Боқӣ Раҳимзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Зиндагинома: ислоҳи имло using AWB
Сатри 37:
Боқӣ Раҳимзода [[15 май]]и соли [[1910]] дар Сорбоғ, ки яке аз деҳаҳои зеботарини [[Ноҳияи Рашт|ноҳияи Ғарм]] ба ҳисоб меравад, таваллуд ёфтааст. Дар давраи кӯдакӣ бо амри такдир падари ӯ вафот кард. Баъди марги падараш, Боқӣ муддате дар хонаи амакҳояш — Миразизу Мирзораҳим умр ба сар бурда, бо ёрии онҳо ӯ дар мактаби кӯҳнаи деҳаашон cавод гирифтааст. Боқӣ Раҳимзода, ки худ табиатан бачаи зираку донишҷӯ буд, дар муддати ниҳоят кӯтоҳ асосҳои саводи мактаби кӯҳнаро аз худ намуд. Вай аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ рағбати зиёд дошт, девони ғазалиёти Саъдию Ҳофизро пайваста меомӯхт.
Баъди ташкил шудани мактабҳои шӯроӣ, ӯ аз ҷумлаи нахустин шогирдони болаёқати он мактаб буд. Боқӣ Раҳимзода аввал Техникуми педагогии шаҳри Самарқанд ([[1931]]), баъдтар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд(1938) ва ниҳоят Институти омӯзгории шаҳри Душанберо ([[1941]]) бо баҳои аъло хатм намуд. Шавқи шеър барвақт дар қалби ӯ ҷой гирифта буд, аввалин шеърҳои солҳои 30-юм дар саҳифаи рӯзнома ва маҷаллахо чоп шуданд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанист. Аз соли 1948 мушовири ҷавонони эҷодкори ИН Тоҷикистон будааст ва дар ин ҷабҳа корҳои шоёнеро ба сомон расондааст.
Шеърҳои аввалинаш аз охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Боқӣ Раҳимзода дар баробари шоири ҳақиқӣ будан, инсони бузург ва тарбиятгари шоирони ҷавон буд. Аз соли 1948 то охири ҳаёташ мушовири Иттифоки нависандагони Тоҷикистонро дар ӯҳдауҳда дошт. Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон аст.