Алоуддин Баҳоуддинов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х →‎Зиндагинома: ислоҳи имло using AWB
Сатри 29:
 
== Зиндагинома ==
Алоуддин Баҳоуддинов соли 1931 Академияи омӯзгории шаҳри Самарқандро тамом карда, таҳсилро солҳои 1931—1934 дар аспирантураи академияи мазкур давом дод. Дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Самарқанд кори илмӣ мебурд. Солҳои 1928—1930 муаллими Академияи омӯзгории шаҳри Самарқанд, 1931—1934 дотсенти кафедраи психологияи академияи мазкур буд. Соли 1934 ӯ вазифаи муовини раиси Шӯрои Комисарони халқии ҶШС Тоҷикистонро ба ӯҳдауҳда дошт. Солҳои 1941—1945 дар [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] иштирок намудааст. Солҳои 1946—1950 дар Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 1936—1940 ва 1946—1951 дар [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко]] дарс дода, солҳои 1951—1959 мудири Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон ва дар як вақт солҳои 1955—1962 вазифаи мудири кафедраи фалсафаи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин]]ро ба ӯҳдауҳда дошт. Солҳои 1961—1970 Алоуддин Баҳоуддинов директори Институти ҳизбии назди КМ [[Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон]] ва филиали Институти марксизм-ленинизми назди КМ ҲКИШ буд. Ҳамзамон соли 1957 дар мактаби олии ҳизбии назди КМ Ҳизби меҳнаткашони Виетнам материализми диалектикӣ ва таърихиро дарс додааст.
== Фаъолияти илмӣ ==
Алоуддин Баҳоуддинов барои тадқиқоти илмии «Ақидаҳои фалсафии Ибни Сино» ба унвони номзади илми фалсафа (1948) ва барои рисолаи илмии «Аз таърихи афкори ҷамъиятӣ ва сиёсии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX» ба унвони доктори илми фалсафа (1951) мушарраф шудааст. Асарҳои асосии ӯ ба таърихи фалсафа ва афкори ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷик бахшида шудаанд. Муаллифи асари «Доир ба масъалаи муттаҳидии миллати тоҷик» (1957), «Очеркҳои таърихи фалсафаи тоҷик» (1961). Яке аз муаллифони «Очеркҳои таърихи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон» (Душанбе, 1964, 1969) ва «Таърихи ташкилотҳои коммунистии Осиёи Миёна» (Тошкент, 1967). Тарҷума ва нашри асари Ибни Сино «Донишнома» ба забони русӣ саҳми босазои ӯст. Дар илм ӯ доир ба таҳлили ақидаҳои фалсафа ва иҷтимоии мутафаккирон [[Ибни Рушд]], [[Ибни Боҷа]], [[Ибни Халдун]], инчунин фалсафаи ихвонуссафо асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Тадқ. фалсафа ва афкори ҷамъиятӣ ва сиёсии халқи тоҷик дар асрҳои XIX—XX, ақоиди фалсафи-иҷтимоиӣ асосгузори маорифпарварӣ [[Аҳмади Дониш]], ҳамзамонон ва паӣравони ӯ — Шоҳин, Асирӣ, Сиддиқӣ, Айнӣ ва диг.