Фазлиддин Шаҳобов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайвандҳо: clean up using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи имло using AWB
Сатри 32:
Фазлиддин Шаҳобов соли 1911 дар шаҳри [[Бухоро]] дар оилаи мударрис ва шоири дарбори амири Бухоро донандаи маъруфи ашъори Бедил Абдураҳими Хатлонӣ (Аҷзӣ) таваллуд шудааст. Падараш таҳсилоти академии писарашро наззора менамуд, меҳри кӯдакро нисбат ба мусиқӣ Изомӣ – танбӯрнавози маъруф, парваридааст. Нахустин дарсҳои танбӯрнавозиро аз тағоияш, сипас дар техникуми мусиқии Бухоро (1925-1929) аз иҷрокунандагон ва донишмандони машҳури мусиқии классикии тоҷик [[Мирзоғиёси Танбӯрӣ]] ва [[Бобоҷалоли Носирӣ]] омӯхтааст.
Пас аз хатми мактаб соли 1929 ӯ ба [[Самарқанд]] омада, маҳорати хешро дар назди ҳофизони машҳури тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов, Абдулқодири Найчӣ, Ҳоҷӣ Абдураҳмон, Домулло Ҳалим Ибодов такмил медиҳад. Аз соли 1930 то соли 1932 Ф.Шаҳобов ба ҳайси навозанда дар Оркестри давлатии Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Тошканд, аз соли 1932 то соли 1936 ба сифати дирижёр ва мудири қисми мусиқии Театри мусиқӣ-драмавии Бухоро фаъолият менамояд. Дар баробари ин ӯ дар Техникуми мусиқии Бухоро дарс медиҳад. Аввалин таҷрибаҳои ӯ дар композитсия ба ҳамин давра рост меоянд, ки дар байни онҳо бузургтарин марши «Шараф» барои ансамбли созҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Соли 1936 Ф.Шаҳобов ба синфи омӯзгор В.Л. Мухин шӯъбаишуъбаи дирижёри хори Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский дохил мешавад. Дар ин ҷо ӯ бо мусиқии рус ва Европаи Ғарбӣ ошноӣ пайдо карда, қаламу маҳорати худро дар жанрҳои барои фарҳанги мусиқии тоҷик нав санҷида дар онҳо суннатҳои санъати мусиқии классикиро татбиқ менамояд. Масалан, романсҳои «Хонаи дил» ва «Ваъдаи дил», ки ӯ дар он айём эҷод намуда буд, шуҳрати бузург пайдо карданд.
Пас аз хатми Консерватория соли 1941 Ф.Шаҳобов дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Муқимии [[Тошканд]] ба ҳайси хормейстер ва аз соли 1942 дар ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Ӯзбекистон ба сифати роҳбари бадеӣ фаъолият менамояд.
Моҳи октябри соли 1942 бо даъвати расмии Раёсати санъат ба Тоҷикистон меояд. Соли 1942 Ф.Шаҳобов ба узвияти Иттифоқи композиторон қабул гардида, котиби масъули раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мегардад. Аз соли 1942 то соли 1968 ӯ дар вазифаҳои роҳбари бадеии коллективҳои эҷодии радио ва телевизион, сармуҳаррири барномаҳои мусиқии Кумитаи оид ба радио ва телевизиони назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон фаъолият менамояд.