Реал Мадрид (бошгоҳи футбол): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Advanced mobile edit
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Advanced mobile edit
Сатри 74:
Дар миёнаи солҳои 50-уми қарни гузашта, замоне ки тасмим ба таъсиси як созмони футболи қораӣ гирифта шуд, то мусобиқаҳои мунтазамро барои бошгоҳҳо ва тимҳои миллӣ фароҳам орад, «Реал Мадрид» дар Испониё садрнишини асосӣ набуд. Бо вуҷуди ин, маҳз «Реал Мадрид» дар мавсими 1954/55 қаҳрамони [[Чемпионати футболи Испониё|Лигбартари Испониё]] шуд ва аввалин роҳхатро миёни бошгоҳҳои испонӣ барои ширкат дар [[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА|Ҷоми Қаҳрамонони Урупо]] мушарраф гашт. Аз он лаҳза, «Реал Мадрид» тӯли 5 сол рӯйиҳам ин [[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА|ҷом]]<nowiki/>ро ба номи худ мӯҳр зад. Дастовардҳои тим дар арсаи байналмилалро пирӯзиҳо дар [[Чемпионати футболи Испониё|Ла Лига]] ҳамқадам буданд, онҳо аз [[соли 1954]] то [[соли 1969|1969]] тавонистанд 12 маротиба қаҳрамони [[Чемпионати футболи Испониё|Лигбартар]] шаванд. Давоми зиёда аз даҳ сол тавре шуда буд, ки агар мадридиҳо имкони қаҳрамонӣ дар [[Чемпионати футболи Испониё|чемпионати дохили]]<nowiki/>ро аз даст медоданд, ҳатман соҳиби [[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА|Ҷоми қаҳрамонҳо]] мешуданд. Ҳамин тариқ, 15 сол пайиҳам дар бонуфузтарин мусобиқаи Урупо иштирок карданд ва бори аввал [[соли 1970]] бинобар ишғоли ҷои 6-ум дар [[Чемпионати футболи Испониё|Ла Лига]] аз он бенасиб шуданд. Дар он даврони тиллоии «Реал Мадрид», [[Алфредо Ди Стефано]]<nowiki/>и аргентинӣ (беҳтарин футболбози Урупо дар солҳои 1957 ва 1959), Раймон Копаи фаронсавӣ (ҷоизадори «Тӯби тиллоӣ» дар [[соли 1958]]), Ференс Пушкаши маҷорӣ (футболбози рақами дуи Урупо дар [[соли 1960]]), [[Франсиско Хенто]] - барандаи шашкаратаи [[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА|Ҷоми қаҳрамонҳо]] бозигарони калидӣ буданд. Дар миёнаи солҳои 60-ум [[Франсиско Хенто|Хенто]]<nowiki/>и бузургро [[Хосе Сантамария]], [[Амансио Амаро|Амансио]], [[Пирри|Пиррӣ]], [[Мигел Ангел Гонсалес Суарес|Мигел Анхел]] ҳамроҳӣ мекарданд.
 
Ба рафтани футболбозони кӯҳантаҷриба, анъанаҳои фотеҳонаи бошгоҳи «Шоҳона» дар Урупо тадриҷан аз байн рафт. Ҳаводорони мадридӣ рушди навбатии тимро қариби бист сол мунтазир шуданд, замоне ки насли ҷадид бо раҳбарии [[Эмилио Бутрагенйо]] ва наздиктарин ҳамдастаҳояш [[Мишел (футболбоз)|Мишел]], Ҳуго Санчез, [[Мануэл Санчис Онтиюело|«Маноло» Санчис]], [[Рафаэл Мартин Васкес|Мартин Васкес]] ва [[Мигел Пардеса]] омаданд. Онҳо ду маротиба қаҳрамони [[Ҷоми УЕФА]] ва панҷ маротиба дар [[Чемпионати футболи Испониё|чемпионати Испониё]] пайдарпай ғолиб шуданд.
 
=== Солҳои 1970-1990 ===