Санҷай Датт: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х робот илова карда истодааст: ja:サンジェイ・ダット
Xqbot (баҳс | ҳисса)
х робот илова карда истодааст: nl:Sanjay Dutt; косметические изменения
Сатри 7:
|Вазифа=
}}
Санҷай Датт ([[29 июл]], [[1959]] — ) (Sanjay Dutt) - писари ҳунарпешаи машҳури мусулмон [[Наргис]] ва Сунил Датт мебошад. Сунил Датт низ дар ибтидо ҳунарпеша ва коргардон будааст. Ӯ баъдтар ба сиёсат машғул мешавад, вале аз сабаби дасисакории рақибони сиёсияш маҷбур мешавад арсаи сиёсатрро тарк намояд. Санҷай Датт [[29 июл]]и соли [[1959]] ба дунё омадааст. Санҷай дар оила фарзанди аввалӣ буд. Волидайн кӯшиши он мекарданд, ки Санҷай аз хурдсолияш ба санъати синамо рӯй оварад ва барои ин ҳама шароитҳоро фароҳам меоварданд.
Филми "Рокки”-ро ([[1981]]) махсус барои ӯ таҳия карданд ва аз он умедҳои калон доштанд. Вале вақте ки филм дар байни тамошобинон шӯҳрат пайдо накард ва ҳама донистанд, ки нигоҳи хоболудонаи Санҷай аз истеъмоли маводи мухаддар аст, дар ҷодаи синамо роҳ ба ӯ баста шуд. Дар ҷои ӯ дӯсти беҳтаринаш ва оянда шавҳари хоҳараш [[Гаурав Кумар]] бо филми "Ривояти ишқӣ” омад. Карйераи Санҷай оғоз наёфта, ба поён рафт.
Сатри 15:
Даврони хуше барои Санҷай Датт сар шуд: Ӯ ба Рича Шарма хонадор шуд ва соҳиби духтар Тришала гардид. Коргардонҳо акнун ӯро ба нақшҳои ҷолибу арзанда даъват мекарданд. Филмҳои беҳтарини бо иштироки Санҷай Дат: "[[Таъқиб]]” ва "Дӯстдошта”: "Таъқиб” ва "Дӯстдошта” дар ин давра ба навор гирифта шудаанд. Олам дар назари ӯ ба ранги дигар ҷилва кард. Вале боз чанде пас бахт аз ӯ рӯй тофт... Ҳангоми наворгирии филми “[[Қасос]]” ([[1993]]) дар [[Маврикий]] Санҷайро барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа айбдор донистанд ва чун тайёраи онҳо ба [[Ҳиндустон]] фуруд омад, ӯро ҳабс карданд...
 
Баъд аз даводаву кашмакашҳои зиёди судӣ ӯро озод карданд. Санҷай ба саҳна баргашт ва нақшофариниро давом дод. Вале додгоҳ ӯро айбдор донист ва 15 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Пас аз ба озодӣ баромадан, Санҷай дар давоми ду моҳ худро ҷисман ва рӯҳан тайёр кард. Ӯ ба ҳамагон исбот кардан мехост, ки на марги ашхоси наздик ва на маҳбас бовариро ӯро ба худ аз байн бурда наметавонанд...
 
Боз филмҳои машҳур бо иштироки ҳунарманди аллакай овозадор ба экранҳо баромаданд ва чунин менамуд, ки дигар Санҷайро ояндаи хуше интизор аст. Вале қисмат ин дафъа низ ба ӯ бевафоӣ кард ва завҷааш Рича аз саратони мағзи сар вафот кард. Баъд аз панҷ соли марги Рича Санҷай оилаи нав барпо кард. Ӯ ба дӯсти деринааш Рҳея хонадор шуд.
Сатри 33:
[[ml:സഞ്ജയ് ദത്ത്]]
[[mr:संजय दत्त]]
[[nl:Sanjay Dutt]]
[[pl:Sanjay Dutt]]
[[ru:Датт, Санджай]]