Би-би-сӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Replacing BBC.svg with File:BBC_logo_(1997-2021).svg (by CommonsDelinker because: File renamed:).
х →‎Таърих: clean up using AWB
 
Сатри 28:
 
== Таърих ==
Би-Би-Сӣ соли 1922 таъсис ёфтааст. Аз маҷмӯаи барномаҳои радиоиву Интернет ва телевизион иборат аст. '''BBC''' ширкати ғайридавлатист; он созмони ҷамъиятӣ буда, дорои шӯрои назорат (иборат аз 12 сарпараст) аст, ки аз ҷониби маликаи Британия таъйин мешаванд. '''BBC''' дар дохили Британия беш аз 20 шабакаи гуногуни телевизионӣ, аз ҷумла шабакаи шабонарӯзии BBC News ва 14 шабакаи радиоӣ дорад, ки охирин таҳаввулоти кишвару ҷаҳон, навгониҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ғ-ро баррасӣ мекунад. Офариниши филмҳои мустанад аз диг. самтҳои фаъолияти BBC аст. BBC пиромуни асрори Замин ва Кайҳон, олами наботот, ҳайвонот, парандагон ва ғ. силсилаи филмҳои мустанад таҳия кардааст, ки ба дигар забонҳо низ баргардон шудаанд. Хадамоти ҷаҳонии BBC аз с.соли 1932 ба кор шурӯъ кард ва имрӯз ба 27 забон, аз ҷумла ба забони форсӣ барномаҳо дорад. Бахши форсии BBC корашро аз 29 дек. 1940 бо пахши як соат барнома дар ҳафтае оғоз кард. Имрӯз ҳафтае 20 соат барнома пахш мекунад. Пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон намояндагии он дар кишвар боз шуд. Шабакаи форсии телевизиони Би-Би-Сӣ аз янв. 2009 бо 8 соат барнома дар рӯз ба кор оғоз намуд. Шуои амвоҷи он аз Эрону Афғонистону Осиёи Марказӣ то Ховари Миёнаву Аврупо мерасад.
Ин маркази расонаӣ дар хонаи расона дар [[Лондон]] мустақар аст ва куҳантарин созмони расонаии миллии ҷаҳон мебошад, ки бар асоси омори соли 2014 бар пояи теъдоди коркунон бо 20 950 корманд ва 16 672 нафар дар бахши расонаи умумӣ, ки шомили қарордодҳои поравақти қобили тағйир ба собит дар маҷмӯъ бо 35 402 корманд бузургтарин расонаи пахши ҳамагонӣ дар ҷаҳон аст.