Абдурраҳмони Ҷомӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 85:
::Чун наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст.
 
==<nowiki>=«Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ===</nowiki>
Дар сарчашмаҳои илмию адабӣ оварда шудааст, ки теъдоди асарҳои назмиву насрии А.Ҷомӣ 54 адад мебошад. «[[Баҳористон]]», «Нафаҳот-ул-унс» ва «Муншаот» аз зумраи асарҳои насрии Абдураҳмони Ҷомӣ маҳсуб меёбанд. Мекӯшем, то оид ба асари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Нафаҳот-ул-унс» ибрози андеша намоем. Асари тарҷумаиҳолии «Нафаҳот-ул-унс» дар бораи ҳаётуҳа''Матни хобида''ёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад.
«Нафаҳот-ул-унс-миқ-қударот-ул-қудус» (дар адабиёти илмию бадеӣ номи ихтисоршудаи он - «Нафаҳот-ул-унс» дида мешавад) асари насрӣ ва илмии Мавлоно Ҷомӣ буда, солҳои 1475-1476 бо забони тоҷикӣ таълиф гардидааст. Дар ин асар оид ба шарҳи ҳол ва тавсифи шайхони тасаввуфу шоирони асрҳои XIII ва XIV сухан меравад.
«Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз асарҳои гаронбаҳотарини ирфонӣ ба ҳисоб рафта, бо хоҳиш ва тақозои [[Алишери Навоӣ|Мир Алишери Навоӣ]] иншо шудааст. Асари мазкурро Абдураҳмони Ҷомӣ дар пайравии «Табақот-ус-суфия»-и [[Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ]] навиштааст, аммо асар аз ҷиҳати таркибу сохт ба «Тазкират-ул-авлиё»-и [[Аттор|Фаридаддуни Аттор]] шабоҳат дорад.
Сатри 98:
«Фармуд, ки суҳбат азизаст… ва гуфт, ки дар ин маънӣ ҳазрати Худовандам Шамсиддин Табрезӣ фармуданд, ки аломати муриди қабулёфта он аст, ки аслан бо мардуми бегона суҳбат надорад ва агар ногоҳ дар суҳбате бегона афтад, чунон биншинад, ки мунофиқ дар масҷид ва кӯдак дар мактаб ва асир дар зиндон…» Ҷомӣ дар ин ҷо ситоиши ахлоқи ҳамидаву накӯҳиши ахлоқи разиларо овардааст, зеро худи ӯ орифи баркамол аст
Дар «Роҷеъ ба Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ» оварда шудааст, ки «…вай лисонулғайб ва тарҷумонуласрор аст. Басо асрори ғайбия ва маънои ҳақиқа, ки дар кисвати сурат ва либоси маҷоз намуда, ҳарчанд маълум нест, ки вай дасти иродати шере гирифт ва дар тасаввуф ба яке аз ин тоифа нисбат дуруст карда, аммо суханони вай бар машраби ин тоифа воқеъ шудааст, ки ҳеч касро ин иттифоқ наяфтода. Яке аз азизони силсилаи хоҷагон фармудааст, ки ҳеч девон беҳ аз девони [[Ҳофизи Шерозӣ|Ҳофиз]] нест, агар марди суфӣ бошад ва чун ашъори вай аз он машҳуртар аст, ки ба эрод эҳтиёҷ дошта бошад, лоҷарам инони ҳилм аз он масруф мегардад». Мавлоно Ҷомӣ, ки дар ирфон ва дар шарҳи маорифи суфия шуҳрату овозаи бисёр дошт, суфиёну фақеҳони [[Ҳирот]] ба вай ҳурмати беандоза доштанд.<ref>{{Cite web |url=http://www.omuzgor-news.tj/?p=5642 |title=Орифи замон/«Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ |accessdate=2014-12-28 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20160305003514/http://www.omuzgor-news.tj/?p=5642 |archivedate=2016-03-05 }}</ref>
 
 
== Сафарҳои Ҷомӣ ==