Мирзо Турсунзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Зиндагинома: ислоҳи имло using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи имло using AWB
Сатри 38:
== Зиндагинома ==
Мирзо Турсунзода [[2 май]]и соли [[1911]] дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии [[Ҳисор]] ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин води (деҳа) буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи ӯ қашоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир, ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар [[Қаратоғ]] мактаби нави советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои [[1925]]-[[1926]] дар интернати [[Душанбе]] таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои [[1926]]-[[1927]] дар [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишгоҳи омӯзгорӣ]] таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои [[1927]]-[[1930]] дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри [[Тошкент]] хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад.
Ба сифати роҳбари шӯъбаишуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст.
Соли [[1935]] ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шӯъбаишуъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омад ва роҳбарии бахши драматургияро бар уҳда дошт.
Соли [[1939]] раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Аз соли [[1943]] сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқии [[ҶШС Тоҷикистон]].