Архимед: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳи имло using AWB
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 5:
бузургтарин риёзидон ва физики [[Юнон]]и Қадим ва низ шояд тамоми дунёи антиқа буд.
Сиракуз дар замоне, ки Архимед таваллуд шуда буд, мустамликаи ниммустақили юнониён дар ҷазираи Ситсилия ба шумор мерафт.Падари ӯ Фидиас ситорашинос буд. Архимед дар шаҳри Искандарияи Миср, ки яке аз калонтарин шаҳрҳои дунёи онрӯза ҳисобида мешуд ва дорои китобхонаи беҳтарине буд, дониш андӯхтааст. Вале аксарияти умри хешро дар Сиракуз паси сар карда, асосан ба гузаронидани таҷрибаҳои физикавӣ машғул шудааст.
Дар охири асри сеюми пеш аз мелод республикаи пурқудратгаштаи РимРум ба забт намудани шаҳр-давлатҳои ҷануби Итолиё ва шимоли Африко пардохт.Байни онҳо Сиракуз ҳам буд. Ривояте нақл мекунад,ки олими бузурги сиракузиро як сарбози римӣрумӣ дар ҳоле, ки вай сари нақшҳои ҳандасавии дар рег кашидашудаи худ хам буд ва баъд аз он, ки ба сарбоз бо хашм "Доираҳои маро вайрон накун" гӯён фарёд зад, бо зарби шамшер ба қатл расонидааст.
Бисёре аз кашфиёти Архимед то имрӯз аҳамияти хешро гум накардаанд ва одамони замони моро аз истеъдоди барҷастаи он нобиғаи ду ҳазору дувист сол пеш зиста ба ваҷд меоранд.
Дар риёзиёт Архимед формулаи ҳисоб кардани суммаи қатори беохири геометриро медонист. Муайян намуд, ки кура, силиндри дар гирди он кашидашуда ва конуси асосу баландии бо силиндр якхела дошта дорои ҳаҷмҳои бо нисбати 2:3:1 ифодашаванда мебошанд.
Сатри 12:
 
Ба кашфиёти машҳуртарини худ-қувваи болотеладиҳанда(бартелишро) Архимед ба шарофати он, ки бо шоҳи Сиракуз Ҳиерони дуввум дӯсти наздик буд, соҳиб шудааст.Шоҳ мехост, муайян кунонад, оё тоҷи навсохташудаи ӯ мувофиқи фармоишаш ҳақиқатан ҳам аз тилои тоза иборат аст ё заргар бар он дигар металлҳои арзонбаҳоро омехтааст?
Барои ҳамин аз Архимед дархост кард, то тоҷро аз тафтиш гузаронад бидуни он, ки ба он ягон хел осебе бирасонад. Олим якчанд рӯз андеша мекард, чӣ тавр ин масъалаи душворро ҳал намояд, чунки сохти тоҷ хеле мураккаб буда, бад-ин минвол ҳисоб кардани ҳаҷми он аз имкон берун буд.Ниҳоят рӯзе Архимед дар вақте, ки барои оббозӣ ба ҳаммоми пуроб даромад, мушоҳида намуд, чи гуна як миқдори об аз канори ванна мешорад. Олим дарҳол пайхас кард, ки он миқдори шорида рафта айнан ба ҳаҷми бадани ӯ баробар аст. Архимед аз ванна ҷаҳида бархест ва тамоман бараҳна дар кӯчаҳои Сиракуз "Эврека, эврека!" (Дарёфтам, дарёфтам) додзанон битохт. Ба туфайли ин қонуни муҳимми физикавӣ ӯ муқаррар намуд, ки тоҷи Ҳиерон асосан аз металли одӣ рехта шуда танҳо аз рӯяш бо тило андовида шуда будааст. Мутаассифона, ҷазои заргари қаллоб он сахттарин буд-ӯро бо фармони шоҳ ба қатл расонданд. Ва яке аз ривоёти сершумор дар бораи Архимед мегӯяд, ки он сарбози ӯро куштагӣ римӣрумӣ набуд, балки аз худи Сиракуз буд-хешованди ҳамон заргари бадбахт.
 
[[Гурӯҳ:Аврупо]]