Фориғ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: ==Тарҷумаи ҳол== Фориғ аз шоирони асри XIX-и тоҷик буда, бо вуҷуди мавҷудияти девонаш дар сарчашма...
(бе тафовут)

Нусха 08:57, 7 июни 2010

Тарҷумаи ҳол

Фориғ аз шоирони асри XIX-и тоҷик буда, бо вуҷуди мавҷудияти девонаш дар сарчашмаҳо оид ба вай маълумоте дода нашудааст. Дар баъзе шеърҳои ӯ деҳаҳои дар наздикии Варзоб ва Ҳисор буда ёдовар мешавад. Шояд дар ҳамин ҷо таваллуд шуда бошад. Фориғ дар Марғилон ва Бухоро ба таҳсили илм шуғл варзидааст. Девони шоир аз ғазал, қасида ва мухаммас иборат аст.


Аз ғазалиёт

:Агар дар сахфаи дил дошти хатти чудоиро
:Чаро карди ба аввал шеваи гармошноиро?
:Сабокомузи дарси ишк хар нодон намегардад,
Магу бо мурдатабъон нуктаи сарди хавоиро.
Чунунат хар кадар по дар шикаст найранг меорад,
Бигир аз санги тифлони хаводис мумиёиро.
Бинои як шарар хошоки умратро бисузонад.
Дар ин води макун харгиз ту арзи худнамоиро.
Зи бахти тира то кай хасратолуди хавас гаштан?
Ба равган бар сари ман сояи боли хумоиро.
Ба базми ахли маъни ой, эй мах, бехичобона
Бигир аз софтабъон бодаи ноби расоиро.


Шитоби махмили хасти гарам дар ёд меояд,
Ҷарасосо зи хар харфам лаби фарёд меояд.
Ба сахтихои даврон кардаанд хори сияхбахти,
Ки тархи хонаи сангин кавибунёд меояд.
Ба шавки офтобе мекушоям боли уммеде,
Ки аз чуши тапидан зарраам барбод меояд.
Ба шухратгохи гети нест чуз номи лаби Ширин,
Хануз аз чонканихо хасрати Фарход меояд.
Ба ранги дигар омад аз либоси шаб аруси мехр,
Магар он навчавони олами эчод меояд?
Ту, эй сарв, аз надомат бар лаби чу то ба кай боши.
Ба сайри боги хуби нахли он шамшод меояд.
Чи сози вахми тахкики дахони бенишони у,
Ки арзи як тааммул сад хазор эрод меояд.
Бишу, Фориг, зи худ дасти умеду гушае биншин,
Ки ин дам он бути мардафгани бедод меояд.
Бе лаби лаълат бимонад гунча дар гулзор зор,
Гашта сарв андар лаби чуйи кадат чун хор хор.
Оташи гайрат саропо шамъсон сузад маро,
Гар бубинам ногах андар махфили агёр ёр.
Шамъи тарсое, ки ман дорам ба андози нигох,
Зохид онро афганад бар гардани зуннор нор.
Богбон аз рангу буйи он чаман гофил мабош,
Нахли икболат дихад аз меваи идбор бор.
Сокиё, дар базми имкон аз майи васли бутон,
Катрае дар чураам з-он согари саршор шор.
Фориг, аз занчири зулфи кофараш эмин мабош,
Печад аз афсуни у дар пойи хар бемор мор.
Дил асири шикани турраи гесуи ту буд,
Дида махви нигахи масти чафочуйи ту буд.
То кунам фикри тамошои махи руйи туро,
Чун хилолам сари андеша ба зонуи ту буд.
Обу ранги чаман аз бахри чи овард бахор,
К-ин асархо хама тамсили гули руйи ту буд.
То фитодам ба сари рохи ту чун соя ба хок,
Сачдагохам хами мехроби ду абруйи ту буд.
Бо парешонии хотир ба гулистон сунбул,
Чокхо бар дилаш аз силсилаи муйи ту буд.
Тапиши домани чуръат зи ду олам барчид,
Чун нафас матлаби ман саъйи такупуи ту буд,
Шаш чихат дар талаби шавки висолат Фориг,
Гар равад хар тараф аз хеш, рахаш суйи ту буд.
Боз охир бар сари мо мочаро хохад шудан,
Риштаи афъоли мо бо мо бало хохад шудан.
Корвони умрро ин аст агар сомони кор,
Хастии мо бетакаллуф бори мо хохад шудан.
Гар ба ин вомандаги дасте нагирад пири дайр,
Пахлуи мо фарши накши буриё хохад шудан.
Шаб наёи гар ба махфил, бе рухат, эй рашки хур,
Хамчу шамъам сар ба чайби нашки по хохад шудан,
Бори хичронат чунин бошад, гар эй гул, баъд аз ин,
Пайкари гамдидаам кадди дуто хохад шудан.
Оламеро теги истигно сар андозад зи ноз,
То лаби лаълаш табассумошно хохад шудан.
Гарчи месозад гузар тегат зи фаркам хамчу барк,
Лек хунам бар кафат ранги хино хохад шудан.
Мужда бод, эй дил, ки дар айёми пастихои умр,
Нолаи мо дар кафи пири асо хохад шудан.
Як чахон аз хотирам занги кудурат рафтааст,
Сар ба сар оинаи дилхо сафо хохад шудан.
Гар ба ин шухист мижгонат ба касди бедилон,
Фориг аз торочи чашмат бенаво хохад шудан.
Ба хок афтодаву хору заифу зор ман бошам,
Хакиру бенавову хаставу афгор ман бошам.
Мусибатдидаву мотамкашида, хуни дил хурда,
Нахифу кулфатандуду ба мехнат ёр ман бошам.
Гарибу дарбадар чун об дорам сар ба пастихо,
Зи табъи соф чун оина дар зангор ман бошам.
Ба асри тирабахти соя парвардаи шомам,
Ба ранги чашми анчум то сахар бедор ман бошам.
Чу гандум синачокам з-осиёи чархи дунпарвар,
Зи ахди Одам аз чаннат бурун ночор ман бошам.
Зи сарафгандаги чун зулф хастам дар шикасти дил,
Агар кам менамоям дар назар, бисъёр ман бошам,
Саропо хайратам чун дидаи согар дар ин магфил.
Хуми базми мухаббатро лаби изхор ман бошам,
Ба такрори гунам чандон шумурдам субхаи хасти,
Ки гохи тавба чуши мавчи истигфор ман бошам.
Зи икболи гузори хичлатам Фориг чи мепурси,
Зи шарми худписанди мазхари агёр ман бошам.


