Зодоварӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 5:
 
=== Зодоварии наботот ===
Афзоиши [[растанӣ|рустанӣ]]. Барои рустанӣ ғайр аз афзоиши ҷинсӣ тарзҳои гуногуни Афзоиши ғайриҷинсӣ ва нашвӣ хос мебошанд. Ҳангоми афзоиши нашвӣ аз узвҳои нашвӣ (поя, реша, барг, лӯндаҳои реша ва поя, пиёзак, печакҳо ва ғайра) насли нав инкишоф меёбад. Macалан, картошка ва ноки заминӣ аз лӯндаҳо (дар нӯги решапоя ҳосил мешаванд), занбақ, баъзе намудҳои [[пиёз]], сунбул, заъфарон аз пиёзак, бектошӣ, қот, баъзе хӯшаиҳо, оташгул аз муғҷаҳои асосии навда, [[савсан]], карнайгул, қашқарӣ аз решапоя, бисёр навъҳои бед, себи худрӯй, тамашк, олболу, [[олу]] ва ғайра аз муғҷаҳои реша месабзанд. Пайванд, фарғуч ва қаламча низ навъҳои афзоиши нашвии рустанианд. Аз рустаниҳои афзоишашон нашвӣ дар натиҷаи мутатсия бисёр навъҳои пурбаҳо рӯёнда шудааст. Вале [[мутатсия]] баъзан хосияти навъҳои рустаниро метавонад бадтар кунад. Бинобар ин, ҳангоми афзоиши нашвӣ аломатҳои рустаниро ҳамеша назорат кардан лозим. Ба воситаи афзоиши нашвӣ аз як рустанӣ наслҳои аломату хосиятҳояшон гуногун рӯёндан мумкин аст. Баъзе [[обсабз]]ҳои якҳуҷайра ва бактерияҳо низ бо роҳи нашвӣ афзоиш мекунанд. Афзоиши ғайриҷинсӣ (спораҳосилкунӣ) ба воситаи ҳуҷайраҳои махсус — [[спораҳо]] (дар рустаниҳои хушкӣ) ва зооспораҳо (дар рустаниҳои обӣ) ба амал меояд. Спораҳо (зооспораҳо) дар спорангийҳо (зооспорангийҳо) инкишоф меёбанд. Вобаста ба пайдоиш ва вазифа спораҳо ду гуруҳ (спораҳои афзоиши ғайриҷинсӣ ва спораҳои афзоиши ҷинсӣ) мешаванд. Спораҳои афзоиши ғайриҷинсӣ дар баъзе занбӯруғу обсабзҳо (хламидомонада, хлорелла ва ғайра) ба вуҷуд меоянд. Онҳо дар ҳуҷайраҳои муқаррарӣ ҳосил шуда, бидуни ба ҳуҷайраи дигар омехта шудан насли нав ба вуҷуд меоранд. Афзоиши ҷинсӣ аз афзоиши нашвӣ ва ғайриҷинсӣ фарқ дорад. Ҳангоми афзоиши ҷинсӣ ду ҳуҷайра (аксар гаметаҳо) ба ҳамдигар омехта мегардад. Дар рустаниҳои спорадори дараҷаи олӣ ва баъзе занбӯруғҳо спораҳои афзоиши ҷинсӣ ҳосил мешаванд, ки бевосита насли нав дода наметавонанд. Афзоиши ҷинсии рустаниҳо дар ҷараёни таҳаввулот пайдо шудааст. Он дар рустаниҳои дараҷаи паст ниҳоят гуногун мебошад. Дар чунин рустаниҳо дар натиҷаи бордорӣ (конъюгатсия, изогамия, гетерогамия, хологамия, оогамия ва ғайра) зигота ва аз он таллом (дар аксар обсабзҳои бӯр) ё спора (масалан, карпоспораи обсабзҳои сурх) ҳосил мешавад. Узвҳои Афзоиши ҷинсии ушнаҳо (рустаниҳои спорадори дараҷаи олӣ) дар худи рустанӣ ба вуҷуд меоянд. Дар баъзе ушнаҳо узви нарина (антеридий) ва модина (архегоний) дар як рустанӣ инкишоф меёбад. Архегоний ҳуҷайратухм ва антеридий сперматозоидҳои бисёр дорад. [[Сперматозоидҳо]] ба воситаи шабнам ё қатраи борон ба архегоний ворид шуда, бо ҳуҷайратухм омехта мегарданд. Сонӣ аз ҳуҷайратухми бордор спорофит (диплоид) ва дар ғӯзаи он спора (барои афзоиши ғайриҷинсӣ) ҳосил мешавад. Антеридий ва архегонийи сарахсҳо, чилбандҳо, мунмунаҳо ба узвҳои афзоиши ушнаҳо монанд аст. Рустаниҳои лучтухм ва пӯшидатухм дар натиҷаи бордорӣ тухм ҳосил мекунанд. Тухми рустаниҳои лучтухм (масалан, санавбар) аз тухммуғҷа пайдо мешавад. Дар тухммуғҷа 4 мегаспораҳои модина ба вуҷуд омада, сонӣ аз якеи онҳо (мегаспораҳои дигар нобуд мешаванд) нешак ташаккул меёбад. Нешак аз эндосперма ва якчанд архегоний иборат аст. Баъди бордорӣ ҳуҷайратухми яке аз архегонийҳо (ҳуҷайратухмҳои дигар одатан нобуд мешаванд), ки зигота ҳосил кардааст, тақсим мешавад ва аз он ҷанин ташаккул меёбад. Рустаниҳои пӯшидатухм узви махсус — гул доранд. Тухммуғҷаи чунин рустаниҳо дар дохили ғӯраи гул ҷойгир аст. Дар он 4 мегаспора ҳосил мешавад (фақат якеаш инкишоф меёбад). Аз тухммуғҷа тухм ва аз ғӯра мева ба вуҷуд меояд. Дар баъзе рустаниҳои гулдор бе бордорӣ ҳам тухм ҳосил мешавад. Ток, олуболу, [[олуча]], себ, [[зардолу]] ва дигар дарахтони худрӯи мевадор асосан аз тухм инкишоф меёбанд (ин барои дар хок дурусттар ҷой гирифтани онҳо имкон медиҳад). Афзоиши ҷинсиро дар истеҳсоли меваҷот хеле кам истифода мебаранд, чунки парвариши ниҳолҳои аз тухм афзоишёбанда душвор буда, онҳо суст нуму мекунанд ва дер (6-7 сол) самар меоваранд. Дар чунин ниҳолҳо аломатҳои ирсии шаклҳои худрӯй бештар зоҳир мегарданд, вале сифати баъзеи онҳо нисбат ба рустании модарӣ беҳтар шуданаш мумкин. Ҳангоми шинондани донак ё кишти тухм қобилияти нешзании онҳо ба назар гирифта мешавад. Фақат тухми комилан расида хуб неш мезанад. Барои ҳамин ҳаммеваи дарахтони барои тухмӣ пешбинишударо пас аз пухтан мечинанд.
 
== Эзоҳ ==