Академияи Афлотун: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х →‎Академияи Афлотуни Қадим: ислоҳи вожаҳо using AWB
 
Сатри 7:
 
== Академияи Афлотуни Қадим ==
Академияи Афлотуни Қадим тамоюли пифагории фалсафаи мутааххири Афлотунро тарафдорӣ намуда, ақидаҳои космологии дар «Тимей» баёншударо инкишоф медод. Ба дараҷаи мутлақ бардоштани баҳсҳои диалектикӣ, ки дар ҷараёни онҳо ҳаққонияти баробари ҳукмҳои зид исбот мегардид, ба принсипи ҷаҳонбинӣ табдил ёфтани онҳо, (ки торафт ба равоқия муқобил мешуд), боиси ба вуҷуд омадани шаккокияи академӣ гардид ва мавқеи Академияи Афлотуни Миёнаро муайян кард. Карнеад қоидаи имконнопазир будани дониш ва аз ин рӯ, нодуруст будани ҳама гуна аҳкомро ба дараҷаи мутлақ бардошт. Қоидаи мазкурро академияи Нав тарафдорӣ мекард. Соли 86-и то милод ҳангоми Афинаро муҳосира кардани сарлашкари [[Рим]] Сулла бинои Академияи Афлотун вайрон шуд ва боғи он хароб гардид. Китобхонаи Академияи Афлотун низ нобуд шуд. Вале ҳанӯз дар соли 78 то милод Антиох дар Афина муаллимӣ мекард (Ситсерон дар назди ӯ дарс хондааст). Вазъи Академияи Афлотун то [[соли 176]], яъне то вақте ки дар [[Афина]] файласуфи РимРум Марк Аврелӣ чор кафедраи фалсафа таъсис кард, номаълум аст. Аз охири садаи II то охири садаи IV дар Академияи Афлотун асосан ба омӯзиши илми баён (риторика), [[адабиёт]] ва фанҳои маълумоти умумӣ машғул буданд. Дар замони Плутархи Афинагӣ (вафот тақрибан соли 432) ба Академияи Афлотун навафлотунияи майлони афлотинию ямвлихӣ дохил шуд. [[Соли 529]] Юстиниан дар Афина мактабҳои қадимаи фалсафиро барҳам дод. Тақрибан [[соли 531]] як қатор навафлотуниёни афинагӣ бо сарварии Дамаский ба дарбори шоҳи [[Давлати Сосониён|сосонӣ]] [[Анӯшервон|Хусрав]] муроҷиат карданд.
 
Эҳёи афлотуния дар садаи XV боиси таъсиси Академияи Афлотун дар Флоренсия (соли 1459) гардид. Навафлотуния заминаи асосии масъалаҳои фалсафии Академияи Афлотунии Флоренсия: аз тарғиби ғояҳои ишқи афлотунӣ то кӯшиши ба ҳам омехтани таълимоти афлотуния бо арастуия, қаббола, герметизм, [[зардуштия]] ва дигар навъҳои афкори динию фалсафӣ буд.