Имороти Муттаҳидаи Арабӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Маориф: ислоҳи имло using AWB
Сатри 96:
 
== Маориф ==
Таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ройгон ва то синфи 9 аст. Масъалаи ҷалби духтарон ба таҳсил даҳсолаи охир ба сатҳи зарурӣ расидааст. Солҳои охир дар таълим усулҳои пешқадам, методикаи таълимию таҳсилии Ғарб ҷорӣ шуда истодааст. Ҳоло ба омӯзиши забони англисӣ, ки пештар аҳамият намедоданд, бештар диққат медиҳанд. Барномаи «Муаллими садаи XXI» тайёр кардани 10 ҳазор омӯзгори сифатан нав ва ҷавобгӯи талаботи замонро (то соли 2020) дар назар дорад. Таҳсили фарзандони хориҷиён дар мактабҳои давлатӣ ва хусусӣ пулакӣ аст. Дар Иморот маълумоти олӣ дар ҳамдастӣ бо кишварҳои дигар, дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои машҳур роҳандозӣ шудааст. Дар Донишгоҳи Иморот (с. таъсисаш 1976, Абузабӣ), 4 коллеҷи олии техникӣ (1988), Донишгоҳи тиббии халиҷ (1998, Аҷман), Донишгоҳи занона (1988, кампусҳо — шаҳракҳои иқоматиаш дар Абузабӣ ва Дубай), дар шӯъбаҳоишуъбаҳои Донишгоҳи технологии Ротчестер (Дубай), Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон (Раъсу-л-Хайма), Донишгоҳи Сорбонна намояндагони миллатҳои гуногун таҳсил мекунанд. Маҷмааи бузурги таълимӣ — шаҳраки донишҷӯён, ки соли 2003 ба истифода дода шудааст, шӯъбаҳоишуъбаҳои 16 донишгоҳи кишварҳои хориҷӣ (аз ҷумла Донишгоҳи инженерию иқтисодии Санкт-Петербург, Донишгоҳи Маҳатма Гандӣ, Манчестер Бузинес Скул), марказҳои таълимӣ, маркази таълимии электронӣ, марказҳои тадқиқоти илмӣ, хобгоҳҳо ва ғ.-ро муттаҳид кардааст. Китобхонаҳо бештар дар назди муассисаҳои маълумоти олӣ ва марказҳои илмию тадқиқотӣ фаъолият доранд. Китобхонаи марказии ба номи Зоид, китобхонаҳои «Мақом» (барои занон) ва «Фалаҷ» (барои мардон) дорои маводи ғанӣ, махсусан мавод дар мавзӯи илмҳои иҷтимоӣ мебошанд.
 
== Матбуот, радио, телевизон ==