Порча аз Мухаммас

Чавхари оина резад дар бари зангор гул,
То зи тимсолат дамонад муждаи дидор гул,
Карда умре дар хавоят синаро афгор гул,
Эй бахори хубиятро шашчихат дар бор гул,
Бе рухат бар дидаи ман менамояд хор гул.
То халида ханчари мижгони шухат пай ба пай.
Аз хаданги нола дорам захмхо дар дил чу най.
Мастии хиндуи чашмат рафта то аксои Рай.
Як нигах назораат пурчуши сад майхона май.
Як табассум, хандаат огуши сад гулзор гул.
Маркази даври фалак як халкаи паргори туст.
Дафтари хасти хате аз нусхаи изхори туст.
Шашчихат дар дидаи нурпарвари анвори туст,
Дар гулистоне, ки буйи ваъдаи дидори туст,
Мекунад оина чои барг аз ашъор гул.
Хайрати чашмат, ки ин дам интизори чилва нест,
К-аз сари мехру вафо сарват дучори чилва нест,
Комататро гарчи як му табъи бори чилва нест.
Дар хиромат кист гулчини бахори чилва нест?
Хок хам дорад ба сар аз гардани рафтор гул.
Чун раги чон халкаи зулфи ту дорад печу тоб,
Лаълат аз шури табассум карда дилхоро хароб,
Чанд гардад дидаам аз шавки дидорат пуроб.
То ба кай бошад тагофул дар саропоят никоб?
Дар дили як гунча натвон рехт ин микдор гул.
Дар такопуи висолат оламе мо мондаанд,
Хайрати дарси гирифтори зи руят хондаанд.
То нихоли орзуятро ба дил биншондаанд,
Бар рухи хар гулбун аз шабнам гулоб афшондаанд.
То зи хоби ноз гардад бар рухат бедор гул.
То бурун ори ба суйи сайри гулшан пойи ноз,
Мекашад кад аз хавои коматат болои ноз,
Чашмат аз афсунгари сар мекунад имои ноз,
Нест мумкин гар кунад дар арзи шухихои ноз,
Лоларуёнро арак беранг дар рухсор гул.
Дар чунин вакте ки яксар гашта сахро лолазор.
Хок хам гардида рангин чун кафи пойи нигор,
Рангхо аз чайби шухи сар кашида чун шарор,
Мезанад дар базми ахбоб аз такозои бахор.
Сояи дасти карам бар гушаи дастор гул.