Сирдарё: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Farorud (баҳс | ҳисса)
Ботили нусхаи 1287549 аз тарафи 46.20.196.107 (Баҳс)
Барчасб: бекорсозӣ
Farorud (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 10:
}}
 
'''Сирдарё''' (ҳамч. ''Яксарт'' ё ''Сайҳун'') — яке аз артерияҳои бузурги обии сарзамини [[Осиёи Миёна]] буда, 443ҳ.км² масоҳат дошта, ҳавзааш дар байни 39º23'-46º арзи шимоли ва 61º-78º24' тули шарқи ҷойгир шудааст. Тӯли он аз шимол ба ҷануб ба масофаи 800 км ва аз ғарб ба шарқ 1600км аст. Ҳавзаи Сирдарё 32%-и масоҳати Осиёи Миёнаро ишғол кардааст. Ҷараёни солонаи дарё 14км мукааб аст. Ҳавзаи обғундории Сирдарё асосан ба қисми ғарбии силсилакӯҳҳои Тиёншон ва нишебиҳои қаторкӯҳҳои Олой ва нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Туркистон мансуб аст.
 
Сирдарё аз рӯдҳои Норин ва Қародарё сарчашма мегирад. Дар саробаш ([[Қирғизистон]]) Норин ном дорад.З ахираи обии рӯди Норин се маротиба зиёдтар нисбат ба Қародарё аст. Дарёи Сир идомаи рӯди Норин буда, Қародарё шохоби чапи он мебошад. Дарозии умумии Сирдарё аз он ҷое,ки Қародарёву Норин бо ҳам пайваст мешаванд 2212км аст, вале аз сароби Норин 3019км мебошад. Масоҳати ҳавзаи обғундории Сирдарё 219000 км²аст.