Бохтар (шаҳр): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.9.2
TITANTJ (баҳс | ҳисса)
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Advanced mobile edit
Сатри 40:
 
== Таърих ==
Таърихномаҳо ва осори ҷуғрофиёӣ гувоҳанд ки Қурғонтеппа дар гузашта [[Леваканд]] ном доштааст. Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳр дар ҷои Бохтар ҳануз дар замони [[Кушониён]] (садаҳои I – IV м.) вуҷуд доштааст<ref>''Ставиский Б. Я.'' Кушанская Бактрия. Проблемы истории и культуры. — М.: Наука, 1977. – 296 с. – саҳ. 69</ref>. Он шаҳр то замони густариши [[ислом]] дар [[Тоҷикзамин]] яке аз ободтарин шаҳрҳои [[Вахш]] будааст. Дар авохири садаи VII – оғози садаи VIII ин шаҳрро [[мусулмонон]] гирифтанд ва аз он пас дар таърихномаҳо ва осори ҷуғрофидонони исломӣ ин шаҳр ба номи Ловаканд ва [[Леваканд]] ёд шудааст. Чунончӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад Форсии [[Истахрӣ]] дар «'''Масолик вал-мамолик'''» (навишташуда дар соли 950 м.) менависад ки «'''аз Ловаканд (لاوَکـَند) то [[Ҳаловард]] (هـَلاوَرد) як манзил ва то Пули Сангин ду манзил роҳ будааст'''»<ref>''Истахрӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад Форсӣ.'' Масолик вал-мамолик. Г(Ба эҳтимоми Эраҷ Афшор). – Теҳрон: Интишороти ширкати интишоротии илмӣ ва фарҳангӣ, 1368 ш. / 1989 м. – саҳ. 217</ref>. Қадимитарин асари ҷуғрофиёӣ ба забони порсӣ - «'''Ҳудуд ул-олам'''» ки дар соли 982 м. таълиф шудааст – оварда ки «'''Леваканд (لیوَکـَند) аз Вахш аст, ҷоест ки аз вай гӯспанди вахшӣ хезад'''»<ref>«Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м. – саҳ. 119</ref>. Яке дигар аз ҷуғрофидонони машҳури садаи Х – Абуабдуллоҳ ибни Аҳмади '''Муқаддасӣ''' (945 – 1000 м.) дар китоби маъруфаш «'''Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим'''» ин шаҳрро «'''Ловаканд'''» навиштааст.
 
Бино бар манобеъи таърихӣ, [[Леваканд]] дар садаҳои X – XIII яке аз ду шаҳри калони [[Вахш]] буда вале ҳангоми ҳамлаи [[муғул]] дар соли [[1221]] аз дасти чингизиён нобуд шудааст. Дар паи қатли омми левакандиён ба дасти муғулҳо номи шаҳр аз ёдҳо рафт ва ҷояш низ фаромӯш гашт. Пас аз ҳафтсад сол вайронаҳои Левакандро бостоншиноси шӯравӣ Т.И. Зеймаль пайдо кард. Дар паи кофтуковҳои бостоншиносӣ ва баррасиҳои ҷуғрофӣ ошкор шуд ки [[Леваканд]] ҳамон харобаҳои Қурғонтеппа буда ки калонтарин харобаест ки аз садаҳои миёна дар бахши шимолии водии [[Вахш]] бозмондааст. Ин шаҳр дар канораи канали қадимаи Ҷӯйбор ҷой дошта ва қалъае будааст, ки аз рӯзи бунёд то оғози садаи ХХ дар таъмини амнияти Вахшонзамин нақши калидӣ доштааст<ref>''Зеймаль Т. И.'' Древние и средневековые каналы Вахшской долины. Страны и народы Востока, вып. 10. Средняя и Центральная Азия. — М., 1971. – с. 37 – 67. – саҳ. 50</ref>.
Сатри 46:
Ободии дубораи шаҳр аз садаи XVI оғоз мешавад. Номи кунунии шаҳр дар таърихномаҳои садаи XVII омада ва баргирифта аз қалъаест ки бар теппае дар маркази [[шаҳр]], дар миёни Ҷӯйбор ва Ҷӯи Хонум, ҷой дорад. Ба гуфтаи бостоншиносон ин теппа ҳанӯз дар замони ҳукмронии [[Кушониён]] вуҷуд доштааст. Соли [[1908]] олимони рус В.И. Масальский ва А.В. Нечаев навишта буданд,ки водии Вахш диёри камодам, сарзамини басо фақиру хароб аст. Бекигарии Қурғонтеппа дар [[аморати Бухоро]] камбағалтарин буд. Аҳолии шаҳр асосан ба косибӣ, кулогарӣ ва бофандагӣ машғул буд.
 
Танҳо дар давраи давлати шӯравӣ ш. Қурғонтеппа нашъу намо меёбад. Бо мақсади рушди пахтакори Ҳукумати [[ИҶШС]] лозим шуморид,ки дар [[водии Вахш]] шабакаи обёрикунии бузург сохта шавад. Солҳои 1931-1938 канали Вахш бо маблағи иттифоқ сохта шуд.Роҳи оҳани камбари 105 километраи Панҷи Поён - Қурғонтеппа дар солҳои 1931-1934 сохта шуд. Ҳазорон гектар заминҳо обёри карда шуданд ва хоҷагию ноҳияҳои нави кишоварзи дар атрофи ш. Қурғонтеппа ташкил ёфтанд. [[11 август]]и соли [[1937]] ш. Қурғонтеппа расман ба мақоми [[шаҳр]] соҳиб шуд. Апрели соли [[1977]] [[вилояти Қурғонтеппа]] ташкил ёфта, ноябри [[1992]] бошад, пас аз муттаҳид шудани ду вилоят Қурғонтеппаю Кӯлоб ва таъсис ёфтани [[вилояти Хатлон]] маркази маъмурии он [[шаҳр]]и Қурғонтеппа эълон гардид.<ref>Тавсифи табиию иқтисодии шаҳри Қурғонтеппа. - Қурғонтеппа, 2009 – саҳ.10-11</ref>
 
== Решашиносии ном ==
Реша ва маънои ҷойноми [[Леваканд]]ро дар забонҳои [[Забони суғдӣ|суғдӣ]] ва [[балхӣ]] бояд ҷуст. Бахши нахусти ин ҷойном - «лева-» дигаргашта аз вожаи балхии «дева-» ба маънии «эзид» аст ва бахши дувум – «-канд», яқинан бозмондаи вожаи [[авестои]]и '''*kanθā-''' > '''kand''' ба маънои '''ободӣ''' ва '''шаҳр''' аст, ки дар гузашта дар номгузории шаҳру рустоҳои [[Тоҷик]]замин корбурди фаровон дошта ва дар номи [[Мароканд]] ([[Самарқанд]]), [[Пайканд]], [[Панҷакент|Панҷиканд]], [[Бунҷикат]], [[Хуҷанд]], [[Чимканд]], [[Вобканд]] ва [[Қӯқанд|Хӯканд]] омадааст.