Гурба: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
х →‎top: ислоҳи имло using AWB
Сатри 13:
}}
 
'''Гурба''' (Felis ocreata domestica) [[пишак]], пушак, синнавр, ҳирф — ҳайвонест [[дарранда]]. Сари лунда, гардану пойҳои боқувват, чанголи тез ва думи дароз дорад; якранг ([[сафед]], [[сиёҳ]], [[малла]]) ё гуногунранг (ало, рах-рах ва ғайра.) мешавад. Мӯи баъзе гурбаҳо дарози паҳмоқ, ва баъзеашон кӯтоҳу маҳин аст. Гурба ҳайвони чолок буда, ба девору дарахт ба осонӣ мебарояд. Ҳангоми роҳ рафтан нармаки панҷаашро ба замин мемонад ва садо намебарорад. Чанголи Гурбаро пайҳои чандир дарун кашида меистанд ва танҳо мавриди ба дару девор часпида баромадаи ё доштани тӯъматуъма берун мешавад. Аъзои сомеааш нағз инкишоф ёфтааст. Аъзои шоммааш суст буда, чашмонаш эҳтимол фақат наздикро мебинад. Гурба зуд калон мешавад. Дар 7—8-моҳагӣ болиғ мегардад. Соле 2 маротиба ([[март]] ва аввали [[июн]]) ҷуфтӣ мешавад. Мӯҳлати хамлаш 8 ҳафта; то 5—6 бачаи нобино мезояд (чашмн гурбачаҳо дар 9-рузагӣ кушода мешавад). Гурба [[муш]]у [[калламуш]] ва дигар зараррасонҳои хоҷагии қишлоқро нобуд мекунад. Дар шароити хона ба гурба асосан [[гушт]] ва [[шир]] медиҳанд. Дар аснои нағз нигоҳубин накардан гурба ба борот, полиз ё [[дашт]]у [[саҳро]] гурехта, ёбоӣ мешавад, [[муш]]у [[парранда]]ҳоро дошта мехӯрад, лонаи паррандаҳоро вайрон ва чӯҷаи онҳоро нобуд мекунад. Ин гуна Гурбаҳоро нест бояд кард, зеро онҳо паҳнкунандаи касалиҳои сироятӣ (калиё чараб, шукуфаи муйчин) ва паразитии (трихинеллёз, описторхоз, дифиллоботриоз ва ғайраро) одам ва ҳайвонот мебошанд.
 
==Адабиёт==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Гурба"