Фарқият байни намунаҳои "Аҳмади Дониш"

no edit summary
 
Аҳмади Дониш тахминан соли 1855 ба дарбори [[амир Насрулло]] кашида мешавад ва меъмору муҳандиси дарбор таъин мегардад. Соли 1857 Аҳмади Дониш дар ҳайати элчии аморати Бухоро ба [[Петербург]] меравад. Соли 1869 баъди аз забт шудани Осиёи Миёна аз тарафи [[Русия]], маротибаи дуюм Дониш ба Петербург сафар мекунад. А.Дониш дар ин сафараш тараққиёти давлати русро нағз меомӯзад. Орзуи ин шоир ин буд, ки Бухорои феодалӣ низ чунин мамлакати тараққикарда барпо карда шавад.
 
Дар охир аз [[дарбор]] дур шуда, солҳои 1875 - 1882 "[[Наводирулвақоеъ]]"-ро менависад.Дар он дар бораи сафараш ба Петербург навиштааст. Аҳмади Дониш соли [[1897]] дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.
Дониш аз худ мероси адабӣ ва илмӣ боқи гузоштааст. Аз ҷумла асархои "Манозирулқавокиб", "Рисола фи аъмолилқурра", "Таодули хамсаи муттахайира", "Наводирулвақоеъ" ва ғайраҳо.
 
 
Ахмади Махдуми Дониш (Кала) с. 1826-1897 дар [[Бухоро]] оилаи мулло Носир ба дунё омадааст. Дар мадраса мустахкилона фанхои табибиёт, риёзиёт, нучум, таърих, фалсафаи табии ва адабиёти форсиро омухтааст. Ба дарбори амир хамчун хатот ва накош кор карда хамчун донишманд шухрат пайдо кардааст.
 
Соли 1857 А. Дониш ба хайати сафорати амири барои муборакбодии ба тахт нишастани шох Александри II дохил карда мешавад Дар Петербург ба гайр аз вазифаи котиби, боз аз вазъи иктисодию сиёсии Русия дар давоми ду мох шинос мешавад, ва ба ахли дарбор баъди бозгаштан ахборот додааст.
Бори дуюм, А.Дониш солхои 1869-1870 ба Петербург сафар намудааст. Ин дафъа амир Музафар бо максади сабуктар намудани шартхои сулхномаи 23 июли с. 1868 сафораташро фиристода буд.
 
Дар ин сафар Аҳмади Дониш соҳиби боварии аҳли дарбори подшоҳи [[Русия]] гардидааст. Амир Музафар чунин муваффақияти Донишро ба назар гирифта ба вай унвони фахрии илмии дарбори «урок»-ро дода яке аз мансабҳои дарбориро пешниҳод намуд. Вале, Дониш аз мансаби пешниҳод шуда даст кашид ва зарур шуморид, ки андешаҳояшро оиди тарзи давлатдорӣ ба қалам дихад.
 
Солҳои [[1870]]-[[1873]] рисолаи бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-ро ҳамчун барномаи ислоҳоти ҷиддии тарзи давлатдорӣ дар аморат навишт.
 
Аҳмади Дониш чори намудани вазоратҳо ва маҷлиси машваратӣ, маҳдудияти ҳуқуқи амир дар асоси Сарқонун ва муносибати давлатдоронро бо халқ батафсил баён намудааст. Вай дар бораи подшоҳи одил ва адолатхоҳ андешарони намуда шартҳои онро пешниҳод кардааст.
 
Ӯ ин рисоларо ба амир Музаффар пешниход карда шарт мегузорад, ки танҳо дар сурати қабул гардидани он дар кори идораи амирӣ кор мекунад. Амир баъди сафари сеюми Аҳмади Дониш бо сафорати амири солҳои [[1874]]-[[1875]], ки мақсадаш изҳори шӯърбанди Музафархон ба муносибати додани соҳили рости Амударё буд аз дарбор карда мешавад. Ӯро ба Гузор ва Нахрнай қозӣ таъин мекунанд.
 
Аҳмади Дониш дар муддати 15 сол «Наводио ул Вакоеъ» шохасари худро ба охир расонид (с. 1875-1890)
Дар асари худ Дониш қафомондагии маориф ва фарҳанг, симои манфури табақаҳои хукумронро танқид намудааст. Ӯро дар надонистани асосҳои [[ислом]] ва фалсафаи он айбдор намуданд. Чавобан Аҳмади Дониш асари «Меъёр-ут-тадайкон»-ро соли [[1894]] дониши васеи худро доир ба фалсафаи дин исбот менамояд.
 
 
{{bio-stub}}
Anonymous user