Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) таҳрир |
х ислоҳи имло using AWB |
||
Сатри 1:
'''Акадéмияи муҳандиси́и Ҷумҳури́и Тоҷикистóн''' — ташкилоти илмию техникӣ ва эҷодии ҷамъиятӣ.
== Таъсис ==
Соли 1991 ҳамчун
Ба ҳайати АМ ҶТ 45 узви пайваста, 48 узви вобаста, 23 мушовири академикӣ, 34 доктори илм, 45 номзади илм, 10 Ходими хизматнишондодаи илми ҶТ, муаллифони ихтироот ва таклифҳои ратсионализаторӣ, аъзои шӯроҳои олимон ва шӯроҳои махсусгардонидаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 12 аъзои фахрии хориҷӣ, 9 узви пайваста ва 11 узви вобастаи АМБ шомиланд. Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» ([[ТАЛКО]]), [[Корхонаи давлатии «Востокредмет»]], [[Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик»]], [[Комбинати маъдантозакунии Анзоб]], [[Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ]], [[Донишгоҳи технологии Тоҷикистон]] ва ғ. аъзои коллективии АМ ҶТ мебошанд.
== Самтҳои фаъолият ==
Академия дар самтҳои зерин фаъолият дорад: [[геология]], истихроҷ ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ; [[системаҳои иттилоотӣ]], [[алоқа]] ва [[телекоммуникатсия]], [[метрология]] ва стандартонӣ; [[коммуникатсия]], системаи нақлиёт; [[мошинсозӣ]]; [[металлургия]] ва [[масолеҳшиносӣ]]; экологияи муҳандисӣ, мониторинг ва сарфакории энергия; [[сохтмон]], саноати [[бинокорӣ]] ва [[меъморӣ]]; технологияи саноати хӯрокворӣ ва маҳсулоттайёркунӣ; технологияи химиявӣ ва биохимиявӣ; [[иқтисодиёт]], ҳуқуқ ва идоракунии фаъолияти муҳандисӣ; [[энергетика]]; муҳандисӣ дар тиб; муҳандисӣ дар фаъолияти иҷтимоӣ; туризми илмӣ ва экологӣ. Дар назди Академия як қатор корхонаҳои хурди истеҳсолӣ фаъолият доранд, [[Пажӯҳишгоҳи экологияи инсон]] ташкил карда шудааст.
Академия масъалаҳои ташкиливу сохтории ҷории фаъолияти худро ҳал карда, лоиҳаҳои муҳандисиву техникӣ, барномаҳо ва таклифҳо таҳия менамояд, барои таҳия ва татбиқи қарорҳои илмиву техникӣ шарикон меҷӯяд, конференсия ва семинарҳои илмиву техникӣ доир менамояд, дар фаъолияти табъу нашр ширкат меварзад, робитаҳои байналхалқиро ривоҷ медиҳад, дар масъалаҳои муҳандисӣ ба корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маслиҳатҳо медиҳад. Дурнамои рушди Академия бо кашфи иқтидорҳои калони илмӣ ва техникию инноватсиониву муҳандисӣ марбут аст. Солҳои 1991 – 1996 Президенти Академия Ваҳҳобов А. буд. Аз
== Бознигаред ==
|