Ҳоҷӣ Абдулазиз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Мусиқидон}}
 
'''Ҳоҷӣ Абдулазиз''' (''Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов''; {{ВД-Дебоча}}) — овозхон, навозанда ва оҳангсози тоҷик, устоди забардас­ти «[[Шашмақом]]». ҲоҲофизи халқии Узбакистон (1933).
 
== Зиндагинома ==
Сатри 7:
 
Падари Абдулазиз ба мусиқӣ дилбастагӣ дошт ва бо думбура сурудҳои тоҷикиро месароид. Абдулазизи ҷавон аз шунидани таронаҳои ғамангези падараш ба мусиқӣ дил мебандад, нахустин саводи мусиқиро низ аз падараш меомӯзад.<ref>{{Cite web|url=https://ovozi.uz/45064/|title=Нобиғаи «Шашмақом» дар Самарқанд|author=Аҳмад РАҲМАТОВ, Абдураҳмон МУРОДОВ|date=2022-07-08|publisher=[[Овози Самарқанд]]}}</ref>
 
Усто Абдурасул барои ояндаи писараш чизеро дареғ намедошт. Вақте ки ӯ 6–7‑сола мешавад, ба мактаби ибтидоии куҳна меравад. Вай 4 сол дар мактаб мехонад ва сипас падараш Абдурасул ӯро ба яке аз мадрасаҳои Самарқанд мебарад. Дар солҳои таҳсил дар мадраса Ҳоҷӣ Абдулазиз бо осори Умари Хайём, Хоҷа Ҳофиз, Шайх Саъдӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Мирзо Бедил ва дигарон ошно мешавад. Устоди асосии ӯ аз дарси мусиқӣ Мирзо Меҳтар — карнайнавози маъруфи замони худ буд. Аз Ҳоҷӣ Раҳмонқул танбӯрнавозӣ ва аз Борухи Калҳак сурудхониро омӯхт. Ин ду устод Абдулазизи ҷавонро ба олами «Шашмақом» ворид карданд.
 
Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ду маротиба: бори аввал солҳои 1891–1892, маротибаи дуюм дар солҳои 1907–1908 ба Ҳаҷ рафтааст. Зимни сафари Ҳаҷ аз кишварҳои Гвинея, Гана, Уганда, Нигерия, Покистон, Ҳинд, Афғонистон, Эрон, Туркия ва Чин дидан карда, бо ҳунари онҳо ошно шуда, бар асоси шунидаҳои худ оҳангу таронаҳои зиёде эҷод мекунад.
 
Пас аз сафари нахустини Ҳаҷ, ӯ барои омӯзиши ҳамаҷонибаи «Шашмақом» ба Бухоро рафта, «Шашмақом»-ро пурра аз Ота Ҷалол Носиров, меомӯзад.
 
То даври Ҳоҷӣ Абдулазиз оҳангҳои «Шашмақом»-ро бо танбӯр менавохтанд, ӯ аввалин шуда, «Шашмақом»-ро дар дутор иҷро кард ва маҳорати камназири худро нишон дод.
 
== Даргузашт ==
Ҳоҷӣ Абдулазиз 9 январи соли 1936 даргузашт.
 
== Ҷоизаҳо ==
Соли 1933 дар Тошканд нахустин анҷумани ҳунармандон баргузор шуд, ки Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасуловро низ ба он тадбир даъват карданд. Дар ин вақт ҳофизи машҳур 80‑сола буд. Дар поёни анҷуман ба Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ва Домло Ҳалим Ибодов унвони «Ҳофизи халқии Ӯзбекистон» дода шуд.
 
== Гиромидошт ==
Бар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Узбакистон аз 6 майи 2020 ва қарори ҳокими вилояти Самарқанд аз 11‑уми июни соли 2020 хонае, ки Ҳоҷӣ Абдулазиз зиндагӣ кардааст, ба Хона-музей табдил дода шуд ва он ба тасарруфи Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд гузашт.
 
== Эзоҳ ==