Юсуф Исҳоқӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайвандҳо: clean up using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи имло using AWB
Сатри 35:
Табиби ҳозиқ Ю. Б. Исҳоқӣ соли 1962 ба Арабистони Саудӣ, Миср, Лубнон ҳамчун пизишк (духтур) ба ҳоҷиён сарварӣ кардааст.
Барои давом додани кори илмии худ солҳои 1964—1968 докторант, ходими калони илмӣ дар шаҳри Маскав, дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гӯшу гулӯ ва бинӣ фаъолият бурдааст. Ӯ соли 1968 дар мавзӯъи «Кистаи роҳҳои болои нафас» — рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Вакил ва маърӯзачӣ дар анҷумани VI оториноларингологҳо дар шаҳри Ереван иштирок намуда, аъзои Садорати Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳо интихоб гашт. Ӯ солҳои 1968—1969 вазифаи дотсенти кафедраи оториноларингология, солҳои 1969—1973 вазифаи ноибректори оид ба қисми таълимии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бомуваффақият иҷро намудааст. Барои натиҷаҳои корҳои илмиву тадрисӣ соли 1970 унвони илмии профессории ӯ тасдиқ карда шуд ва бо медали «Барои меҳнати шараф» мукофотонида шуд.
Ҳамчун олими варзидаи тиб соли 1977 дар Ҳиндустон ва Сейлон бо олимони ЛОРи СССР ба конфронси байналмилалӣ ҳамчун вакил иштирок кард. Соли 1973 ӯ ректори [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино|ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино]] таъйин шуд. Дар асоси озмун ба вазифаи мудири кафедраи оториноларингологияи ин донишкада интихоб шуда, солҳои 1987—1996 ин вазифаро ба ӯҳдауҳда дошт.
 
== Фаъолияти илмӣ ==