Газ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
 
Сатри 23:
Хосияти электрии газ ба ионнокшавии молекулаву атомҳо, яъне, дар газ пайдо шудани зарраҳои зарядноки электрӣ (ионҳо ва электронҳо) вобаста аст. Ҳангоми вуҷуд надоштани зарраҳои заряднок газ диэлектрики хуб мебошад. Бо афзоиши ҷамъшавии зарраҳои заряднок қобилияти электргузаронии газ меафзояд. Қобилияти электргузаронии газҳо ба омилҳои гуногуни физикӣ вобаста аст. Дар ҳарорати баланд (ҳазорҳо дараҷа) ҳар кадом газ қисман ионнок шуда, ба плазма табдил меёбад. Дар сурати дар плазма камтар ҷамъ шудани зарядҳо хосияти он аз хосияти гази муқаррарӣ кам тафовут дорад.
 
Аз рӯи хосияти магнитӣ газҳо диамагнитӣ (газҳои инертӣ, H<sub>2</sub>, N<sub>2</sub>, CO<sub>2</sub>, H<sub>2</sub>ОO) ва парамагнитӣ (ОO<sub>2</sub>) мешаванд. Молекулаи газҳои диамагнитӣ лаҳза (момент)-и магнитии доимӣ надорад (ба он фақат зери таъсири майдони магнитии берунӣ соҳиб мешавад). Газҳои молекулаашон иборат аз моменти магнитии доимӣ дар майдони магнитии беруна хосияти парамагнитӣ зоҳир менамоянд. Дар илми физика на фақат яке аз ҳолатҳои агрегатии модда, балки маҷмӯи электронҳои озоди филиззҳо (гази электронӣ), фононҳои гелии моеъ (гази фононӣ) ва ғ. низ газ номида мешавад.
 
== Конҳои гази Тоҷикистон ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Газ"