Афсона: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Rescuing 0 sources and tagging 1 as dead.) #IABot (v2.0.8
х →‎Таърих: ислоҳи имло using AWB
Сатри 2:
 
== Таърих ==
Афсона аз жанрҳои қадими фолклорист. Нишонаҳо, пораҳои ба афсона монандро дар [[Авесто]], осори адабиёти паҳлавӣ («Ёдгори Зарирон», «Дарахти асурик», «Худойнома», «Бундаҳиш» ва ғайра) мушоҳида метавон кард. Дар идомаи анъанаи адабиёти паҳлавӣ, тақрибан дар асрҳои 8–9 китобе ба  номи «Ҳазор афсона» вуҷуд доштааст, ки баъдан он заминае барои пайдоиши «Ҳазору як шаб» гардид. Дар осори манзуму мансури адабиёти гузаштаи форс-тоҷик аз аспи 9 то ба садаи XX ва дар адабиёти муосири тоҷик афсонаҳои дар дохили осори бадеӣ – «[[Калила ва Димна]]», «[[Шоҳнома]]»-и [[Фирдавсӣ]], «Таърихи Табарӣ», достонҳои [[Аттори Нишопурӣ|Аттор]], [[Саноӣ]], [[Низомии Ганҷавӣ]], [[Абдураҳмони Ҷомӣ|Абдурраҳмони Ҷомӣ]], маҷмӯаҳои «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» ва ғайра ба назар мерасанд. Дар [[Ёддоштҳо|«Ёддоштҳо»]]-и [[Садриддин Айнӣ|С. Айнӣ]], баъзе асарҳои [[Абулқосим Лоҳутӣ|А. Лоҳутӣ]], [[Мирзо Турсунзода|М. Турсунзода]] (либретои «Тоҳир ва Зуҳро»), [[Мирсаид Миршакар|М. Миршакар]] (достони «Қишлоқи тиллоӣтилоӣ») ва ғайра афсонаҳо оварда шудаанд.
 
Афсона дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик дорои сохтори махсусест: он аз ибтидо ('''''«Буд, набуд, як подшоҳ буд…», «Рӯзе аз рӯзҳо…», «Дар як замоне, дар як маконе…»'''''), гузариш ('''''«Акун бачаро ин ҷо монем, гапро аз духтар шунавем…»'''''), интиҳо ('''''«Онҳо ба муроду мақсадашон расиданд…»''''') иборат аст. Баъзе афсонаҳо танҳо ибтидо ва интиҳо доранд. Дар афсонаҳо тахайюли бадеии гӯянда зоҳир мешавад, қаҳрамонҳо ва шахсиятҳои хос амал мекунанд, онҳо барои саргарм, машғул ва тарбия кардани шунаванда аҳаммият доранд. [[Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Румии Балхӣ|Ҷалолуддини Румӣ]] сирру панди дар афсона нуҳуфтаро ганҷ донистааст:
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Афсона"