Ҳарф: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 17:
Исбот: Басомади аломатҳои алифбои тоҷикӣ (ҳарфҳо бо фосила ва бе фосила) дар асарҳои шоирони классики адабиёти тоҷику форс, инчунин адибони гуногуни назму насри тоҷик аз мушоҳидаи оморӣ фарқнакунанда аст. Аз ҳамин ҷо дарк кардан мумкин аст, ки шоиру нависандагон дар асарҳои худ, аз замони пеш то ҳозир хеле кам калимаҳои навро дохил кардаанд, яъне калимаҳои куҳна бисёртар истифода шудаанд.

Басомади такроршавии ҳарф дар матн намуди калимаҳоро муайян кард, ки калимаҳо дар ҳама давраҳо якхелаанд. Яъне аз рӯи садонок ва ҳамсадоҳое, ки дар калимаҳо меоянд, калимаҳоро аз ҷиҳати оморӣ - математикӣ муайян мекунад, ки дар ҳама давраҳо муносибати зич доранд.
Дар рафти тадқиқотҳо маълумотҳои ҳаҷмашон хурд низ ҳисоб карда шуд, ки аз ҳама маълумоти камтар низ ҳамин хел натиҷаро нишон медиҳад. Басомади ҳарфҳо байни худ мувофиқ меоянд, инчунин коэффитсиенти муносибати зич аст ва фарзияҳо оидибарои натиҷаҳои оморӣ муҳимиятеро нишон доданд, ки ин асарҳои: Абулқосим [[Фирдавсӣ]] “Озармдухт” (1.13 Кб, 10 байт), Умар [[Хайём]] “Рубоиҳо” (26 Кб, 202 байт) ва Садриддин Айнӣ: Шеърҳо (11.5 Кб, 102 байт) мебошанд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки барои мо асари зиёдро коркард кардан лозим нест, 10 байт кифоя аст, ки басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикиро ба даст орем. Яъне мо метавонем аз рӯи ҳаҷми хурди маълумот басомади такроршавии ҳарфҳоро ҳисоб карда, хоси калимаҳои наву куҳнаашро муайян кунем.

Тадқиқотҳо оидибарои басомади вохӯрии ҳарфҳо дар рӯзнома ва маҷаллаҳои тоҷикӣ гузаронида шуд, ки натиҷаҳои дигар ба даст омаданд. Дар матнҳои маҷаллаву рӯзномаҳо миқдори такрорёбии ҳарфҳо дигар натиҷаро нишон доданд. Фоизнокии нишондиҳандаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо, аз асарҳои адибони классику муосир фарқкунанда баромад.

Ин натиҷаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки калимаҳои нави бегона, калимаҳо тарҷумашудаи хоси забони тоҷикӣ набуда, калимаҳои нави пайдо шуда ва ё ин ки калимаҳои замонавӣ бисёртар ба рӯзнома ва маҷаллаҳо дохил шудаанд, онҳо калимаҳои хоси забони тоҷикиро ба як миқдори муайян аз даст додаанд, зеро истифодаи дигар калимаҳо миқдори муайяни фоизнокии фарқкунандаро дар калимаҳо каме бисёртар нишон дод.

Хулоса: Тадқиқотҳои аввалин оид ба ҳисоби басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикӣ дар кори зерин Усманов З.Д., Солиев О.М. Проблема раскладки символов на компьютерной клавиатуре – Душанбе: Ирфон, 2010, 104 с.<ref>Усманов З.Д., Солиев О.М. Проблема раскладки символов на компьютерной клавиатуре – Душанбе: Ирфон, 2010, 104 с.</ref> оварда шудааст, лекин боз дар тадқиқоти дигар муқаррар карда шуд, ки басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикӣ дар асарҳои классикон ва асарҳои адибони муосир аз мушоҳидаи оморӣ фарқнакунанда аст <ref>Усманов З.Д., Қосимов А.А. Частотность букв таджикской литературы – Доклады Академии наук Республики Таджикистан, 2015, т.58, № 2, соли 112-115</ref>,<ref>Косимов А.А. Басомади такроршавии ҳарфҳои адабиёти тоҷик – Маҷаллаи “Шафақ”, Нашрияи Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, 24.11.2015, №21, соли 2.</ref>. Ҳисоби миёнаи маълумот ба як ҳарфи алифбои тоҷикӣ ҳисоб карда шуд. Аз рӯи ин ҳисобҳо дар оянда тағйирёбии зуҳуроти калимаҳои навро забони тоҷикӣ муайян кардан осон хоҳад гашт.

Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ҳарф"