Қатрони Табрезӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х робот илова карда истодааст: az:Qətran Təbrizi, fr:Qatran Tabrizi ҳaвз карда истодааст: fa:قطران تبریزی
No edit summary
Сатри 10:
 
'''Қатрони Табрезӣ''' - Абу Мансур Қатрони Табрезӣ [[шоир]]и қасидасарои асри XI аст.
Чунон ки [[Носири Хисрав]] дар «Сафарнома»-аш қайд кардааст, ӯ дар [[Табрез]] Қатронро дида, зимни мулоқот бо хоҳиши ӯ баъзе мушкилоти девони Мунҷиқи Тирмизиро ташреҳу маънидод намудааст.
 
Шоир тахминан соли 1072-1073 милодӣ вафот кардааст.
 
Қатрони Табрезӣ шоири озаринасли форсу тоҷик аст. Дар зодгоҳаш таҳсил карда, пас аз касби камол ба шеърнависӣ сар кардааст. Муддате дар хидмати хукмрони [[Ганҷа]] буд. Қатрон бо Носири Хисрав, ки 28-уми августи соли 1046 ба Табрез расид, мулоқот кардааст. Бино ба маълумоти Носири Хисрав Қатрон «шеъри нек мегуфт, аммо забони форсӣ некӯ намедонист», пеши вай омада, девони Мунҷақӣ, Дақиқиро мехондааст, «ҳар маънӣ ӯро мушкил бувад» аз ӯ пурсида, шарҳашро менавиштааст. ӯ пайваста девонҳои шоиронро аз бар намуда, тамоми луғат ва шарҳи маъниҳоро бо пурсуҷӯ омӯхта, барои худ луғатномае бо унвони «Тафосир фил луғотилфурс» тартиб додааст.
 
Дар натиҷаи чунин омӯзиш услуби зимнию дохили шеъраш бо услуби мактаби шеъру шоирии Рӯдакӣ ва муосирони ӯ хеле наздик ва ҳатто монанд гардидааст. Ба ин сабаб пас аз ноёб шудани девони Рӯдакӣ ашъори Қатронро ба ӯ нисбат додаанд ва соли 1897 дар Теҳрон ба унвони «девони Рӯдакӣ» китобе чоп шуд, ки асосан аз ашъори Қатрон иборат аст. Ҳоло дар илми адабиётшиносӣ ин масъала то андозае равшан гардида, мероси Қатрон ба номаш муқаррар шудааст. Девони ашъори Қатрон аз қасоид, таркиббанд, қитъаву ғазал ва рубоӣ иборат аст. Аксари қасоиди ӯ равону содда суруда шуда, шоир ба мавзӯъҳои ахлоқию иҷтимоӣ диққат додааст. Дар баъзе қасоиду қитъа шоир ба такаллуф ва санъатҳои лафзӣ эътибор додааст.