Созмони ҳамкории Шанхай: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Сохтори созмон: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎"Панҷгонаи Шанхай": ислоҳи имло using AWB
Сатри 1:
'''Созмони ҳамкории Шанхай''' — созмонест байниҳукуматии доимамалкунандаи чандҷониба дар соҳаҳои иқтисод, амният ва фарҳанг, ки бар асоси оинномавии Созмон, ки [[7 июн]]и [[соли 2002]] қабулшуда фаъолият мекунад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ русӣ ва хитоӣ ба ҳисоб мераванд.
=="Панҷгонаи Шанхай" ==
[[26 апрел]]и [[соли 1996]] бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони [[Чин]], [[РуссияРусия]], [[Қазоқистон]], [[Тоҷикистон]] ва [[Қирғизистон]] '''''"Панҷгонаи Шанхай"''''' ба вуҷуд омад ва ба таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай асос гузошта шуд. Тибқи муоҳидаи давлатҳои аъзои "Панҷгонаи Шанхай" – Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳо дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо баргузор мегардид. Тавре, ки қайд гардид, мулоқоти сарони кишварҳо аввалин бор 26 апрели соли 1996 дар шаҳри [[Шанхай]], маротибаи дуюм 24 апрели соли 1997 дар шаҳри [[Маскав]], маротибаи сеюм 3 июли соли 1998 дар Алма-ато, маротибаи чорум 24 - 26 августи соли 1999 дар шаҳри [[Бишкек]] доир гардид. Дар ин давра кишварҳои аъзо ба ҳалли проблемаҳои манотиқи сарҳади муваффақ гардида, бо истифода аз ин шарокату ҳамоиш дар доираи "Панҷгонаи Шанхай" густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфиди сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро амри зарурӣ маънидод мекарданд. Мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви "Панҷгонаи Шанхай" 5 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
==Созмони ҳамкории Шанхай==
[[15 июн]]и [[соли 2001]] дар [[Шанхай]] вохӯрии Сарони давлатҳо баргузор шуд ва дар он изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба «Панҷгонаи Шанхай» қабул гардида, Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид.