳо ''кристаллография'' (булӯршиносӣ)-ро ба дараҷаи илми мустақил баровард. Муваффақиятҳои илмҳои кимиё, ''минералогия,'' кристаллография низ дар ин давра хеле назаррас буданд. Омӯзиши амиқи минералҳои алоҳида, хусусиятҳои сохти геологии ноҳияҳои ҷудогона, вусъати ҷустуҷӯю муайянкунии миқдори захираҳои ашёи минералӣ, зарурати рӯзафзун ба намудҳои гуногуни унсурҳои кимиёӣ, аҳаммияти амалӣ пайдо кардани омӯзиши равандҳои геологӣ ба пайдоиши соҳаҳои нави заминшиносӣ ва инкишофи шохаҳои пештар ташаккулёфтаи он сабаб шуд. Дар нимаи дуввуми садаи XIX ва ибтидои садаи XX доираи илмҳои ''ҳидрогеология, геологияи муҳандисӣ, геоморфология,'' вулканология (вулканшиносӣ), геологияи нафту газ, геологияи ангишт муайян гардид. Кашфи усули спектралии муайянкунии миқдори ками унсурҳои кимиёӣ дар таркиби ҷинсҳои кӯҳӣ аз тарафи заминшиносӣ Р. Кирхгоф ва Р. Бунзине (1859) ва системаи даврии унсурҳои кимиёӣ аз ҷониби Д. И. Менделеев (1869) ба ташакули илми геокимиё мусоидат намуд. То нимаи аввали садаи XX унсурҳои hi, Na, K, Be, Mg, Ca, Sr, Ba, B, Al, Si, Tm, U, V, Nb, Ta, Se, Br, J, Rh, Ru, Pd, Os, Ir, ha, Ce, Tb, Er кашф шуда буданд. Дар ибтидои садаи XX беш аз пеш ба омӯзиши масъалаҳои заминшиносии умумисайёравӣ, тартиб додани харитаҳои минтақавию тамомиарзии геологӣ, тектоникӣ, харитаҳои соҳавӣ, мувофиқкунонии нақшаву буришҳои геологии ноҳияҳои гуногун эҳтиёҷ пайдо шуд. Конгрессии байналмилалии геологӣ (КБГ) даъват карда шуд, ки минбаъд ҳамчун ташкилоти доимӣ ба расмият даромад ва ҳар чаҳор сол сессияи навбатии худро дар ин ё он мамлакат доир менамуд. Дар назди КБГ комиссияҳои гуногуни геологӣ (заминшиносӣ) аз стратиграфия то усулҳои таълими илмҳои заминшиносӣ ташкил карда шудааст. Ба мақсади ба низом даровардани фаъолияти ин ташкилотҳо дар муддати байни сессияҳои соли 1960 дар Сессияи 21-уми КБГ (Копенгаген) Иттиҳоди байналмилалии илмҳои геологӣ (ИБИГ) ташкил карда шуд, ки минбаъд бо КБГ тавъам сессия (ҷаласа) ба роҳ мемонад. Таҳти назорати КБГ аввалин нақшаҳо (харитаҳо)-и байналмилалӣ ва минтақавии геологӣ, тектоникӣ ва дигар нақшаҳои махсус тартиб дода шуданд ва масъалаҳои заминшиносӣ (заминшиноси)-и сайёравӣ ҳалли худро ёфтанд. Дар Сессияи 33-юми КБГ, ки соли 2008 дар Осло (Норвегия) баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 120-уми КБГ шуд.
