Реал Мадрид (бошгоҳи футбол): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Advanced mobile edit
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Advanced mobile edit
Сатри 110:
Шогирдони Моуринё дар мавсими 2011/12 дастоварди «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]»-ро, ки дар мавсими 2009/10 – 99 хол дар як фасл буд, бо касби 100 имтиёз шикаста, рекорди наве дар [[Чемпионати футболи Испониё|Ла Лига]] сабт карданд. Илова бар ин, «Реал Мадрид» аввалин тиме гардид, ки дар 32 бозии як мавсим пирӯз шуда, аз рӯи шумораи голҳо (121 гол) дар як фасл рекорд гузошт.
 
Тобистони [[соли 2012]] миёнмайдонҳои «[[Челси (бошгоҳи футбол)|Челси]]» [[Майкл Эссиен]] ва «[[Тоттенҳем Ҳотспур (бошгоҳи футбол)|Тоттенҳем]]» [[Лука Модрич]] ба Мадрид пайвастанд. Аввалӣ ба тарзи иҷора ва дуввумӣ харидорӣ шуд. Аммо як қатор бозикунҳо дастаро тарк карданд: [[Фернандо Гаго]] ва [[Серхио Каналес]] ба «[[Валенсия (бошгоҳи футбол)|Валенсия]]», [[Ҳамид Алтинтоп]] ба «Галатасарой», [[Эстебан Гранеро]] ба «Квинз Парк Рейнҷерс», Лассана Диарра ба «Анжи», Ройстон Дренте ба «Алания», [[Дани Карвахал]] ба «Байер 04» ва ба тарзи иҷоравӣ бошад [[Нури Шоҳин]] нахуст ба «[[Ливерпул (бошгоҳи футбол)|Ливерпул]]» ва зимистони соли 2012 ба «Боруссия Дортмунд». Зимистон дарвозабон [[Диего Лопес (дарвозабон)|Диего Лопес]], ки қаблан дар бошгоҳҳои «[[ВилярреалВийярреал (бошгоҳи футбол)|ВилярреалВийярреал]]» ва «[[Севийя (бошгоҳи футбол)|Севийя]]» ҳунарнамоӣ мекард, ба даста баргашт.
 
«Каҳкашониҳо» мавсими 2012/2013-ро бо шикаст додани дастаи «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» (ҳисоби умумӣ 4:4) дар Суперҷоми Испониё оғоз карданд. [[Чемпионати футболи Испониё|Лигбартари Испониё]]<nowiki/>ро бошад, дар зинаи дуюм ҷамъбаст карданд. Дар Ҷоми Испониё «Реал Мадрид» ба финал расид ва «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]»-ро дар ин масир аз мусобиқа берун кард, вале бозии финалиро бар «[[Атлетико Мадрид (бошгоҳи футбол)|Атлетико Мадрид]]» (1:2) бохт. Дар [[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА|Лигаи Қаҳрамонҳо]] «мадридиҳо» ҳунарнамоиро дар даври нимниҳоии мусобиқа бо шикаст хӯрдан аз тими «Боруссия Дортмунд» (дар маҷмӯъ 3:4) ба поён расонд.