Гурба: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳи имло using AWB
No edit summary
Сатри 1:
{{Таксон
| image file = Cat poster 1.jpg
| images_set = {{4 тасвир|im1=Кот.jpg|cap1=Мейн-кун|im2=Sonny Bunny.jpg|cap2=Гурба персӣ|im3=Dimka and Tupolev.jpg|cap3=Русская голубая|im4=Neighbours Siamese.jpg|cap4=Гурба таиландӣ}}
| image descr =
| regnum = Ҷонварон
| parent = Felis silvestris
| rang = ЗернамудГуна
| latin = Felis silvestris catus
| author = [[Linnaeus]], [[1758 год в науке|1758]]
| syn =
* {{btname|Felis silvestris catus|(Linnaeus, 1758)}}
* {{btname|Felis catus domestica|<br>([[Erxleben]], 1777)}}
* {{btname|Felis domestica|Erxleben, 1777}}
| wikispecies = Felis silvestris catus
}}
'''Гурба''' ({{lang-la|Felis catus}}) — '''пишак''', '''пушак''', '''синнавр''', '''ҳирф''' — ҷонвари хонагӣ. Ба оилаи гурбашаклҳои қатори дарандагон мансуб мебошад.
 
Ҳоло қариб 260 зоти Г. ба вуҷуд оварда шудааст. Г.-ро тақр. 9500 сол қабл дар Шарқи Наздик хонагӣ кардаанд. Г. ҳайвони чолок, ҳушёр ва тездав буда, бо ёрии чанголҳои гирояш ба дару девор ва дарахтон часпида мебарояд. Чанголҳои Г.-ро рагу пайҳо ба дарун кашида меистанд ва фақат дар мавриди часпида баромадан ё доштани сайд берун меоянд. Ҳангоми роҳ рафтан, Г. нармаки панҷаашро ба замин гузошта, садо намебарорад. Мӯи баъзе Г.-ҳо дарози пахмоқ, дигарашон кӯтоҳи маҳин аст. Рангаш сиёҳ, малла, хокистарӣ, сафеди хокистарӣ; гоҳе палангранг (ало, рах-рах) низ мешаванд. Сараш лунда, танаш калон (40-60 см), гардану пойҳояш боқувват; думаш дароз (25-41 см); модинааш нисбат ба нарина хурдтар аст. Вазнаш андаряк 2,5-6,5 кг (баъзан 9 кг ва бештар). Суфраи гӯши Г. то 180° ҳаракат мекунад. Шунавоии Г.-ҳо хуб тараққӣ кардааст. Г. дар 7-8-моҳагӣ болиғ мешавад. Давомоти ҳамлаш 55-60 рӯз; 3-8 гурбача мезояд. Муҳлати ширхорагии гурбачаҳо 8-10 ҳафта аст. Ғизои Г.-ҳои хонагӣ гӯшт, гӯшти моҳӣ, шир, хӯрокҳои тайёри махсус ва ғ. мебошад. Г.-ҳо таъми турш, талх ва шӯрро ҳис мекунанд. Онҳо муш, калламуш ва дигар ҷонварони зараррасонро нобуд менамоянд. Дар ҳолати аз нигоҳубин маҳрум шудан, Г. гурехта ёбоӣ мешавад: парандаҳоро дошта мехӯрад, лонаи онҳоро вайрон карда, чӯҷаҳояшонро нобуд мекунад. Чунин Г.-ҳо метавонанд паҳнкунандаи касалиҳои сироятӣ (калӣ ё ҷараб, шукуфаи мӯйчин) ва ангали (трихинеллёз, описторхоз дифиллобатриоз ва ғ.)-и одам ва ҳайвонот бошанд.
'''Гурба''' (Felis ocreata domestica) [[пишак]], пушак, синнавр, ҳирф — ҳайвонест [[дарранда]]. Сари лунда, гардану пойҳои боқувват, чанголи тез ва думи дароз дорад; якранг ([[сафед]], [[сиёҳ]], [[малла]]) ё гуногунранг (ало, рах-рах ва ғайра.) мешавад. Мӯи баъзе гурбаҳо дарози паҳмоқ, ва баъзеашон кӯтоҳу маҳин аст. Гурба ҳайвони чолок буда, ба девору дарахт ба осонӣ мебарояд. Ҳангоми роҳ рафтан нармаки панҷаашро ба замин мемонад ва садо намебарорад. Чанголи Гурбаро пайҳои чандир дарун кашида меистанд ва танҳо мавриди ба дару девор часпида баромадаи ё доштани туъма берун мешавад. Аъзои сомеааш нағз инкишоф ёфтааст. Аъзои шоммааш суст буда, чашмонаш эҳтимол фақат наздикро мебинад. Гурба зуд калон мешавад. Дар 7—8-моҳагӣ болиғ мегардад. Соле 2 маротиба ([[март]] ва аввали [[июн]]) ҷуфтӣ мешавад. Мӯҳлати хамлаш 8 ҳафта; то 5—6 бачаи нобино мезояд (чашмн гурбачаҳо дар 9-рузагӣ кушода мешавад). Гурба [[муш]]у [[калламуш]] ва дигар зараррасонҳои хоҷагии қишлоқро нобуд мекунад. Дар шароити хона ба гурба асосан [[гушт]] ва [[шир]] медиҳанд. Дар аснои нағз нигоҳубин накардан гурба ба борот, полиз ё [[дашт]]у [[саҳро]] гурехта, ёбоӣ мешавад, [[муш]]у [[парранда]]ҳоро дошта мехӯрад, лонаи паррандаҳоро вайрон ва чӯҷаи онҳоро нобуд мекунад. Ин гуна Гурбаҳоро нест бояд кард, зеро онҳо паҳнкунандаи касалиҳои сироятӣ (калиё чараб, шукуфаи муйчин) ва паразитии (трихинеллёз, описторхоз, дифиллоботриоз ва ғайраро) одам ва ҳайвонот мебошанд.
 
==Адабиёт Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
* Новиков Г. А., Хищные млекопитающие фауны СССР, М—Л., 1956; Гептнер В. Г., Слудский А. А., Млекопитающие Советского Союза, т. 2, ч. 2, М-, 1972.
 
== Адабиёт ==
* {{ЭМТ|Гурба|4|муаллиф=А. Саидов}}
{{ПБ}}
 
[[Гурӯҳ:Олами ҳайвонот]]
[[Гурӯҳ:Ҳайвоноти хонагӣ]]
[[Гурӯҳ:Ҳайвонот аз рӯи алифбо]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Гурба"