 
= Давраи кунунии илми заминшиносӣ ва вазифаҳои асосии он =
Сатри 24:
 
== Пажуҳишҳои заминшинохтӣ дар Осиёи марказӣ ==
Таҳқиқоти геологӣ (ба маънои имрӯзааш) дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар садаи XIX, баъди ба РуссияРусия ҳамроҳ кардани қисми зиёди ин минтақа ва ташкили Генерал-губернатории Туркистон оғоз гардиданд. Ба таҳқиқоти нақшавӣ ва мунтазами геологӣ И. В. Мушкетов ибтидо гузошт. К. Т. Кауфман бо маблағи ҷудокардаи Генерал-губернатории Туркистон аз соли 1874 ба омӯзиши водии Сирдарё ва минтақаҳои атрофи он шурӯъ намуд. Соли 1976 И. В. Мушкетов таҳқиқотро дар водии Олой ва Помир идома ва ба чандин кони ашёи минералии маълум баҳо дода, дар водии Консой зуҳуроти сурбу нуқраро кашф намуд. Дар натиҷаи таҳқиқоти геологии ин давра заминшиносӣ Д. Романовский ва И. В. Мушкетов соли 1881 «Нақшаи геологии кишвари Туркистон»-ро тартиб доданд ва асари классикии И. В. Мушкетов «Туркистон — сохти геологӣ ва тасвири орографӣ» нашр шуд. Таҳқиқоти геологии Д. Л. Иванов дар Помир (1886), стратиграфии Я. С. Эделштейн дар Дарвоз (1907), асари В. Н. Вебер «Боигариҳои минералии Туркистон» ва «Нақшаи геологии Туркистон» (1925), ки В. Н. Вебер ва ҳамкоронаш тартиб дода буданд, барои омӯзиши ояндаи ин минтақа аҳаммияти бузург доштанд. Таҳқиқоти номбурда ва чанде дигар имкон доданд, ки пас аз Инқилоби Октябр Кумитаи геологияи ИҶШС аз рӯи нақшаи ҳукуматӣ ба омӯзиши захираҳои табиии Осиёи Миёна ва Тоҷикистон шурӯъ намояд. Соли 1926 асари Д. В. Наливкин «Очеркҳо оид ба геологияи Туркистон» ба нашр расид, ки дар он тамоми маълумоти то ин замон оид ба сохти геологии Осиёи Миёна ва Тоҷикистон мавҷуд ҷамъбаст карда шудааст. Соли 1927 М. С. Шветсов бори аввал фосфоритҳои Қаратоғро аз ҷиҳати илмӣ шарҳ дода, аҳаммияти омӯзиши онҳоро ба миён гузошт. Соли 1929 ҶШС Тоҷ. ташкил шуд. Бо хоҳиши Ҳукумати Тоҷикистон омӯзиши маҷмӯии сарватҳои табиии зеризаминии ҷумҳурӣ оғоз гардид. Геологҳои намоёни Иттиҳоди Шӯравӣ Б. Н. Наследов, А. В. Королёв, К. Л. Пожаритский, Ф. И. Волфсон, И. В. Дюгаев, Г. Д. Ажгирей барои омӯзиши яке аз гӯшаҳои умедбахши кишвар — Қаряи Мазор ҷалб карда шуданд. Онҳо ба конҳои то он замон маълум баҳо дода, чандин майдони маъданҳои нав (Консой, Зарнисор, Қӯруқсой)-ро кафш карданд. Ҳамин тавр, то соли 1930 дар минтақаи Қаряи Мазор қариб 300 зуҳурот ва конҳои гуногунтаркиб ба қайд гирифта, захираи барои он замон бузурги маъданҳои сурбу руҳ (1500000 т) тасдиқ карда шуданд. То соли 1931 конҳои Такелӣ, Консой ба истифода супорида шуда, дар конҳои Табошар, Адрасмон, Тариэкан, Саримсахли, Кукурҷилга корҳои геологӣ — иктишофӣ оғоз ёфтанд. Агар дар соли 1930 дар тамоми Қаряи Мазор ҳамагӣ ду пармачоҳ амал мекард, соли 1932 миқдори пармачоҳҳои геологӣ ба беш аз 100 расида буданд. Дар омӯзиши заминшиносии Қаряи Мазори Тоҷикистон олимони маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ — акад.-ҳо А. Е. Ферсман, Д. И. Шербаков ва дигарон вобаста шуда буданд. А. Е. Ферсман 10 майи 1932 дар Маҷлиси Кумитаи ҳизбии Хуҷанд масъалаи ташкил намудани институти махсусро оид ба омӯзиши масъалаҳои заминшиносии Қаряи Мазор ба миён гузошт. Соли 1932 бо қарори Шӯрои Комиссарони халқи ИҶШС ва Раёсати АИ ИҶШС экспедитсияи комплексии Тоҷикистон (баъд экспедитсияи Тоҷику Помир ном гирифт) ташкил карда шуд. Дар ҳайати он экспедитсия беш аз 700 нафар корманд, аз ҷумла 297 корманди илмӣ, фаъолият мекарданд. Экспедитсияро яке аз олимони маъруф ва ходими давлатии шӯравӣ акад. Н. П. Горбунов сарварӣ менамуд. Дар ҳайати ин экспедитсия акад.