Гурӯҳ:Мактабҳои олӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ивазкунии саҳифа бо 'Феҳристи мактабҳои олӣ'
Сатри 1:
Феҳристи мактабҳои олӣ
===Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат===
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат яке аз падидаҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз соли 1991, дар тӯли фаъолияти худ баҳри хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мутахассисони баландихтисосро тайёр намуда, дар пешрафти иқтисодиёту илм ва фарҳанги кишвар саҳми арзанда гузошта истодааст. Донишкада бо қарори Девони Вазирони ИШҶС №530 аз 29.07.1991 ва бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон № 226 аз 2 сентябри соли 1991 таъсис ёфтааст. Сарпарасти донишкада Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақоми донишкада мактаби олии бисёрҷабҳа буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии АУ №000070 аз 4 сентябри соли 2003, АУ №000099 аз 26 марти соли 2004 ва АУ № 0000392 аз 22 июни соли 2007 оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи маълумоти олии касбӣ ва шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии ИА №000011 аз 30 июли соли 2004, №11 мебошад. Донишкада узви Академияи илмҳои байналмилалии макотиби олӣ, Ассотсиатсияи муассисаҳои таҳсилотии «Ednet», Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳо «Tarena» мебошад. Дар аввали фаъолият, соли таҳсили 1991-1992 дар донишкада 3 кафедра амал мекард, ки дар онҳо 2 доктори илм ва 19 номзадони илм, аз ҷумла 2 нафар занҳо ба фаъолияти илмӣ-педагогӣ машғул буданд, ки аз онҳо танҳо 6 нафарашон кормандони доимӣ буданду халос. Он соли таҳсил дар донишкада аз рӯи 4 ихтисос (иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо, санъати ороишӣ-амалӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, технологияи матоъ ва кешбофӣ) 88 нафар донишҷӯён дар шӯъбаи рӯзона таҳсил менамуданд. Дар соли аввали фаъолият донишкада дорои як бинои таълимӣ бо 17 синфхонаҳо буда, фонди умумии китобхонаи илмии он 1012 нусха китобро дарбар мегирифт.
То соли 2009 донишкада зиёда аз 3000 нафар мутахассисони маълумоти олидорро тайёр намудааст.
Соли 2006 донишкада Иҷозатнома (Литсензия ) –и Вазорати Маорифи Ҷумхурии Тоҷикистонро (АУ №0000303 аз 26.10.2006) оиди фаъолияти аспирантура, аз рўи ихтисосҳои 08.00.01 – назарияи иқтисод, 08.00.05 – иқтисод ва идораи хоҷагии халқ, 08.00.13 – усулҳои инструменталӣ ва риёзии иқтисодӣ, 05.13.18 – тарҳрезии риёзӣ, усулҳои ададӣ ва комплекси программаҳо муттахассисони илмӣ – педагогӣ тайёр менамояд.
Имрўз дар сохтори донишкада се факулта фаъолият доранд:
- Хизмати молиявӣ;
- Соҳибкорӣ ва менеҷмент;
- Туризм ва меҳмоннавозӣ.
Дар се факулта, раванди таълиму тарбияро 12 кафедра ба ўхда доранд, ки дар ҳайати онхо 174 нафар кормандони илмӣ-падогогӣ кор мекунанд. Аз он ҷумла, 131 нафаршон устодони доимӣ, 16 нафар докторони илм ва 49 нафар номзадҳои илм ба донишҷўён таълим медиҳанд..
Айни ҳол донишкада дорои чор бинои таълимӣ бо 72 синфхона ва 2246 ҷойи нишаст мебошад Дар хизмати донишҷўён ва устодони донишкада 184 компютери пайваст ба шабакаи Интернет қарор дорад. Умуман дар донишкада 258 копютер дар таълиму тарбия мавриди истифода қарор дорад. Аз 72 синфхона, 7-тоаш синфҳонаҳои компютерӣ, 21 кабинетҳои фаннӣ ба як тоаш лабораторияи фаъолияти гумрукӣ мебошад.
Инчунин, дар хизмати донишҷўён китобхонаи электрони бо ду қироъатхонаи дорои 100 ҷои нишаст, ду стадион ва толори варзиш, ошхона, ду қаҳвахона, ду маѓозаи китобфурўшӣ, бунгоҳи тиббӣ, толори маҷлисгоҳ, маркази информатсионӣ- комуникатсионӣ ва хобгоҳи хозиразамон муҳаё аст.
Дар донишкада Маркази информатсионӣ-комуникатсионӣ фаъолият мекунад, ки он дорои нашриёт ва матбаа аст. Дар инчо китобу дастури таълимии устодон, рузномаи «Соҳибкор», маҷаллаи илмии «Паём» ва диг. нашр мешаванд.
 
===Раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат.===
• Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат.
Комилов Файзалӣ Саъдуллоевич.
• Шӯрои олимон.
Иттилоот ва ҳайати Шӯрои олимон.
• Қисми таълим ва тарбия.
Иттилоот ва ҳайати Қисми таълим ва тарбия.
• Қисми илм ва робитаҳои байналмилалӣ.
Иттилоот ва ҳайати Қисми илм ва робитаҳои байналмилалӣ.
----------------------------------------------------------------------------
===Проректорони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат.===
• Проректор оид ба корҳои таълим ва тарбия
Исмоилов Абдураҳим Аҳмадович.
• Проректор оид ба кори илм ва робитаҳои байналмилалӣ
Аҳмадов Саид Аҳмадович.
------------------------------------------------------------------------------
==Факултаҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат.===
• Факултаи «Хизмати молиявӣ»
• Факултаи «Соҳибкорӣ ва менеҷмент»
• Факултаи «Туризм ва меҳмоннавозӣ»