Ангат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Тавсифоти гиёҳшиносӣ: вироишоти сабкӣ, имло
Сатри 19:
== Тавсифоти гиёҳшиносӣ ==
[[File:Hippophae rhamnoides Sturm41.jpg|thumb|left|{{Тасв.гиёҳ.|2}}]]
НАШРИЁТИ ДИЛНОЗА
Табибони халқӣ ҷӯшоб ва оби меваи ангатро бароиои тақвияти кори узвҳои ҳозима, табобати илтиҳобу захми меъда, зангила, саратони сурхрӯда тавсия медиҳанд. Истеъмоли ҷӯшоби меваю барги ангат рехтани мӯи сарро бозмедорад. Ҷӯшоби донакаш мусҳил аст. Бо равғани ангат касалиҳои гуногуни пӯст, амрози занона, захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангуштаро табобат мекунанд.
 
То 3—11 м қад мекашад. Пӯстлохи тана ва шохҳои ғафсаш бӯри зардтоб ё сиёҳ, навдаҳои бисёрсолааш хокистарранги серхор; хораш сахту тез (дарозиаш 2—7 см). Навдаи наврустааш аз пашмаку пулакчаҳо нуқрагун метобад. Баргаш борики нештаршакл (дарозиаш 2—8 см, бараш 0,2—0,7 см), думчадор (0,1—0,2 см), бедандона. Гулаш ҷудоҷинса; гули модинааш думчакӯтоҳ, сабзтоб ва нисбатан калонтар буда, 2—5 (баъзан 9)-тоӣ дар бағали шохчаҳои навруста ҷой мегирад; гули наринааш зард буда, 6—20-тоӣ дар хӯша ғун шудааст.
 
Ангат дар шароити табиӣ моҳҳои апрел — май гул мекунад. Даври гулшукуфташ 7—10 шаборӯз; гулаш сершаҳд. Мевааш донакдори гирда ё байзашакл, рангаш норинҷӣ ё сурхтоб, сершираи нордон, таъми ананас дорад; донакаш (вазни 1000-тоаш 12—13,2 г) ҷигарранги ҷилодор. Мевааш аз аввали моҳи август то охири октябр мепазад.
 
== Таркиби кимиёӣ ==
Дар таркиби мевааш 11—60 мг% каротин (провитамини А), витаминҳои Е (8 мг%), С (316—500; дар ширааш то 900 мг%), В (0,97 мг%), В1, (0,016—0,035 мг%; дар ширааш 0,1—0,18 мг%), B2, (то 0,56 мг%), В6, (0,003—0,079 мг%) ҳаст. Ангат ҳамчунин 3,56—8 % қанд, то 2,6 % кислотаҳои органикӣ, 2,64 % моддаҳои даббоғӣ, то 9 % равғани сурхтоб ё норанҷӣ, кверсетин ва изорамнетин, донакаш 240 мг% каротиноидҳои ҳархела, ликонин, тараксантин, фитофинин дорад. Дар мағзи донакаш 12—13 % равған, инчунин витаминҳои В1 (то 0,28 мг%), В2 (то 0,38 мг%), Е ва Г (110—165 мг%), каротин (40—100 мг%) ҳаст. Барги Ангат 8—9 % (шохчаи наврустааш то 10 %) моддаҳои даббоғӣ, кверсетин, изорамнетин, миритсетин дорад. ругани МАСЛО ИРА ЁФТЕН СРОЧНА СОХРАНИТ КНЕНКИ ДИГА НАМИЁВЕН
 
== Паҳншавӣ ==
Ангат хоси ҷангалзори соҳили дарёҳост. Бештар водии дарёчаҳои кӯҳиро фаро мегирад. Дар соҳили бисёр дарёҳои ҷумҳурӣ пештар ангатзорҳои анбӯҳу касногузар мавҷуд буданд. Онҳоро дар баъзе мавзеъҳо бурида ҳезум кардаанд. Ангат асосан дар қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои ҷануб ва шарқии Тоҷикистон, Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ (дар баландии 400—3800 м аз с. б.) месабзад; дар ҷойи кушоду офтобрӯя беҳтар нашъунамо мекунад. Ба гармо ва сармо тобовар аст.
 
== Парвариш ==
Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ (бехҷаст, фарғуч) зиёд мешавад. Тухми ангатро тоза карда, тирамоҳ дар чуқурии 9—10 см мекоранд. Баъди як сол ниҳолашро ба ҷойи доимӣ кӯчат мекунанд. Бехҷасташ зуд қад мекашад. Аз 3 — 6-солагӣ ба ҳосил медарояд. Аз ҳар бехи он 7—9 (баъзан то 16) кг мева меғундоранд.
 
== Корбурд ==
[[File:Sanddornprodukte-Hiddensee2.jpg|thumb|right|Афшура аз ангат (коммуна [[Хиддензее]], [[Германия]])]]
Меваашро тару тоза истеъмол мекунанд, ба таом меандозанд. Онро аксар вақт аввалҳои зимистон меғундоранд, чунки аз таъсири сармо нордон, ширин ва хушбӯй мешавад. Аз меваи ангат мураббо, ҷем, моқут, полуда, ангатоб, шарбат ва ғайра тайёр мекунанд; дар қаннодӣ низ истифода мешавад.
 
== Хосияти шифоӣ ==
Табибони халқӣ ҷӯшоб ва оби меваи ангатро барои тақвияти кори узвҳои ҳозима, табобати илтиҳобу захми меъда, зангила, саратони сурхрӯда тавсия медиҳанд. Истеъмоли ҷӯшоби меваю барги ангат рехтани мӯи сарро бозмедорад. Ҷӯшоби донакаш мусҳил аст. Бо равғани ангат касалиҳои гуногуни пӯст, амрози занона, захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангуштаро табобат мекунанд.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ангат"