Реал Мадрид (бошгоҳи футбол): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Advanced mobile edit
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Advanced mobile edit
Сатри 98:
 
=== Бозгашти дубораи Перес ===
Қабл аз интихобот ҳама рақибон номзадии худро пас гирифтанд ва [[Флорентино Перес]] [[1 июн|1-уми июн]] [[соли 2009]], бидуни овоздиҳӣ боз президенти «Реал Мадрид» шуд<ref>{{cite web|url=//http://news.bbc.co.uk/sport2/hi/football/europe/8076515.stm|title=Perez to return as Real president|website=uefa.com|accessdate=2009-06-01|archiveurl=https://web.archive.org/web/20160114075411/https://http/|archivedate=2016-01-14}}</ref>. Пас аз бозгашт Перес ба ташкил кардани “галактикос”-и комилан нав шурӯъ кард. Ибтидо, дар даста тағйироти раҳбарӣ сурат гирифт: [[Зайниддин Зидон]] бозикуни собиқи «Реал Мадрид» мушовири президент шуд. Рӯзи [[9 июн|9-уми июн]] пас аз музокироти тӯлонӣ ва сару садоҳои мухталиф миёнмайдони дастаи «[[Милан (бошгоҳи футбол)|Милан]]»-и Итолиё ва тими миллии Брозил [[Кака]] ба маблағи 68 миллион [[евро]] ба «Реал Мадрид» гузашт. Ӯ бо даста қарордоди шашсола имзо кард ва пас аз бозгашти Перес ситораи аввалин шуд. Пас аз он бо беҳтарин бозигари ҷаҳон дар [[соли 2008]] [[Криштиану Роналду]], ки дер боз орзуи пӯшидани пироҳани “бланкос”-ро дошт, шартнома ба имзо расид. Перес барои ситораи портуғолӣ 80 миллион [[Фунт Стерлинг|фунт стерлинг]] (93,4 миллион евро) пардохт кард. Рӯзҳои 25-уми июн ва 1-уми июл, [[Раул Албиол]] аз «[[Валенсия (бошгоҳи футбол)|Валенсия]]» ва [[Карим Бензема]] аз «[[Олимпик Лион (бошгоҳи футбол)|Олимпик Лион]]» ба арзиши 15 миллион ва 35 миллион евро ба «Реал Мадрид» гузариш намуданд. Миёнмайдон [[Эстебан Гранеро]] аз бошгоҳи «Хетафе», муҳофиз [[Алваро Арбелоа]] ва миёнмайдони такягоҳӣ [[Шаби Алонсо]] ҳарду аз бошгоҳи «[[Ливерпул (бошгоҳи футбол)|Ливерпул]]» ба ҳайати тими «Реал Мадрид» ҳамроҳ шуданд. Мадридиҳо барои интиқоли Арбелоа 4 миллион евро ва барои Алонсо 30 миллион [[Фунт Стерлинг|фунт стерлинг]] харҷ намуданд <ref>{{cite web|url=http://www.news.bbc.co.uk/sport2/hi/football/teams/l/liverpool/8184444.stm|title=Alonso completes £30m Real move|lang=en|publisher=BBC Sport|accessdate=2009-08-05|archiveurl=https://web.archive.org/web/20090805100933/http://news.bbc.co.uk/sport2/hi/football/teams/l/liverpool/8184444.stm|archivedate=2009-08-05}}</ref>.
 
Сарфи назар аз харидҳои муҳим, даста он мавсим натавонист ҳадди ақалл ҷомеро соҳиб шавад. Дар [[Чемпионати футболи Испониё|чемпионати Испониё]] «Реал» баъд аз тими «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» дар ҷои дуюм қарор гирифт. Бошгоҳ дар [[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА|Лигаи Қаҳрамонҳо]] низ шаҳди нокомӣ чашид ва шашумин бор пайиҳам дар марҳилаи 1/8-ниҳоӣ аз мусобиқот берун шуд. Дар Ҷоми Испониё бошад, даста дар марҳилаи аввал аз дастаи дивизиони сеюми Испониё «Алкоркон» шикаст хӯрда аз мубориза хориҷ шуд. Дар поёни мавсим сармураббӣ Мануел Пеллегрини барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахш аз мақомаш барканор шуд. Ҷозе Моуринё ки бо бошгоҳи итолиёвии «Интер» «ҳет-трики тиллоӣ» анҷом дода буд, пас аз гуфтушунидҳои кӯтоҳ сармураббии «Реал Мадрид» таъйин карда шуд<ref>{{cite web|url=https://www.independent.co.uk/sport/football/european/mourinho-to-be-unveiled-at-madrid-on-monday-after-1637m-compensation-deal-1986040.html|title=Mourinho to be unveiled at Madrid on Monday after £7m compensation deal|website=independent.co.uk|publisher=The Independent|accessdate=2010-05-31}}</ref><ref>{{cite web|url=http://news.bbc.co.uk/sport2/hi/football/europe/8708315.stm|title=Real Madrid unveil José Mourinho as their new coach|website=news.bbc.co.uk|publisher=BBC Sport|accessdate=2010-05-31}}</ref>.