Давлати Селевкиён: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Исёнҳо зидди ҳукмронии Селевкиён: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х →‎Таърих: ислоҳи имло using AWB
 
Сатри 55:
 
== Таърих ==
Яке аз сарлашкарони [[Искандари Мақдунӣ]] — Селевк соли 312 пеш аз милод дар Бобулистон ба сифати сатрап мавқеъ ёфт. Минбаъд дар муддати нӯҳнуҳ сол вай тадриҷан ҳукми худро ба Ғарбу Шарқ, аз ҷумла, ба Эрон ва Осиёи Миёна вусъат дод. Ҷойҳое буд, ки вай бо роҳи дипломатӣ пеш мерафт, вале дар Осиёи Миёна ба муқобилати шадид дучор омад ва роҳи ҷангро пеш гирифт. Ба қавли Помпей Трог (Юстин, ХV, 4, 11), Селевки I «бар Бобулистон зафар ёфта, қувваи худро афзуд ва Бохтарро тасхир намуд». Порт ва Суғдро ҳам зери даст кард (Аппиан, «Сурия», 55). Вале кӯшиши ҳиндустони шимолиро ғасб кардани Селевки I барор нагирифт.
 
Муҳаққиқи эллинизм, муаррихи номии советӣ А.Б.Ранович навиштааст, ки «таърихи Селевкиён барои муаррихон мушкилоти фавқулодда дорад, зеро вазъияти маъхазҳои адабӣ ниҳоят бад аст»<ref>Ранович А.Б, с. 113.</ref>. Ин нукта ба Осиёи Миёна низ пурра дахл дорад, зеро давраи дар ҳайъати Селевкиён будани он, яъне охири асри III ва миёнаи асри II пеш аз милод тақрибан номаълум аст.