Газ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Сарчашма: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 28:
Конҳои гази Тоҷикистон дар қисми шимол (водии Фарғона – дар мавзеъҳои Работ, Айритон, Маданият) ва ҷануби ҷумҳурӣ (вилояти Хатлон – навоҳии Вахш, Балҷувон, Кӯлоб ва водии Ҳисор) мавҷуданд. Дар ин минтақаҳо газ асосан дар шакли моеъ (конденсат) дар конҳои нафт дучор меояд. Конҳои гази Тоҷикистон дар қабатҳои рег ва оҳаки давраҳои палеоген ва табошир дар умқи 1500–7000 м ҷойгир мебошанд. Ғафсии қабати газ 28–35 м аст. Тақр. 93 дарсади газҳои ҷумҳурӣ аз метан иборат буда, миқдори гидрогенсулфид (H<sub>2</sub>S) хеле кам аст. Газҳое, ки феълан мавриди истифода қарор доранд аз умқи 650–3000 м истихроҷ мешаванд.
 
Дар Тоҷикистон аввалин кони газ соли 1964 ба истифода дода шудааст (кони Қизилтумшуқ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ). Таркиби он аз 85,6% метан ва 0,28% гидрогенсулфид иборат аст. Солҳои баъдӣ истихроҷи газ дар 36 чоҳи нав ҷорӣ шуд. Таҳқиқҳои геологӣ собит намуданд, ки дар Тоҷикистон захираи бузурги газ ва нафт мавҷуд аст. Бино ба маълумоти ширкати Tethys Petroleum (Канада) захираи гази Тоҷикистон 27,5 млрд баррел буда, 69 дарсади он газ ва 31 дарсад омехтаи нафту гази моеъ мебошад. Ширкати «Газпром»-и Федератсияи РуссияРусия дар мавзеи Сариқамиш (50 км ғарбтари шаҳри Душанбе) чоҳи умқаш 6300 м-ро кофта истодааст, ки захираи гази он 60 млрд м<sup>3</sup>-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин истихроҷи гази кони Шамбарӣ низ дар назар аст.
 
== Корбурди санъатӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Газ"