Бухоро: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи имло using AWB
No edit summary
Сатри 66:
Бухоро пойтахти пуршукӯҳи [[Сомониён]] ва муҳимтарин шаҳри [[Мовароуннаҳр]] дар поёноби рӯди Зарафшон (қаблан рӯди Суғд), имрӯза дар ҷануби ғарбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон воқеъ аст.
 
Ҷуғрофинигорони садаи чаҳорум ҳиҷрии қамарӣ (минбад — ҳ. қ.) васфи ҷомеа аз Бухороро ба даст додаанд. Ба гуфтаи онон, ин шаҳр дар дашти ҳамвор ва бағоят сарсабз қарор дошт. Хонаҳо аз чӯб ва ба ҳам пайваста буд ва дар атрофи онҳо қасрҳо ва кӯшкҳо, боғҳо, маҳаллаҳо ва деҳаҳо чунон пайваста ва наздик буд, ки дар он миён вайрона ва фазои холӣ дида [https://mgmklub.co/ slot] намешуд. Масоҳати ин минтақа ба дувоздаҳ дар дувоздаҳ фарсах мерасид, ки бар гирдогирди он девори бузург кашида шуда буд.
 
Истахрро аз понздаҳ русто ва ноҳия, ки даруни ин девор ва ҳафт русто, ки дар беруни он ҷой доштаанд ном бурдааст. Шаҳри Бухоро Нумиҷкат ё Нумуҷкас хонда мешуд, ки қасабаи курраи Бухоро буд. Пештар Ромтин, ки деҳе бо куҳандези бузург ва қадимтар аз шаҳри Бухоро буд, қароргоҳи подшоҳон буд. Бо шаҳр шудани Бухоро Ромтин аз равнақ афтод ва ба сурати қароргоҳи зимистонии онон даромад ва баъдан перомуни он хароб шуд.
 
=== Девори «Кампирак» ===
Аз шаҳри Бухоро то дарвозаи девори перомуни Бухоро ва ободиҳои атроф се фарсах роҳ будааст. Ба ривояти Масъудӣ ин деворро яке аз подшоҳони [[Суғд]] дар аҳди Бостон барои ҷилавгирӣ аз таҷовуз ва ғорати қабилаҳои Турк бино карда будааст. Ин девор пас аз он, ки ба дасти Абулаббос Фазл ибни Сулаймони Тӯсӣ, амири [https://olb88.vip/ slot] Хуросон (166—171 ҳ. қ.) вайрон гардид, дар замони Маҳдӣ, халифаи Аббосӣ (158—169 ҳ. қ.) бозсозӣ шуд. Бо вуҷуди ин, Қубовӣ, мутарҷими таърихи Бухоро, ба нақл аз «Хазоин-ул-улум»-и Абулҳасани Нишопурӣ бинои ин деворро, ки мардум «Канпарак» («Канпарак») мехондаанд, дар аҳди мутааххир аз он замон ва ба дасти Абулаббоси Тӯсӣ ёд кардааст. Ба гуфтаи вай, дар соли 166 ҳ. қ., ки Абулаббос аз тарафи Маҳдӣ, халифаи Аббосӣ, ба аморати [[Хуросон]] расид ва дар Марв мустақар шуд, ба дунболи шикояти бузургони Бухоро аз тохту този қабоили Турк амири Бухоро Мӯҳтадӣ ибни Ҳаммоди Зуҳалиро маъмур сохт, то перомуни Бухоро ва рустоҳои он, боруе (деворе) ба шакли боруи Самарқанд, ки дар замони пеш аз Ислом ба дасти зане аз подшоҳони Суғд сохта шуда буд, бисозад. Мӯҳтадӣ низ дастур дод дар ҳар фарсанг як дарвоза ва дар ҳар ним мил бурҷи устувор бисозанд. Назорат бар сохти девор ба қозии Бухоро Саъд ибни Халафи Бухорӣ вогузор шуд ва дар 215 ҳ. қ. кор ба поён расид. Ба ҳар рӯй, бар асоси гуфтаи Масъудӣ, ҷойи ин суол боқӣ аст, ки оё бинои ин девор ба бозсозии боруи қадим [https://olbcrash.site/ slot] бозмегардад ва ё он ки бинои нав ба шумор меояд, зеро биноҳое аз ин навъ — чунонки аз васфи Истробун аз иқлими Марғиёна (Марви кунунӣ) ба даст меояд — аз аҳди бисёр қадим дар Осиёи Миёна вуҷуд доштааст.
 
Таъмир ва нигаҳдории ин девор хазинаи молӣ ва нерӯи инсони зиёдеро талаб мекард, ки мебоист мардуми Бухоро таъмин мекарданд. Аз ин рӯ, дар замони [[Исмоили Сомонӣ|амир Исмоил]] ин кор мутаваққиф ва девор хароб шуд, зеро вай роҳи дифоъ аз Бухороро ҷиҳоди мустамир бо душманон медонист. Ба ғайр аз девори бузурги дашти Бухоро девори дигаре низ перомуни шаҳри Бухоро ва қасрҳову хонаҳо, кӯшкҳо ва боғҳои он, ки сокинони доимиро дар худ ҷой медод, кашида шуда буд, ки масоҳати он ба як фарсах дар як фарсах мерасид. Ин девор, ки дар таърихи Бухоро аз он ба «Рабз» ёд шуда, мегӯянд, дар соли 235 ҳ. ба амри Аҳмад ибни Холид амири Бухоро ва барои эминӣ аз дуздони шаб бо бурҷҳо ва дарвозаҳое сохта шуд, ки дар садаҳои баъд дар асари лашкаркашиҳо борҳо вайрон ва бозсозӣ гардид.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бухоро"