Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 45:
Соли 1940 Пойгоҳи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Филиали Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон бо институтҳои геология, ботаника, зоология ва паразитология, таърих, забон ва адабиёт табдил дода шуд. Филиали Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравиро академик [[Евгений Павловский]] роҳбарӣ менамуд, ки ӯ дар барқарор ва пешрафти илм дар Тоҷикистон хидматҳои зиёде кардааст.
 
Бо Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳодди Шӯравӣ аз 9 октябри соли 1950 дар асоси Қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд<ref>{{БСЭ3|заглавие=Академия наук Таджикской ССР}}</ref>. Ба ҳайати он муассисаҳои илмии зерин дохил карда шуданд: Институти геология, Институти химия, Институти сейсмология, Институти ботаника, Институти зоология ва паразитология, Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия, Институти зотпарврӣзотпарварӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Институти забон ва адабиёт, Расадхонаи астрономӣ, Шуъбаи пахтапарварӣ, Шуъбаи фалсафа ва Шуъбаи иқтисодиёт.
 
Ба ҳайати Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 3 академики ифтихорӣ [[Алекасандр Несмеянов]], [[Евгений Павловский]], [[Қаниш Сатбоев]], 11 академик [[Садриддин Айнӣ]], [[Мирзо Турсунзода]], [[Антипов-Каратаев, Иван Николаевич|Иван Антипов-Каратаев]], [[Бобоҷон Ғафуров]], [[Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов]], [[Семён Плешко]], [[Александр Семёнов]], [[Николай Смолский]], [[Сороҷон Юсуфова]], [[Ҳикмат Юлдошев]], [[Александр Якубовский]] ва 14 аъзои вобаста дохил шуданд<ref name=":0">{{Cite web|url=https://anrt.tj/tj/dar-borai-akademiya/ma-lumoti-ta-rikh|title=Маълумоти таърихӣ|website=anrt.tj|publisher=АМИТ|accessdate=2023-02-03}}</ref>.