Портал:Таърих/Зиндагиномаи барҷаста: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Аббос Алиев''' - вазири аввалини маорифи Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон. Солхои хаёт [[1899]]-[[1958]]. Иштирокчии сарнагун намудани аморати [[Бухоро]] соли [[1920]]. Соли [[1922]] Каҳрамони Ҷумхурии Халқии Бухоро.Солҳои [[1924]]-[[1927]] назири маорифи ва аъзои Ҳукумати ҶМШСТоҷикистонҶМШС [[Тоҷикистон]].Солҳои таҳсил дар Институти шарқшиносии ш. Москва. Солҳои [[1933]]-[[1935]] аввалин профессори тоҷик дар Донишгоҳи Осиёимиёнагии ш.Тошкент. Солҳои 1935-1939 бадаргашавӣ (дар натиҷаи тӯҳмати милатгароёни ӯзбек) ҳамчун "миллатчии буржуази".Солҳои [[1939]]-[[1947]] профессори Донишкадаи омузгории ш. [[Душанбе]]. Соли [[1947]] сохиб шудан ба унвони илмии дактори илми таърих - аввалин доктори илм аз байни точикон. Солҳои [[1948]]-[[1958]] тарк намудани Точикистон ва фаъолият дар мактабхои олии Бишкек,Владикавказ,Алмаато. Дар ш. Алмаато соли 1958 дафн карда шудааст.
 
Ахмади Махдуми Дониш (Кала) с. 1826-1897 дар Бухоро оилаи мулло Носир ба дунё омадааст. Дар мадраса мустахкилона фанхои табибиёт, риёзиёт, нучум, таърих, фалсафаи табии ва адабиёти форсиро омухтааст. Ба дарбори амир хамчун хатот ва накош кор карда хамчун донишманд шухрат пайдо кардааст.
Соли 1857 А. Дониш ба хайати сафорати амири барои муборакбодии ба тахт нишастани шох Александри II дохил карда мешавад Дар Петербург ба гайр аз вазифаи котиби, боз аз вазъи иктисодию сиёсии Русия дар давоми ду мох шинос мешавад, ва ба ахли дарбор баъди бозгаштан ахборот додааст.
Бори дуюм, А.Дониш солхои 1869-1870 ба Петербург сафар намудааст. Ин дафъа амир Музафар бо максади сабуктар намудани шартхои сулхномаи 23 июли с. 1868 сафораташро фиристода буд.
Дар ин сафар А.Дониш сохиби боварии ахли дарбори подшохи Русия гардидааст. Амир Музафар чунин муваффакияти А.Донишро ба назар гирифта ба вай унвони фахрии илмии дарбори «урок»-ро дода яке аз мансабхои дарбориро пешниход намуд. Вале, А.Дониш аз мансаби пешниход шуда даст кашид ва зарур шуморид, ки андешахояшро оиди тарзи давлатдори ба калам дихад.
Солхои 1870-1873 рисолаи бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-ро хамчун барномаи ислохоти чиддии тарзи давлатдори дар аморат навишт.
А.Дониш чори намудани вазоратхо ва мачлиси машварати, махдудияти хукуки амир дар асоси Конститутсия ва муносибати давлатдоронро бо халк батафсил баён намудааст. Вай дар бораи подшохи одил ва адолатхох андешарони намуда шартхои онро пешниход кардааст.
У ин рисоларо ба амир Музаффар пешниход карда шарт мегузорад, ки танхо дар сурати кабул гардидани он дар кори идораи амири кор мекунад. Амир баъди сафари сеюми А.Дониш бо сафорати амири с. 1874-1875, ки максадаш изхори шуърбанди Музафархон ба муносибати додани сохили рости Амударё буд аз дарбор карда мешавад. Уро ба Гузор ва Нахрнай кози таъин мекунанд.
А. Дониш дар муддати 15 сол «Наводио ул Вакоеъ» шохасари худро ба охир расонид (с. 1875-1890)
Дар асари худ А.Дониш кафомондагии маориф ва фарханг, симои манфури табакахои хукумронро танкид намудааст.уро дар надонистани асосхои ислом ва фалсафаи он тайбдор намуданд.ЧавобанА.Дониш асари «Меъёр-ут-тадайкон»-ро с. 1894 дониши васеи худро доир ба фалсафаи дин исбот менамояд.