Сотим Улуғзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: clean up using AWB
х ислоҳи имло using AWB
Сатри 7:
|номи пурра =
|тахаллусҳо =
|таърихи таваллуд = 2.09.1911
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|вилояти Фарғона}}, [[Империяи Русия]] (ҳоз. [[вилояти Намангон]], [[Ҷумҳурии Ӯзбекистон]])
|таърихи даргузашт = 25.06.1997
Сатри 30:
 
== Зиндагинома ==
Сотим Улуғзода [[2 сентябр]]и соли [[1911]] дар [[деҳа]]и Варзики ноҳияи Чуст (вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон) дар оилаи [[деҳқон]] ба дунё омадааст. [[Волидон]]и Сотимхон аз табақаи кишоварзони камбизоат, вале соҳибдил буданд. Модараш зани босавод буда, гоҳе машқи шеър мекардааст. Сотимхон дар сини нӯҳсолагӣ аз модар ва дар даҳсолагӣ аз падар бенасиб мемонад. Баъдан вай дар мактаби усули нав, ки дар Чуст ташкил шуда буд, ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Соли 1925 ба сафи донишҷӯёни Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри [[Тошканд]] пазируфта шуда, соли 1932 онро хатм мекунад ва як сол дар ҳамин муассисаи таълимӣ ба касби муаллимӣ машғул мешавад. Чор соли таҳсил ва як соли фаъолияти муаллимӣ дар Дорулмуаллимин дар ташаккули шахсият ба ҳисси худшиносии Сотимхон мусоидат менамоянд. Ӯ дар ин муддат ба эҷодиёти Рӯдакиву Фирдавсӣ ва дигар шоҳсутунҳои адабиёти ҳазорсолаи тоҷик шинос мешавад, ба Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад, Абдурауф Фитрат барин шахсиятҳои фарҳангии тоҷик вомехурад ва аз забони рус М. С. Андреев пандеро ба маънои «халқи худро шинос» ба гӯш мегирад. Ҳамчунин, дар солҳои дар Дорулмуаллимини Тошканд таҳсил карданаш Сотим Улуғзода ба донишҷӯйи факултети шарқшиносии университети осиёи миёна Клавдия Блоговешенская дӯстӣ пайдо намуда, баъдҳо ба ӯ издивоҷ намуд, ва онҳо соҳиби ду фарзанд — Азиз ва Норахон гардиданд. Сотим Улуғзода соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон — [[Сталинобод]] омада, дар идораи рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (ҳоло «Садои Шарқ») фаъолият мекунад. Солҳои 1934—1937 вазифаи котиби масъули раёсати [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]ро ба ӯҳдауҳда дошт. Фаъолиятӣ Сотим Улуғзода водор менамуд, ки ба шаҳру ноҳия ва деҳот сафарҳо карда, зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар омӯзад дар айни ҳол дар ниҳоди ӯ шавқу рағбати тадқиқи таърихи адабиёти тоҷик торафт меафзояд. Ин аст, ки соли 1940 ба аспирантураи Инситути адабиёти ҷаҳонии Москва дохил гардида ҷиддан ба фаъолияти илмӣ мепардозад. Соли 1941 баробари оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945 Сотим Улуғзода ба сафаи Қувваҳои Мусуллаҳ ҷалб мешавад ва то соли 1944 дар рӯзномае, ки ба фронти ғарбӣ тааллуқ дошт, фаъолият менамояд. Адиб соли 1944 аз сафи артиш ба ақибгоҳ даъват мешавад ва то соли 1946 вазифаи раиси [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]ро ӯҳдауҳда мекунад. Нависанда аз соли 1946 то охири умр танҳо ба корӣ эҷодӣ шуғл меварзад. Сотим Улуғзода баъди солҳои 50-ум ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Писараш Азиз ки хатмкардаи Университети давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов буду он ҷо ба сифати омӯзгор фаъолият дошт, соли 1967 ҳангоми сафари расмӣ ба [[Ҳиндустон]] аз сафоратхонаи Британияи Кабир паноҳгоҳи сиёсӣ хоста ба хориҷа муҳоҷират намуд. Баъди ин ҳодиса Сотим Улуғзода ба таъқиби сахти Ҳукумати Шӯравӣ гирифтор гардид. Нависандаро аз сафи ҳизби коммунистӣ (КПСС) ронданд, чоп ва тадриси асарҳояш боздошта шуд. Аз нимаи дуввуми солҳои 80-ум сар карда, вазъи сиёсии мамлакат тағйир ёфт ва Сотим Улуғзода дар ҷодаи адабиёти тоҷик аз нав мавқеи муносиб пайдо намуд. Дар арафаи аз байн рафтани [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] адиб бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардид. Нависанда соли 1992 шаҳри Москваро истиқоматгоҳи поёни умр қарор дод. Соли 1997 романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода ба сифати «Романи сол»-и Ҷумҳурии исломии [[Эрон]] пазируфта шуда, нависанда ба баҳои чиҳил сиҳӣ сиккаи тило (баробари чаҳор ҳазор доллари амрикои) сазовор гардид. Ин охирин мукофоте буд, ки соҳибашро дарёфт намуд. [[Нависандаи халқии Тоҷикистон]] ва Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Сотим Улуғзода [[25 июн]]и [[соли 1997]] дар шаҳри [[Москва]] алоқамандону мухлисонашро абадӣ падруд гуфт. Бо амри Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади адиб ба [[Душанбе]] оварда шуд ва чанд соат сокинони пойтахт тавонистанд, ки дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо нависанда маъруфи Тоҷикистон видоъ намоянд. Манзили ҳамешагии Сотим Улуғзода дар мазори [[Боғи Лучоб|боғӣ Лучоб]] қарор гирифт.
 
