Давлати Ғазнавиён: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х робот илова карда истодааст: lv:Gaznevīdu impērija
Xqbot (баҳс | ҳисса)
х робот ҳaвз карда истодааст: pt:Império Gaznávida; косметические изменения
Сатри 2:
'''Давлати Ғазнавиён''' ('''Салтанати Ғазнавиён''') — давлатест, ки дар солҳои [[977]]—[[1186]] дар ҳудуди [[Осиёи Марказӣ]] ва [[Ҳиндустон]]и шимолу ғарбӣ арзи вуҷуд дошт ва дар он сулолаи [[Ғазнавиён]] ҳукмронӣ кардаанд.
 
== Таърих ==
 
Асосгузори давлат сарлашкари туркнажоди [[Сомониён]] Алптегин буд, ки бар зидди хӯҷаинони худ баромада, дар ҳудуди [[Афғонистон]]и кунунӣ давлати мустақилеро бо марказаш шаҳри [[Ғазнин]] (Ғазна) барпо кард. Айёми гулугулшукуфии давлат ба даврони ҳукмронии [[Сабуктегин]] [[977]]—[[997]] ва [[Маҳмуди Ғазнавиӣ]] [[998]]—[[1030]] рост меояд. Баъд аз марги Маҳмуд давлат рӯй ба таназзул ниҳод. Ворисони ӯ музофотҳои кишварро паси ҳам аз даст медоданд. Ҳанӯз дар давраи Масъуди I Хоразм аз даст рафт. Ҳокимони [[Қарахониён|қарахонии]] Мовароуннаҳр заминҳои болооби [[дарёи Амударё|Амударёро]] забт карданд. Баъд аз [[муҳорибаи Дандонакон]] [[1040]] бо [[Салҷуқиён]] дар ҳудуди давлат танҳо қисми Афғонистон ва [[Панҷоб]] боқӣ монд. Зарбаи охирин ба давлати Ғазнавиён аз тарафи [[Ғӯриён]] зада шуд, ки дар охирҳои солҳои 70-уми асри XII онҳоро ба шимоли Ҳиндустон ронданд. Пойтахти нави давлати Ғазнавиён шаҳри [[Лоҳур]] шуд. Баъд аз забт шудани Лоҳур аз тарафи Ғӯриён дар соли [[1186]] давлати Ғазнавиён аз байн рафт.
 
== Сиёсат ==
 
Асоси сиёсати берунии ҳукмронҳои аввалини Ғазнавиёнро ғасби заминҳои мамолики ҳамсоя ташкил медод. Дар натиҷаи ин гуна забткориҳо то соли 1030 ба давлати Ғазнавиён ҳудуди кунунии Афғонистон, баъзе вилоятҳои [[Эрон]], қисми [[Мовароуннаҳр]] ва [[Хоразм]], музофотҳои шимолӣ ва шимолу ғарбии Ҳиндустон дохил шуд. Вале истилогариҳо ба суст шудани давлат оварда расонданд. Иқтисодиёти давлат хароб шуд.
 
== Фарҳанг ==
 
Дар даврони авҷи тараққиёти худ, султонҳои Ғазнавӣ ба рушди илму фарҳанг диққат медоданд. Дар дарбори [[Ғазнин]] ва дигар шаҳрҳо олимону шоирони машҳур кор ва фаъолият мебурданд ([[Берунӣ]], [[Утбӣ]], [[Абулфазл Байҳақӣ]], [[Гардезӣ]], [[Фирдавсӣ]] ва ғ.).
 
== Иқтисодиёт ==
 
Азбаски соҳаи асосии сиёсати давлат забти заминҳои ҳамсоя буд, ба кишоварзӣ аҳамияти ҳамаҷониба дода намешуд. Иқтисодиёт нисбат ба замони [[Сомониён]] поён рафт. Ҳаҷми савдо ва додугирифт бо мамолики хориҷа кам шуд.
 
== Сулола ==
 
Нигаред ба мақолаи [[Ғазнавиён]]
Сатри 59:
[[pl:Ghaznawidzi]]
[[ps:د غزنويانو امپراطوري]]
[[pt:Império GaznavidaGaznávida]]
[[ru:Газневидское государство]]
[[simple:Ghaznavid Empire]]