Бухоро: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
No edit summary Барчасбҳо: Reverted вироишгари дидорӣ |
Praxidicae (баҳс | ҳисса) х Вироиши 182.2.72.110 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки VASHGIRD анҷом дода буд Барчасб: вогардонӣ |
||
Сатри 66:
Бухоро пойтахти пуршукӯҳи [[Сомониён]] ва муҳимтарин шаҳри [[Мовароуннаҳр]] дар поёноби рӯди Зарафшон (қаблан рӯди Суғд), имрӯза дар ҷануби ғарбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон воқеъ аст.
Ҷуғрофинигорони садаи чаҳорум ҳиҷрии қамарӣ (минбад — ҳ. қ.) васфи ҷомеа аз Бухороро ба даст додаанд. Ба гуфтаи онон, ин шаҳр дар дашти ҳамвор ва бағоят сарсабз қарор дошт. Хонаҳо аз чӯб ва ба ҳам пайваста буд ва дар атрофи онҳо қасрҳо ва кӯшкҳо, боғҳо, маҳаллаҳо ва деҳаҳо чунон пайваста ва наздик буд, ки дар он миён вайрона ва фазои холӣ дида
Истахрро аз понздаҳ русто ва ноҳия, ки даруни ин девор ва ҳафт русто, ки дар беруни он ҷой доштаанд ном бурдааст. Шаҳри Бухоро Нумиҷкат ё Нумуҷкас хонда мешуд, ки қасабаи курраи Бухоро буд. Пештар Ромтин, ки деҳе бо куҳандези бузург ва қадимтар аз шаҳри Бухоро буд, қароргоҳи подшоҳон буд. Бо шаҳр шудани Бухоро Ромтин аз равнақ афтод ва ба сурати қароргоҳи зимистонии онон даромад ва баъдан перомуни он хароб шуд.
=== Девори «Кампирак» ===
Аз шаҳри Бухоро то дарвозаи девори перомуни Бухоро ва ободиҳои атроф се фарсах роҳ будааст. Ба ривояти Масъудӣ ин деворро яке аз подшоҳони [[Суғд]] дар аҳди Бостон барои ҷилавгирӣ аз таҷовуз ва ғорати қабилаҳои Турк бино карда будааст. Ин девор пас аз он, ки ба дасти Абулаббос Фазл ибни Сулаймони Тӯсӣ, амири
Таъмир ва нигаҳдории ин девор хазинаи молӣ ва нерӯи инсони зиёдеро талаб мекард, ки мебоист мардуми Бухоро таъмин мекарданд. Аз ин рӯ, дар замони [[Исмоили Сомонӣ|амир Исмоил]] ин кор мутаваққиф ва девор хароб шуд, зеро вай роҳи дифоъ аз Бухороро ҷиҳоди мустамир бо душманон медонист. Ба ғайр аз девори бузурги дашти Бухоро девори дигаре низ перомуни шаҳри Бухоро ва қасрҳову хонаҳо, кӯшкҳо ва боғҳои он, ки сокинони доимиро дар худ ҷой медод, кашида шуда буд, ки масоҳати он ба як фарсах дар як фарсах мерасид. Ин девор, ки дар таърихи Бухоро аз он ба «Рабз» ёд шуда, мегӯянд, дар соли 235 ҳ. ба амри Аҳмад ибни Холид амири Бухоро ва барои эминӣ аз дуздони шаб бо бурҷҳо ва дарвозаҳое сохта шуд, ки дар садаҳои баъд дар асари лашкаркашиҳо борҳо вайрон ва бозсозӣ гардид.
|