-ҳо Д. В. Наливкин, Г. П. Горшков, геологҳои номӣ А. П. Марковский, А. П. Недзветский ва дигарон кор мекарданд. Дар қатори омӯзиши масъалаҳои қувваҳои истеҳсолии Тоҷикистон, дар назди экспедитсия масъалаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ гузошта шуда буд. 4 феврали 1933 Қарори Шӯрои Комиссарони халқи ИҶШС «Дар бораи экспедитсияи Тоҷику Помир» ба тасвиб расид, ки аз таваҷҷуҳи Давлати Шӯравӣ ба ин масъала шаҳодат медод. Дар натиҷаи кори ин экспедитсия дар муддати кӯтоҳ чандин кони тило, флюорити оптикӣ, қалъагӣ, сурбу руҳ, филиззоти нодир, маъданҳои радиоактив, ангиштсанг, нафту газ, обҳои гарму минералӣ, сангҳои гаронбаҳо кашф карда шуданд. Харитаҳои гуногунмиқёсу гуногунмазмун, садҳо ҷилд асарҳои ба заминшиносии Тоҷикистон бахшидашуда нашр гардиданд, муҳимтарин масъалаҳои стратиграфия, тектоника, вулканология, металлогения ҳалли худро ёфтанд. Соли 1931 истихроҷи кони полиметаллии Консой сар шуд, баъдтар Комб. Такелий ба кор даромада, конҳои полиметаллии Хунуксой, Торикон ва ғ. барои истифода омода карда шуданд. Соли 1935 дар кони Табошар корхонаи коркарди уран (3-ди «В») ба кор шурӯъ кард. Соли 1943 дар заминаи он сохтмони Комб. № 6 дар ш. Чкалов оғоз шуд, ки он то охири ҶБВ (1941-45) маҳсулоти аввалини худро баровард. «Харитаи геологии қисми шарқии Осиёи Миёна», ки соли 1937 А. П. Марковский, П. К. Лихачёв ва дигарон тартиб доданд, асарҳои Б. Н. Наследов оид ба заминшиносии Қаряи Мазор ва даҳҳо ҷилд асарҳои ба заминшиносии Тоҷикистон бахшидаи аъзои эспедитсияи Тоҷику Помир аз ҷумлаи корҳои шоёни ин давра буданд. Дар рафти таҳқиқоти геологии ин давра як зумра мутахассисони бомаҳорат ба камол расиданд ва барои ташкил кардани аввалин муассисаҳои геологӣ дар Тоҷикистон имкон муҳайё шуд. Соли 1938 тамоми қувваҳои истеҳсолию илмии заминшиносии ҷумҳурӣ муттаҳид ва Сарраёсати геологияи Тоҷикистон (ҳоло Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ташкил карда шуд, ки вазифаи идома додани омӯзиши ҳаматарафаи заминшиносии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС, ки соли 1932 ташкил шуда буд бахш (сектор)-и геология дошт, ки дар заминаи он соли 1941 Филиали АИ ИҶШС ва дар ҳайати он Институти геологияи Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар ин давра бо заҳмату кӯшиши як зумра мутахассисони болаёқат ва ташкилкунандагони истеҳсолот С. Б. Эргашев, М. Ҳ. Ҳомидов, С. М. Юсуфова, Р. Б. Баротов, М. Р. Ҷалилов, А. И. Грабченко, Д. З. Гечечеладзе, А. М. Бакланов, К. А. Барсуков, В. И. Верхов, А. В. Степаненко, С. Я. Сушенсова, В. А. Автономов, В. И. Зуев, Ю. А. Дяков, А. Б. Зайнуков, В. В. Шишкин, А. О. Орифов, М. Ҷ. Ҷанобилов, О. К. Чедия, С. М. Бобохоҷаев, А. И. Лаврусевич, М. Ҳ. Ишонов, М. Х. Халилов, Ҳ. М. Юсуфов, А. Р. Файзиев, В. Ҷ. Дӯстматов, Т. Ш. Шарифбоев, И. С. Қосимов, Э. З. Тоҳиров, М. Т. Тоҷикебов, А. С. Ниёзов, Ю. М. Мамадҷонов, З. Ё. Ёров, Б. Холмуродов, У. Олимов, М. Б. Акрамов, Ғ. Т. Тоҷибеков, Ш. Бахтибеков, З. С. Худойбердиев, Н. М. Чуршина, А. А. Кашин, Ҳ. Розиқов, М. Ю. Абдуллоев, Ҷ. Ҷ. Бузруков, М. М. Мамадвафоев