Шуш: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Farorud (баҳс | ҳисса)
No edit summary
 
Сатри 1:
'''Шуш''' (лот. ''pulmones'') — узви нафаскашӣ; дар сандуқи сина ҷойгир аст.
'''к.м.д аз фанни физиология'''
 
'''Мавзӯъ: Шуш'''
 
'''Шуш''' (pulmones) — узви нафаскашӣ; дар сандуқи сина ҷойгир аст.
 
Шуш шакли махрутро дошта, асоси он ҷониби диафрагма менигарад; нӯги он аз пеш тақр. 3 см болотар аз чанбарак ҷой гирифтааст (аз қафо дар сатҳи муҳраи VII гардан аст). Ҳудуди поёни Шуш аз хатти наздифақаротӣ то қабурғаи XI, аз хатти миёнаи зерикашӣ то қабурғаи VIII, аз хатти миёнаи чанбаракӣ то қабурғаи VI мерасад. Он бо пардаи серозӣ — плевра пӯшида шудааст. Байни халтачаҳои шушпарда миёндевор мавҷуд аст. Дар миёнаҷои қисми ба дил нигарони Ш. даромадгоҳи Ш. қарор дорад, ки ба он бронхи асосӣ ва артерияи шуш дохил шуда, венаи шуш мебарояд. Ш. аз се сатҳ иборат аст: қабурғавӣ, диафрагмавӣ ва дохилӣ. Бофтаҳои Ш. нарму чандиранд. Ш.-и рост нисбат ба Ш.-и чап кӯтоҳ ва васеътар аст, чунки гунбази рости диафрагма аз гунбази чап болотар ҷой дорад. Дар даромадгоҳи Ш. ва ба дарозии бронхҳои асосӣ уқдаҳои лимфавӣ мавҷуданд. Артерия дар Ш.-и рост поёнтар ва дар Ш.-и чап болотар аз бронх ҷойгир шудааст. Венаҳои шуш поёнтар аз артерияҳои бронх ҷой гирифтаанд. Ш.-и рост аз қисмҳои болоӣ, миёна ва поёнӣ ва Ш.-и чап аз қисмҳои болоию поёнӣ иборат аст. Дар байни онҳо ҷӯякҳои каму беш чуқур мавҷуданд. Ҳар як Ш. ба 10 сегманти бронху шуш тақсим мешавад. Сегментҳо аз ҳиссачаҳои шуш иборатанд. Ҳар як ҳиссача бронх дорад, ки диаметраш тақр. 1 мм аст. Ҳиссачаҳо дар 2 — 3 қатор ҷой гирифта, бо бофтаи пайвандии байниҳиссачавӣ ҷудо гаштаанд. Бофтаи мазкур ҳаракати ҳиссачаҳоро ҳангоми нафаскашӣ таъмин месозад. Ба шуш [[ҳаво]] тавассути [[брон]]ҳо меояд. Бронхҳо тадриҷан ба бронхҳои хурди дуюмин, сеюмин ва ғ. ҷудо мешаванд. Бронхиолаҳо шохаи охирини бронхҳо буда, роҳҳои алвеолавӣ доранд, ки девораашон бо ҳубобча (алвеола)-ҳо пӯшида шудааст. Девораи алвеолаҳо ниҳоят маҳин буда, ба миқдори зиёд нахҳои чандир дорад. Дар алвеолаҳо мубодилаи газ байни хун ва ҳаво ба амал меояд. Бронхиолаҳои ниҳоӣ ибтидои бронхиолаҳои нафаскашӣ буда, ба шохаҳо ҷудо ва ба роҳҳои алвеолавӣ ворид мешаванд. Ҳар як маҷрои алвеолавӣ бо ду халтачаи алвеолавӣ интиҳо меёбад. Алвеолаҳои нафаскашӣ, маҷрои алвеолавӣ, халтачаҳои алвеолавӣ ва алвеолаҳо дарахти алвеолавӣ ё паренхимаи нафасгирии Ш.-ро ташкил медиҳанд. Қутри даҳонаи алвеолаҳо дар одамони калонсол 0,15 — 0,25 мм буда, онҳо ба якдигар зич ҷой гирифтаанд. Сатҳи дохилии онҳо бо пардаи якқабата пӯшида шудааст. Дар он ду навъи ҳуҷайраҳоро фарқ мекунанд: ҳуҷайраҳои нафаскашӣ ё алвеолоситҳои гурӯҳи 1-ум ва ҳуҷайраҳои калон ё алвеолоситҳои гурӯҳи 2-юм. Ҳуҷайраҳои калони пардаи алвеолавиро бисёр вақт ҳуҷайраҳои тарашшӯҳӣ меноманд, чунки онҳо қобилияти ҷудо кардани моддаҳои липопротеиниро доранд. Ғайр аз ин, онҳо фосфолипидҳоро синтез ва ҷудо мекунанд. Дар алвеолаҳо ҳамчунин фагоситҳои алвеолавӣ (макрофагҳо) мавҷуданд. Мӯйраги хун ба баъзе алвеолаҳо ҳамшафат мебошад, ки барои мубодилаи газ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Line 25 ⟶ 21:
Расми 1. Шуши рост (А) ва чап (Б). 1 — трахея (хекиртак); 2 — нӯги шуш; 3 — ҳиссаи болоӣ; 4 ва 10 — роғи каҷ; 5 — ҳиссаи поёнӣ (шуши чап); 6 — комаи дил; 7 — бронхҳои асосӣ; 8 — ҳиссаи мобайнӣ (шуши рост); 9 — ҳиссаи поёнӣ (шуши рост); 11 — роғи амудӣ; 12 — ҳиссаи болоӣ (шуши рост).
Расми 2. Сегментҳои бронху шуш. А, Б — шуши рост, ҳиссаи болоӣ: 1 — сегменти болоӣ; II — сегменти ақиб; III — сегменти пеш; IV — сегменти канорӣ; V — сегменти миёнҷоӣ; ҳиссаи поёнӣ: VI — сегменти болоӣ; VII — сегменти миёнҷо (дил)-и асосӣ; VIII — сегменти асосии пеш; IX — сегменти канории асосӣ; X — сегменти асосии ақиб. В, Г — шуши чап: I — сегменти болоӣ (ҳиссаи болоӣ); II — сегменти ақиб; III — сегменти пеш; IV — сегменти забончавии болоӣ; V — сегменти забончавии поёнӣ; ҳиссаи поёнӣ: VI — сегменти болоӣ; VII — сегменти миёнҷои (дил)-и асосӣ; VIII — сегменти асосии пеш; IX — сегменти канории асосӣ; X — сегменти асосии ақиб. Дар дарвозаҳои шуш бо ранги кабуд артерияи шуш, бо ранги сурх — венаҳо, бо ранги зард — уқдаҳои лимфавӣ, бо ранги хокистарӣ — бронхҳо нишон дода шудаанд.
 
'''Омода намуд:Қурбонзода Муҳсиддин.'''
 
'''Қабул кард:Қандзода Мансур''' '''Абдуллоевич.'''
 
== Нигаред низ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Шуш"