Санҷай Датт: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
Санҷай Датт (Sanjay Dutt) - писари ҳунарпешаи машҳури мусулмон [[Наргис]] ва Сунил Датт мебошад. Сунил Датт низ дар ибтидо ҳунарпеша ва коргардон будааст. Ӯ баъдтар ба сиёсат машғул мешавад, вале аз сабаби дасисакории рақибони сиёсияш маҷбур мешавад арсаи сиёсатрро тарк намояд. Санҷай Датт [[29 июл]]и соли [[1959]] ба дунё омадааст. Санҷай дар оила фарзанди аввалӣ буд. Волидайн кӯшиши он мекарданд, ки Санҷай аз хурдсолияш ба санъати синамо рӯй оварад ва барои ин ҳама шароитҳоро фароҳам меоварданд.
Филми "Рокки”-ро ([[1981]]) махсус барои ӯ таҳия карданд ва аз он умедҳои калон доштанд. Вале вақте ки филм дар байни тамошобинон шӯҳрат пайдо накард ва ҳама донистанд, ки нигоҳи хоболудонаи Санҷай аз истеъмоли маводи мухаддар аст, дар ҷодаи синамо роҳ ба ӯ баста шуд. Дар ҷои ӯ дӯсти беҳтаринаш ва оянда шавҳари хоҳараш [[Гаурав Кумар]] бо филми "Ривояти ишқӣ” омад. Карйераи Санҷай оғоз наёфта, ба поён рафт.
 
Вале тақдир боз ба ӯ зарбаи дигаре зад– модари азизаш аз бемории саратон вафот кард. Баъд аз ин Санҷай роҳи гурез аз дарду ҷафоро дар ҳероин дид ва ба истеъмоли он пардохт. Ӯ аз ҳама канор меҷуст ва боре кӯшиши худкушӣ низ намудааст. Вале баъдтар дарк мекунад, ки бояд аз банди нашъа раҳоӣ ёбад ва ба беморхонае муроҷиат мекунад. Санҷай Датт дар он ҷо табобат ёфта боз ба саҳна бар мегардад. Коргардон [[Маҳеш Бҳатт]] ӯро ба филми худ - "Ном” даъват мекунад ва ин филм ба Санҷай шӯҳрат меорад.