Пиряхшиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи имло using AWB
х →‎Таърих: clean up using AWB
 
Сатри 4:
 
== Таърих ==
Илми пиряхшиносӣ дар охири асри 18 ҳамчун низоми донишҳои илмӣ ташаккул ёфт. Бори аввал олими швейсариягӣ О. Сосюр илми пиряхшиносиро эътироф намуд. Дар Русия таҳқиқоти пиряхшиносӣ аз нимаи дуввуми асри 19 бо ташаббуси Ҷамъияти ҷуғрофиёии рус бо сарварии И. В. Мушкетов оғоз гардид. Пиряхҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон, ки минтақаи бузургтарини яхбандиҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд (масоҳати умумии пиряхҳо тақр. 10 ҳазор км², аз ҷумла пиряхҳои Бадахшон 8041 км²) мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Олимони рус А. П. Федченко, В. Ф. Ошанин, И. В. Липский ва дигарон дар бораи пиряхҳои Тоҷикистон маълумот додаанд. Геологҳои олмонӣ Л. Нёт ва Г. Л. Юдин аввалин харитаи схематикӣ-геологии пиряхҳои водиҳои Кӯҳдара, Бартанг, Язгулом, Мурғоб, Кокуйбел ва Пшартро дар миқёси 1: 500.000 тартиб доданд. Г. Д. Забиров таҳқиқоти то Инқилоби Октябри пиряхшиносӣро таҳлил намуда, онро ба ду давра тақсим намудааст. Давраи якум — экспедитсияи тоинқилобии П. П. Семён-Тяншанскийро давраи кашфиёт ва ҷамъ намудани маводди воқеӣ номида, давраи дуввум таъсисёбии комиссияи пиряхшиносон бо ташаббуси Ҷамъияти ҷуғрофиёӣ соли 1895 ва Ҷамъияти ҷуғрофиёии рус дар Туркистон соли 1897-ро дар бар мегирад. Дар давраи якуми таҳқиқоти пиряхҳои Осиёи Марказӣ олимон П. П. Семён-Тяншанский, А. П. Федченко, Н. А. Севарсов, Г. Е. Грумм-Гржимайло, И. В. Мушкетов, В. И. Липский саҳми арзанда гузоштанд. Маълумотнома ва рӯйхатти пиряхҳои Осиёи Марказиро олимон Н. Л. Корженевский, Н. Н. Палгов ва Р. Д. Забиров ҷамъоварӣ ва нашр намуданд. Солҳои 1868-71 сайёҳи рус А. П. Федченко бори аввал ба водии Олой сафар намуда, қ-кӯҳи Паси Олойро кашф намуд ва қуллаи баландтарини он Кауфман, минбаъд Ленин (ҳоло Абуалӣ Сино, 7134 м)-ро фатҳ кард. Таҳқиқоти давраи дуввум аз барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна оғоз меёбад, ки дар ин марҳала давраи нави инкишофи пиряхшиносӣ фаро расид ва он аз дарки амиқи табиати ях ва бо ёрии усулҳои нави дақиқ доир намудани таҳқиқоти доимӣ иборат буд. Инчунин олимон ба тағйироти иқлимӣ вобаста будани пиряхҳоро муайян карданд, дар бораи яхбандиҳо тасаввуроти амиқ ҳосил гардид. Оид ба каму зиёдшавии пиряхҳо ва ҷойгиршавии онҳо маълумот ҷамъ оварда шуд. Соли 1928 АИ ИҶШС барои омӯхтани мавзеъҳои душворгузар ва куллан наомӯхтаи Помир ва пиряхҳои он экспедитсияи бузург ташкил намуд, ки он барои таҳқиқи ояндаи илми пиряхшиносӣ замина гузошт. Соли 1930 ҳидрограф ва глятсиологи маъруф проф.профессор Л. Н. Корженевский рӯйхатти пиряхҳои Тоҷикистонро мураттаб сохт. Экспедитсияи муташаккили Тоҷикистон, ки соли 1932 таъсис ёфт, ба таҳқиқи Помир машғул шуд. Он соли 1933 номи Экспедитсияи таҳқиқоти Помиру Тоҷикистонро гирифт. Солҳои 1932-33 тибқи «Барномаи соли қутбии байналмилалӣ» корҳои пиряхшиносӣ дар авҷ буд. Дар ин муддат маркшейдерон Р. Финстедвалдер (Олмон) ва И. Г. Дорофеев (Русия) бо усули фотограмметрия харитаи ҷуғрофии маҳалро тартиб доданд, ки дар он пиряхи Федченко (77 км) акс гардида буд. Дар таҳқиқоти муташаккиле, ки аз рӯи барномаи Даҳсолаи байналмилалии ҳидрологӣ (1965-75) доир шуд, омӯхтани яху пиряхҳо ҷои асосиро гирифт. Дар ИҶШС, Швейсария, ИМА, Канада, Итолиё, Фаронса, Британияи Кабир, Ҷопон ва Аргентина бо мақсади омӯхтани яху пиряхҳо муассисаҳои махсус ташкил карда шудаанд. Таҳқиқоти пиряхшиносӣи муосир имкон медиҳад, ки оби дарёҳо самарабахш истифода шаванд ва пеши роҳи офатҳои табиӣ, тармафуроӣ, сел, обхезӣ гирифта шавад. Тартиби ҷойгиршавӣ ва обшавии пиряхҳо номураттаб буда, дар натиҷаи суст об шудани онҳо оби дарёҳои аз пиряхҳо ғизогиранда кам мешавад ва талаботи хоҷагии халқро таъмин карда наметавонад. Аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон давраи таназзулро аз сар мегузаронанд. Ба таҳқиқи пиряхҳои Тоҷикистон Институти масъалаҳои об, ҳидроэнергетика ва экологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии гидрометеорологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои ҷуғрофиё ва геологияи донишгоҳҳои миллӣ ва омӯзгорӣ машғуланд.
 
== Эзоҳ ==