Шоҳмузаффар Ёдгорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Зиндагинома: ислоҳи имло using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи имло using AWB
 
Сатри 33:
 
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни гузашта ба майдони адабиёт ворид гардид. Ӯ аз зумраи қаламкашонест, ки дар адабиёти навини тоҷик мавқеи босазо дорад. Ин сарояндаи ишқу ормонҳои миллат дар қатори чанд тан аз ҳамсолонаш бо ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ва нафаси гарму тоза ба адабиёт омад ва бо ашъори диловези худ дар қатори беҳтарин адибони овозадори солҳои шастум дар муҳити адабӣ ва байни хонандагон маҳбубият пайдо кард.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ 1 январи соли 1940 дар деҳаи Бузкушаки ноҳияи Ховалинг ба дунё омад. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ соли 1962 факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба итмом расонд. Чун ба адабиёт ва рӯзноманигорӣ шавқ дошту шеъру мақолаҳояш пайваста дар матбуот чоп мешуданд, ӯро барои кор ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ҳоло «Ҷумҳурият» даъват карданд. Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар ин даргоҳ солҳои зиёд ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъба фаъолият намуд. Пасон дар вазифаҳои корманди масъули Идораи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи собиқ вилояти Кӯлоб «Роҳи ленинӣ», котиби масъули шӯъбаишуъбаи Иттифоқи нависандагон дар минтақаи Кӯлоб, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мудири шӯъбаишуъбаи назми нашрияи адабии «Садои Шарқ» кор карда, дар рушду инкишофи адабиёт, мабуот ва фарҳангу маънавияти тоҷик саҳми арзанда гузошт.
Соли 1974 ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуда, солҳои зиёд узви Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Кумитаи мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ буд.