Варзиши сабук: Тафовут байни таҳрирҳо

4 байт хориҷ карда шуд ,  1 сол пеш
х
ислоҳи имло using AWB
х (ислоҳи имло using AWB)
 
Таърихи Варзиши сабук аз мусобиқаҳои давидан дар бозиҳои олимпии Юнони Қадим (соли 776 пеш аз милод) шурӯъ мешавад. Таърихи Варзиши сабуки муосир аз мусобиқаи давидан ба масофаи 2 км, ки муҳассилини коллеҷи шаҳри Регбии Англия соли 1837 ташкил намуданд, ибтидо мегирад. Баъд аз ин чунин мусобиқаҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ доир мегардиданд. Дертар ба барномаи мусобиқа давидан бо монеаҳо, партофтани ашёи вазнин, аз соли 1851 ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ бо дав дохил карда шуданд. Соли 1864 байни донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ нахустин мусобиқаҳои Варзиши сабук баргузор гаштанд, ки минбаъд ба мусобиқаҳои дуҷонибаи анъанавии ҳарсола табдил ёфтанд. Соли 1865 Клуби варзиши сабуки Лондон ва соли 1880 мақоми олии Варзиши сабук – Ассотсиатсияи дӯстдорони варзиши сабук ташкил карда шуд. Варзиши сабук дар ИМА аз соли 1868 инкишоф ёфта, ба зудӣ дар донишгоҳҳо васеъ паҳн шуд ва ин замина муҳайё кард, ки варзишгарони амрикоӣ дар солҳои баъдӣ (то соли 1952) дар ҷаҳон мавқеи пешбарро ишғол намоянд. Солҳои 1880–1990 дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ассотсиатсияҳои дӯстдорони Варзиши сабук ташкил карда шуд, ки клубҳои алоҳида, лига ва мақомоти олии ҳуқуқпайдокарда оид ба Варзиши сабукро муттаҳид мекарданд. Инкишофи Варзиши сабуки муосир ба аз нав эҳё гардидани Бозиҳои олимпӣ (1896) алоқаманд аст. Имрӯз Бозиҳои олимпӣ омили тавоное барои рушди Варзиши сабук дар ҷаҳон мебошанд.
 
Нухустин чемпионати РуссияРусия оид ба Варзиши сабук соли 1908 доир шуд, ки дар он 58 варзишгар иштирок намуданд. Соли 1911 Иттиҳоди умумироссиягии дӯстдорони варзиши сабук ташкил карда шуд, ки 20 лигаи варзиши Петербург, Маскав, Киев, Рига ва дигар шаҳрҳоро муттаҳид мекард. Дар даврони шӯравӣ Варзиши сабук дар Иттиҳоди Шӯравӣ инкишоф ёфт. Варзишгарони шӯравӣ дар бисёр мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон ва ҷойҳои намоён гаштанд.
 
== Мақоми олии роҳбарикунанда ==
 
== Мусобиқаҳо ==
Мусобиқаҳо оид ба ҳама намудҳои Варзиши сабук, ғайр аз марафон, гашти варзишӣ ва бисёрҳарба, якчанд давраро дар бар мегиранд: муайянкунӣ, 1/4-финалӣ, 1/2-финалӣ. Дар натиҷаи интихоб варзишгароне (дастаҳое), ки дар давраи ниҳоӣ (финал) бозӣ мекунанд, муайян карда мешаванд. Шумораи иштироккунандагон аз рӯйи низомномаи мусобиқа муайян карда мешавад. Масалан, дар Бозиҳои олимпӣ дар ҳар қисми барнома мамлакатро метавонад камаш як ё се варзишгар (дар сурати иҷро намудани меъёри пешакӣ) ва дар пойгаи эстафетавӣ як даста муаррифӣ намояд. Дар барномаи Бозиҳои олимпӣ барои мардон 24 ва барои занон 23 намуди Варзиши сабук дохил карда шудааст. Барномаи чемпионатҳо дар толорҳои варзиш аз 26 намуд (13 намуди мардона ва 13 намуди занона) иборат аст. Дар мусобиқаҳои расмӣ мардон ва занон якҷо ҳунарнамоӣ намекунанд. Варзиши сабук ҳамчун намуди варзиш дар ИМА, РуссияРусия, ҶФО, Британияи Кабир, Кения, Эфиопия инкишоф ёфтааст.
 
== Варзиши сабук дар Тоҷикистон ==