Тақсими кори байналмилалӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 35:
# «Воридотӣ»: вақте, ки аз ҳисоби воридоти маҳсулот хаҷми истеъмол аз имкониятҳои дохилии истеҳсолӣ зиёд мешавад.
==Назарияҳои асосии ТБМ==
Назарияҳои ТБМ аз давраҳои пеш дар тадқиқотҳои олимони иқтисодшинос, ба монанди А.Смит ва Д. Рикардо инъикос ёфта буданд. А.Смит дар тадқиқоти худ «Тадқиқот оидибарои табиат ва сабабҳои боигарии халқҳо» зарурияти тиҷорати озодро исбот мекард. Ба фикри вай маҳдудиятҳои гуногун дар роҳи тиҷорати озод ба ташаккулёбии тақсимоти меҳнат байни минтақаҳои алоҳида ва давлатҳо монеа мешавад. Бартарафкунии ин монеаҳо ва васеъкунии мубодилаи байналхалқи бояд ба махсусгардонии иқтисодҳои милли ва шиддат ёфтани алоқамандии тарафайни онҳо оварад, ки он дар натиҷа ба инкишофи хоҷагии ҷаҳонӣ меоварад. Ғояҳои А. Смитро дигар олимони машҳури иқтисодшинос ба монанди Д.Рикардо, Р. Торенс, Д. Милл давом додаанд. Дастоварди асосии классикон дар назарияи илмии ТБМ назарияи бартариятҳои нисбии Д. Рикардо мебошад. Асоси ин назарияро фарқиятҳои табиии иқтисодиёти миллии мамлакатҳо, яъне фарқиятҳои ҷуғрофӣ ва иқлимӣ, ташкил медиҳанд. Як гурӯҳи давлатҳо бояд саноатро инкишоф диҳанд, дигар гурӯҳи мамлакатҳо бошад дар истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ашёи хом махсус гардонида шаванд. Мубодилаи мутақобилаи маҳсулот ба баландшавии сатҳи некуаҳволии ин давлатҳо меоварад.
Назарияҳои муосири ТБМ аз тарафи олимони Ғарб кор карда шуда асосан назарияҳо оидибарои модернизатсияи ТБМ мебошанд.
Тадқиқотҳои олимони Ғарбро дар соҳаи модернизатсия шартан ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:
1. Вариантҳои гуногуни консепсияи «баҳамвобастагии давлатҳо»;