Домпизишкӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таърих: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Таърих: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 2:
 
== Таърих ==
Байторӣ таърихи қадим дошта, аввалин маълумоти хаттӣ оид ба муолиҷаи ҳайвонот ба ҳазораи 4 то м. рост меояд. Дар Мисри Қадим дар қатори диг. илмҳо байториро низ меомӯхтанд. Байторӣ дар кишварҳои водии д-ҳои Даҷла ва Фурот низ тараққӣ карда буд. Оид ба муолиҷаи баъзе касалиҳои ҳайвонот дар Ведаҳо ва Авесто маълумот мавҷуд аст. Бархе аз касалиҳои ҳайвонотро нависандаҳои римӣрумӣ Варрон, Колумелла (асри 1), Вегетсий (а. 4) қайд кардаанд. Дар РимРум касби табиби ҳайвонот мавҷуд буд. Аспҳои касал ва маҷрӯҳи аскарон дар лазаретҳо (беморхонаи қисмҳои ҳарбӣ) табобат карда мешуданд. Дар Юнони Қадим табиби асп липпиатр ном дошт. Дар садаи X муаллифи номаълум осори бисёреро оид ба байторӣ ҷамъоварӣ карда, бо номи «Гиппиатрика» ба шакли китоби алоҳида даровардааст. Асрҳои миёна дар мамолики Аврупои Ғарбӣ тоун, перипневмонияи чорвои калон, оқсил ва диг. касалиҳо авҷ гирифта, ба чорводорӣ хисороти зиёд меоварданд. Муолиҷаи ҳайвонот асосан шуғли подабонҳо, оҳангарҳо ва човандозҳо буд. Дар мамлакатҳои Араб ҳунари байторӣ нисбатан хуб ривоҷ дошт. Дар давраи Эҳё, замоне, ки ба осори классикии қадим майлу рағбат афзуд, китобҳои марбут ба байтории муаллифони римӣрумӣ ва юнонӣ ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ тарҷума шуданд. Ба пешрафти байторӣ хосса дастовардҳои анатомия таъсири калон расонданд. Соли 1564 олими итолиёӣ Фиаски дар бораи наъл кардани аспон китобе таълиф намуд. Соли 1573 китоби «Анатомияи муқоисавӣ»-и олими фаронсавӣ Контре интишор ёфт. Соли 1598 олими итолиёӣ Руини оид ба анатомия ва касалиҳои аспон асаре таълиф кард.
 
Дар асрҳои миёна инкишофи байторӣ нисбатан суст шуда бошад ҳам, афзудани талабот ба маҳсулоти чорводорӣ барои тайёр кардани байторҳо заминаи мусоид фароҳам овард. Соли 1761 мирохур (шталмейстер)-и фаронсавӣ К. Буржела дар шаҳри Лион аввалин мактаби байториро таъсис дод. Минбаъд чунин таълимгоҳҳо дар Алфоре (1765), Копенгаген (1773), Вена (1775), Дрезден (1776), Ганновер (1778), Будапешт (1787, Берлин ва Мюнхен (1790), Мадрид (1793) низ ифтитоҳ шуданд. Аз ибтидои садаи XIX ангезандаи бисёр касалиҳои ангалӣ (паразитӣ) ва сироятӣ ошкор гардиданд. Конгресси 1-уми байналмилалӣ (Гамбург, 1863) ва конференсияи байналмилалии байторӣ (Вена, 1872) ба пешгирии касалиҳои тоун ва илтиҳоби шуши чорво бахшида шуда буданд.