Лутфулло Бузургзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 26:
}}
 
'''Лутфулло Бузургзода''' (1909, деҳаи [[Навгилем]], [[ноҳияи Исфара|шаҳри]] [[ноҳияи Исфара|Исфара]]  — 12 ноябри соли [[1943]], деҳаи Прудка, вилояти [[Витебск]], [[Белоруссия]]), — забоншинос ва адабиётшиноси муосири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон‎ (1940). Сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 - 19451941—1945).
 
== Зиндагинома ==
Маълумоти миёнаро дар Исфараю Қазон ва олиро дар [[Самарқанд]]у [[Ленинград]] гирифтааст. Бузургзода чанд вақт муҳаррири нашриёт ва асосан муаллими ИДПД ва ба сифати ходими илмии Базаи Тоҷикистонии АИ [[ИҶШС]] ҳам кор мекард. Узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «[[Шарқи Сурх]]», раиси бахши нақду адабиётшиносии ИН Тоҷикистон, раиси куматаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи ходимони илм ва мактабҳои олии Тоҷикистон буд. Соли 1941 довталабона ба ҷанг рафт ва дар майдони набард кушта шуд.
 
== Эҷодиёт ==
Дар забоншиносӣ, шевашиносӣ, фолклор ва адабиётшиносӣ осори нисбатан зиёде боқӣ гузоштааст: «Зада дар забони адабии тоҷик», «Фонетикаи забони адабии тоҷик» (1940), «Морфологияи забони тоҷикӣ» (1941), «Синтаксиси забони тоҷикӣ» (1942), «Шеваи тоҷикони Чилгазӣ» (1936), «Шеваи Ворух», «Дар бораи шеваи тоҷикони Сӯх», «Шаклҳои феълии якчанд шеваҳои районҳои шимолӣ», «Шеваи Ленинобод» (1937), «Баъзе хусусиятҳои забони аҳолии Самарқанд» (1938), «Харитаи диалектологии шеваҳои тоҷикии водии Фарғона» (1939), «Очерки мухтасари диалектологияи тоҷик» (1939), «Гуруғли ва сайри таърихии он», «Достонгӯй ва шоири халқӣ Бобоюнус», «[[Чистон]]ҳо ва зарбулмасалҳои тоҷикӣ» (1940), «Инъикоси шӯриши Восеъ дар фолклор» (1941), «[[Носири Хусрав]] ҷӯяндаи ҳақиқат ва адолат» (1949), «Хоқонии Шервонӣ ва Сайфи Исфарангӣ», «Мақоми «Бӯстон»„Бӯстон“ дар эҷодиёти Саъдӣ», «Рисолаи мусиқии Ҷомӣ ва маданияти мусиқии халқи тоҷик» ва ғ. Қисми асосии ин таълифот дар филологияи тоҷик имрӯз ҳам муҳиманд. Бузургзода аз аввалин ташаббускорон ва ҷӯяндагони мазори устод [[Рӯдакӣ]] аст. «Бузургзода ба Рӯдак рафта он ҷоро ҳам ба чашми худ дид ва тафтиш намуда маълумотро тасдиқ ва таъкид карда омад. Бо ҳамин ихтилофи чандинасра бартараф шуда, қабри Рӯдакӣ, ки устод Рӯдакӣ аз он ҷост, муайян гардид» (С.Айнӣ, куллиёт.ҷ.11,кит.1,саҳ.158-159). Ҳамроҳи [[Холиқ Мирзозода]] ва [[Ҷалол Икромӣ]] тазкираи «Намунаҳои адабиёти тоҷик»-ро низ тартиб дод, ки он соли 1940, зери таҳрири Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода дар ҳаҷми 40 ҷузъи чопӣ ба табъ расид. Китоби «Гуруғлӣ»-ро ҳамроҳи [[Мирсаид Миршакар]] дар Ленинград ба нашр расонд.
 
*[[Исфара]]
== Эзоҳ ==
==Адабиёт доир ба Л. Бузургзода==
{{эзоҳ}}
* С.Айнӣ. Куллиёт. ҷ.11, кит.1, С. 158-159
 
{{хурд}}
Сатри 41:
[[Гурӯҳ:Забоншиносони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Филологони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон‎Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ]]