Шукурҷон Зуҳуров: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи имло using AWB
Сатри 29:
== Зиндагинома ==
Зуҳуров Шукурҷон [[16 апрел]], соли [[1954]] дар [[ноҳияи Панҷ]]и [[вилояти Хатлон]] таваллуд шудааст. Академияи идоракунии Федератсияи Россия ва Донишгоҳи муҳандисӣ - заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст.
Дар вазифаҳои муҳандис - заминсози ноҳияи Ҳамадонии [[вилояти Хатлон]], сардори шӯъбаишуъбаи истифодаи замин ва заминсозии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои собиқ [[вилояти Қурғонтеппа]], инструктор, мудири шӯъбашуъба ва котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод), раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шӯъбаишуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи [[Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]], раиси [[ноҳияи Панҷ]]и [[вилояти Хатлон]], муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи [[Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]] ва Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Зуҳуров Шукурҷон аз оғоз то охири гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон иштирок намуда, дар ду давраи аввал ([[Москва]], [[Теҳрон]]) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини аввали раиси ин ҳайат буд. Аз соли 1997 то соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси Зеркомиссияи муҳоҷирони [[Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон|Комиссияи оштии миллӣ]] кор кардааст. Ӯ дар як вақт, аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангро иҷро намудааст.