Таровеҳ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи имло using AWB
х ислоҳи имло using AWB
 
Сатри 49:
Молик фармуд: Дӯст дорам, ки мардум дар моҳи Рамазон бо сиву ҳашт ракъат қиём намоянд, он гоҳ имом ва қавм салом диҳанд, пас аз он бо онҳо як ракъат витр бигузорад. Ин амал дар Мадина аз қабл аз ҳодисаи Ҳарра аз саду чанд сол пеш то имрӯз идома дорад.
 
Шофеъӣ мефармояд: Мардумро дар Мадина дидам, ки (дар моҳи Рамазон) бо сиву нӯҳнуҳ ракъат қиём мекунанд, вале бист ракъат назди ман маҳбубтар аст ва дар Макка чунин (бо бист ракъат) қиём мекунанд. Дар чизе аз ин тангно ва ҳадде, ки ба он мунтаҳӣ шавад, вуҷуд надорад, зеро он намози нофила аст. Агар қиёмро тӯлонӣ ва суҷудро камтар карданд, пас ин хуб ва назди ман маҳбуб аст ва агар рукуъу суҷудро бисёр намуданд, он низ хуб аст.
 
Аз имом Аҳмад пурсида шуд, ки дар қиёми Рамазон чанд ракъат гузорида шавад!? Гуфт: Дар ин бора рангҳое ҳудуди чиҳил гуфта шудааст. Он намози татаввуъ аст<ref>Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ, Мухтасару Қиёми-л-лайл ва Қиёми Рамазон ва Китоби витр. – С. 222. – Файсалобод, 1988 м./1408 ҳ.</ref>.
Сатри 62:
Аммо миқдори оятҳое, ки дар ҳар ракъати намози таровеҳ хонда мешаванд, ба адади муайяне маҳдуд гардонида нашудааст, балки он ба ҳоли намозгузорон бастагӣ дорад. Агар имом дар ҳар ракъат даҳ-ёздаҳ оят бихонад, Қуръонро дар зарфи як моҳи Рамазон ва ё чанд рӯз камтар аз он хатм менамоянд. Дар китоби «Мудаввана» омадааст: ''Умар ибни Абдулазиз қориҳоро амр кард, ки намози таровеҳро барпо доранд ва дар ҳар ракъати он даҳ оятӣ бихонанд»''<ref>Молик ибни Анаси Асбаҳӣ, Мудавванаи Кубро. – Ҷ. 1. – С. 287. Бейрут: Дору Содир. Минбаъд: Мудаввана; Зафараҳмад Усмонии Таҳонавӣ, Эълоуссунан. – Ҷ. 3, бахши ҳафтум. – С. 80. Бейрут: Дору-л-кутуби-л-илмия, 1997. Минбаъд: Эълоуссунан.</ref>. Имом Ҳасан ибни Зиёд аз Абӯҳанифа (рҳ) низ хондани даҳ оятро дар ҳар ракъати намози таровеҳ ривоят кардааст<ref>Алоуддин Абӯбакр ибни Масъуди Косонӣ, Бадоеъуссаноеъ фӣ тартибишшароеъ. – Ҷ. 1. – С. 645. Бейрут: Дору эҳёи аттуросил арабӣ, 1997. Минбаъд: Бадоеъуссаноеъ. Эълоуссунан. – Ҷ. 3, бахши ҳафтум. – С. 80</ref>.
 
Адади ракъатҳои намози таровеҳ дар тамоми моҳи Рамазон бинобар бисту нӯҳнуҳ ва ё сӣ будани он шашсад ва ё панҷсаду ҳаштод ракъат мебошад. Вақте дар ҳар ракъат даҳ-ёздаҳ оятӣ бихонанд, ба адади оятҳои Қуръон, ки аз шаш ҳазору дусаду чанд (6236) оят иборат аст, баробар мешавад.
 
Вале беҳтар он аст, ки ҳар шаб дар бист ракъат як пораи Қуръонро хатм намоянд ва бо ҳамин дар зарфи як моҳ як хатми комил анҷом гирад. Ин миқдор ба ҳоли ҳар гуна намозгузор мувофиқат мекунад. Аммо, агар намозгузороне тоқати бештар дошта бошанд ва ду бор ва ё се бор Қуръонро дар моҳи Рамазон хатм намоянд, он низ ҷоиз ва хуб аст.