== Эҷодиёт ==
Сатри 42:
 
== Насри бадеии Улуғзода ==
Дар эҷодиёти Сотим Улуғзода насри бадеӣ асосан баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеъ пайдо мекунад. Дар очерку ҳикояҳои «Атака» (1944), «Бибӣ» (1946), «Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ» (1950), «Қаҳрамони Днестр, Висла ва Одер» (1967) воқеаҳои даврони шуравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Воқеаи ҳикояи «Марги Ҳофиз» (1972) бошад, дар Ҳиндустон рӯй медиҳад. Падар — Ҳофизи бузург фарзанди хинашро мекушад ва баъдтар худро низ ҳалок месозад. Моҷарои падару писар ва ҳифзи ватан аз мавзӯъҳои қадимии адабиётӣ ҷаҳон мебошад, ки дар ҳикояи «Марги ҳофиз» тамоман ба таври нав тасвир ёфтааст. Нахустин асари калонҳаҷми Сотим Улуғзода дар соҳаи насри бадеӣ қиссаи «Ёрони боҳиммат» (1947) мебошад, ки ба воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иртибот дорад. Дар асар образҳои Зайнаб, Ҷӯрабек ва Ориф мавқеъ доранд. Зайнаб аз майдони ҷанг «Хати сиёҳ» мегирад, ки шавҳараш Ҷӯрабек дар мухориба қаҳрамонона ҳалок гардида аст. Ӯ баъди як соли мотам ба хотири аз гапу калочаҳои мардум раҳоӣ ёфтан ба Ориф Каримов ном муҳандис издивоҷ мекунад. Вале дере нагузашта аз шифохонаи шаҳри Тошканд мактуби Ҷӯрабек ба дасти вай мерасад. Лаҳзаи ҳассоси асар он аст, ки Зайнаб ду шавҳари қонунӣ дорад ва интихоб дар ихтиёри ин зани дар ҳолати парешонӣ қарор дошта мебошад. Зайнаб баъди андеша ва муҳокимаҳои зиёди мантиқиву ахлоқӣ шавҳари аввалашро интихоб кард, дар беморхона мегӯяд: «Ман Ҷӯрабекро гирифта мебарам». Зайнаб бо ин сухан масъулияти азимеро дар зиндагӣ ба ӯҳдауҳда гирифт, то ки Ҷӯрабеки аз пову даст маҳрум гаштаро наҷот бидиҳад ва ӯро ба ҷодаи зиндагӣ раҳсипор созад. Аввалин романи Сотим Улуғзода «Навобод» (1953) мебошад, ки он ба масъалаҳои муттаҳидкунии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ободонии деҳоти Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ бахшида шудааст. Ин асар дар таърихи адабиётӣ давраи нави тоҷик мавқеи муайян дорад. Асарҳои насрии «Восеъ» (1967), «Ривояти суғдӣ» (1975), «Достонҳои „Шоҳнома“» (1976, 1977), «Фирдавсӣ» (1985) ба мавзӯъҳои таърихӣ бахшида шудаанд. Дар эҷодиёти Сотим Улуғзода охирин асари калонҳаҷми ӯ — «Фирдавсӣ» мавқеи босазо дорад. «Фирдавсӣ» романи муҳташам буда, мавзӯъ ва масъалаҳои зиёди ватанпарастиву хештаншиносиро дар бар мегирад. Нависанда дар маркази сужети роман нақши Ҳаким Фирдавсиро гузошта, ӯро ба сифати шоири ҳақҷӯ, ростгӯ, ватанпараст, додхоҳ ва олиҳиммат тасвир менамояд. Дигар образҳои асар аз ҷумла Фотимабону (ҳамсари Фирдавсӣ), Манижа ва Ҳушанг (фарзандони Фирдавсӣ) Абӯ Дулаф, Муҳаммад лашкарӣ, Ҳусайн қутайб, Салоҳиддини дуредгар, Унсурии шоир дар такмили образи асосӣ саҳм гирифтаанд. Адиб бо эҷоди «Фирдавсӣ» дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик як навъи тозаи романнависиро кашф намуд.
 
== Намунаи осор ==