Сабӯс: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х →Хусусиятҳои давоӣ: ислоҳи имло using AWB |
|||
Сатри 3:
== Хусусиятҳои давоӣ ==
Хусусиятҳои давоии сабӯс аз замонҳои қадим маълуманд. Буқрот ва [[Абӯалӣ Сино|Абӯалии Сино]] ба беморон истеъмоли [[нон]] ва ғизои аз С. таҳияшударо тавсия мекарданд. Нони серсабӯс ба ҳазми ғизо кумак мерасонад. Аҳамияти С. барои пешгирии бемориҳои омосӣ низ калон аст. Насҷ (клетчатка)-е, ки дар таркиби С. вуҷуд дорад, барои дар организм боздошта шудани об мусоидат мекунад. Бинобар ин, С.
С.-ро пеш аз истифода 20 – 30 дақ. дар оби ҷӯш тар карда мемонанд. Сипас обро оҳиста мерезанд ва «шавла»-и боқимондаро ба таом илова мекунанд ё ҳамин тавр бо чумча мехӯранд (аз болояш об нӯшидан лозим аст). Одами калонсол бояд дар муддати 2 ҳафта рӯзе 1 қошуқча С. истеъмол намояд; минбаъд миқдори онро зиёдтар мекунанд (рӯзе 1-қошуқӣ 3 маротиба). Баъд аз он ки фаъолияти рӯдаҳо дуруст шуд, боз чанд муддати дигар рӯзе 2 қошуқча С. ё нони серсабӯс истеъмол карда мешавад. Миқдори шаборӯзии истеъмоли С. 30 – 50 г аст.
Истеъмоли С.-и гандум барои одамоне, ки аз бемории вазнин хестаанд, ҳамчунин барои пирсолон ва кӯдакони заиф аҳамияти калон дорад. Бо ин мақсад 1 қошуқ С.-ро ба 2 истакон об андохта, 30 – 40 дақ. меҷӯшонанд. Баъди хунук шуданаш ба он 1 қошуқ асал ҳамроҳ карда, рӯзе 3 – 4 маротиба 50 г-ӣ мехӯранд. Барои табобати бронхит ба 1 л оби ҷӯш 400 г С. андохта, дар давоми рӯз гармогарм истеъмол мекунанд.
|