ва дигарон бисёр корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Кормандони экспедитсияҳои Саридораи геология ва дигар муассисаҳои геологияи Тоҷикистон зиёда аз 600 кони дорои беш аз 50 намуди ашёи минералиро кашф намуданд. Ташкил ёфтани УДТ (ҳоло ДМТ) ва факултаи геологияи он барои тарбияи мутахассисони соҳаи заминшиносӣ дар ҷумҳурӣ аҳаммияти бузург дошт. Устодон ва шогирдони ин донишгоҳ дар омӯхтани сохти геологии Тоҷикистон, кашфи бисёр конҳои ашёи минералии фоиданок саҳм гузоштанд. Дар даврони шӯравӣ қариб дар ҳамаи соҳаҳои илми заминшиносӣ — магматизм, заминшиносии конҳои ашёи фоиданоки минералӣ, стратиграфия, палеонтология, литология, минералогия, геокимиё, тектоника, ҳидрогеология, заминшиносии муҳандисӣ, геоморфология, заминшиносии нафту газ таҳқиқоти илмӣ оғоз шуда, дар ҷараёни ин корҳо мутахассисони баландихтисоси миллӣ ба камол расиданд. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ба ҳам пайвасти илми заминшиносии шӯравӣ низ, ки аз рӯи нақшаи ягона фаъолият менамуд, ба душвориҳои ҷиддӣ дучор шуд, аксарияти мутахассисони соҳаи заминшиносӣ Тоҷикистонро тарк намуданд, фаъолияти бисёр муассисаҳои соҳаи заминшиносӣ қатъ гардид.
 
Дар солҳои истиқлол корҳои геологӣ — иктишофӣ дар ҷумҳурӣ аз нав эҳё гардида, робитаҳои кории геологҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ густариш ёфт. Бо ҳамкории ширкатҳои Хитой дар ноҳияи Панҷакент конҳои тилои Таррор ва Ҷилав, дар ноҳияи Ашт кони сурбу руҳи Зарнисор (собиқ Олтинтопкан), бо ширкати Қазоқистон кони сурбу руҳи Адрасмон, бо ширкати амрикоӣ кони симобу сурмаи Ҷиҷикрӯд ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар минтақаи Кӯлоб конҳои газ иктишоф ва ба истифода дода шуданд. Истихроҷи ангишт дар конҳои Назарайлоқ (ноҳияи Рашт), Шӯроб (Исфара), Фон-Яғноб (ноҳияи Айнӣ), Зиддӣ, Киштуд, Заврон, Моғиён, Миёнаду, Рағнов, конҳои мармари Тилогули Панҷакент, Даштаки Дарвоз, Харангон ва даҳҳо кони масолеҳи сохтмон ташкил карда шуд. Иктишофи кони газ дар Тошқутани ноҳияи Шаҳринав (бо ширкати «Газпром»-и РуссияРусия), кони тилои Покруд (Ромит), кони қалъагии Мушистон (Панҷакент), истихроҷи конҳои хурди тило дар Қаряи Мазор (корхонаи «Апрелевка») идома дорад. Фаъолияти озмоишгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор гардида, бо ёрии Созмони заминшиносӣ ва инкишофи маъдани ҶИЭ дар Маркази миллии додаҳои илмҳои заминшиносии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон рақамикунонии харитаҳову ахбори геологӣ, ҳисобу китоби захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок тавассути барномаҳои навини компютерӣ ташкил карда шудааст. Нашри китобу маҷаллаҳо оид ба соҳаи заминшиносӣ сол аз сол зиёд мегардад. Имрӯз дар Тоҷикистон ба омӯзиши масъалаҳои заминшиносӣ мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи геология ва сейсмологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултаҳои геологияи ДМТ ва донишгоҳҳои дигар, чандин экспедитсияи геологӣ машғуланд. Маҷаллаи махсус бо номи «Ахбори Академияи илмҳои геология» ва газетаи «Ганҷ» (нашрияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) мунтазам нашр мешаванд.
 
== Эзоҳ ==